ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 21 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 21 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БО КОРГАРОН АЗ БЕЛАРУС ИВАЗ КАРДАН МЕХОҲАД?

РУСИЯ РУСТАМ ЗАМОНОВРО БАРОИ “ҲАМКОРӢ БО ҲИЗБИ НАҲЗАТ” ИХРОҶ МЕКУНАД

БОЗДОШТИ ЯК “БОЕВИК” БАРОИ ҚАТЛИ 4 САРБОЗУ ЯК МИЛИСА ДАР СОЛҲОИ ҶАНГ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶАВОНОНИ ТОҶИК: ҲЕҶ ГОҲ БА ВАТАН ХИЁНАТ НАКУНЕД!

15 СОЛ ЗИНДОНИ БАХТИЁР БАРОИ 300 ҲАЗОР РУБЛ КУМАКАШ БА ЯК ГУРУҲИ ТЕРРОРИСТӢ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Ҳукумати Русия мехоҳад барои ҳалли мушкили камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи сохтмон коргарон аз Беларусро ҷалб кунад. Ин масъала рӯзи 20 май дар мулоқоти муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин бо муовини сарвазири Беларус Анатолий Сивак баррасӣ шудааст. Матбуоти Русия навишт, зоҳиран мақомоти Русия билохира ёфтанд, ки муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро бо кӣ иваз кунанд?

Сомонаи расмии ҳукумати Русия хабар дод, ки “дар оғози ҷаласа Марат Ҳуснуллин таъкид кард, ки имрӯз дар Русия мушкили камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи сохтмон пайдо шудааст ва масъалаи ҷалби нирӯи корӣ ба амалӣ сохтани лоиҳаҳои калидие, ба мисли марказҳои театриву фарҳангӣ дар Владивосток ва Калининград,  космодроми “Восточный” ва лоиҳаҳои дигар як масъалаи доғ ба шумор меравад. Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки дар муддати кӯтоҳтарин масъалаи ҷалби мутахассисони Беларусро ҳаллу фасл кунанд.”

Ёдовар мешавем, Русия моҳи марти соли 2020 марзҳояшро ба далели пандемияи коронавирус баст ва ин боиси камбуди шадиди нирӯи корӣ дар бисёре аз соҳоти аз нирӯи кори муҳоҷирон вобастаи иқтисоди ин кишвар, бахусус дар соҳаи сохтмон шудааст.Президенти Русия Владимир Путин низ рӯзи 8 май дар мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Русия дучори камбуди нирӯи корӣ шудааст ва ба муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ дорад.

Ахиран Александр Калашников, раҳбари Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН), ки умури зиндонҳои Русияро дар ихтиёр дорад, хостори  истифодаи нирӯи кори маҳбусон дар корҳое шуд, ки қаблан муҳоҷирони корӣ истифода мешуданд.

 Ба гуфтаи Калашников, аз  483 ҳазор маҳбусе, ки ҳоло дар зиндонҳои Русия адои ҳукм мекунанд,  188 ҳазор нафараш  ҳаққи гузаштан аз маҳбас ба корҳои ислоҳиро доранд.

хххххххххххххх

Рустам Замонов. Акс аз: https://vk.com/id339840956

Рӯзи 19 майи соли 2021 додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро бар асоси қисми аввали моддаи 18.8 КоАП Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош гунаҳкор кард ва ӯро 2 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми ихроҷаш аз Русияро баровард.

Хадамоти матбуоти муштараки додгоҳҳои Бошқирдистон бо истинод ба иттилоияи раёсати ФСБ ин ҷумҳурӣ хабар дод, ки мақомоти амниятӣ ин марди тоҷикро ба даст доштан ба расондани кумак ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) айбдор мекунанд. ҲНИТ як ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки дар ин кишвар ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои террористиву ифротӣ шомил карда шудааст.

Мақомоти Бошқирдистон исми муҳоҷири тоҷикеро, ки ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ айбдор мешавад, нашр накарданд, вале нашрияи русии “Коммерсант” аз манобеи худ маълум кардааст, ки ӯ Рустам Замонов ном дорад.Намояндагони ҲНИТ мегӯянд, дар бораи Рустам Замонов ва фаъолиятҳояш барои ин ҳизб чизе намедонанд.Баъди он ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар соли 2015 манъ шуд, роҳбарони ҳизб изҳор доштанд, ки ба хотири амнияти аъзо ва тарафдоронашон тамоми фаъолиятҳояшонро дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои СНГ, ки бо Душанбе қарордод дар бораи супурдани афроди таҳти ҷустуҷӯро доранд, қатъ мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар солҳои охир даҳҳо нафар аз тарафдорони ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои оппозитсияи тоҷик дар кишварҳои СНГ, бештар аз ҳама, дар Русия дастгир ва ба Тоҷикистон супурда шуданд.

Дар ҳафтаи ҷорӣ ин нахустин мавриди ихроҷи тарафдорони оппозитсияи тоҷик аз Русия нест.

Дар аввали ҳафта хадамоти матбуоти ФСБ ҷумҳури Саха (Ёқутистон)-и Русия хабар дод, ки як марди 47сола аз Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.  Ӯро барои 30 сол аз ҳаққии убури марзҳои Русия маҳрум кардаанд.

Мақомоти амниятии Ёқутистон гуфтанд, ки Р., с.т. 1974, ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия ба мақомоти муҳоҷират дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода, иштирокаш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби мухолифини исломиро пинҳон доштааст.

“Гуруҳи мусаллаҳро як хешованди ӯ, ки созмони террористӣ ташкил карда буд, роҳбарӣ мекард. Бо мақсади пинҳон доштани шахсияти худ, ҳамчунин аз тарси кашида шудан ба ҷаовбгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, Р. дар ивази пул ному насаби худро дар шиносномаи миллиаш иваз кардааст “, – гуфта мешуд дар иттилоияи ФСБ.Аммо шахсияти Р. ва ҳамчунин шахсияти он фармондеҳи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки Р. гӯё таҳти фармони ӯ меҷангид, ошкор карда нашудааст. Дар бораи сарнавишти ӯ баъди ихроҷаш ба Тоҷикистон маълумоте нест. 

Рӯзи 18 май ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” низ хабар дод, ки намояндааш дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав аз хона баромада, бедарак шудааст. Ҳамсафонаш тарс доранд, ки мабодо ӯро ба Тоҷикистон бурда бошанд.

хххххххххххххх

Мулло Абдулло

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милитсия як марди 50-солаи сокини ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзобро бо иттиҳоми даст доштан дар 5 куштори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, “номбурда, рӯзи 13-уми майи соли 1995 дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод бо пулемёти тамғаи “Калашников” чор сарбози қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар корманди ШВКД дар ноҳияи Нурободро ба қатл расонидааст.”
Нисбат ба марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 КҶ ҶТ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар иттиҳоми зидди ӯ ба куштори беш аз ду нафар иваз шавад, ба вай аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид хоҳад кард.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст.

Вале зоҳиран сухан дар бораи боздошти “боевик”-и собиқи оппозитсия меравад, чунки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод гуруҳи Мулло Абдулло Раҳимов амал мекард. Яке аз амалиётҳои бузурги ин гуруҳ шабехун ба корвони нирғҳои ҳукуматӣ дар моҳи майи соли 1995 дар Чорсада буд, ки дар натиҷаи он чанд нафар аз нирӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд.

Худи Мулло Абдулло соли 2000 дар пайи саркӯби гуруҳаш дар натиҷаи як амалиёти вижа тарки Тоҷикистон кард ва ба Афғонистон паноҳ бурд. Ӯ соли 2010 ба водии Рашт баргашт ва ҳамроҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ошӯби нави мусаллаҳонаро ба роҳ андохт. Амалиёти зидди онҳо қариб 8 моҳ давом кард. Алии Бедакӣ дар рӯзҳои аввали соли 2011 ва Мулло Абдулло моҳи апрели соли 2011 кушта шуданд.

xxxxxxxxxxxxxxxxxxxx

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 май дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони кишвар хитоб ба онҳо гуфт, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳушёр бошанд.

Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед. Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба аҳли толор.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз сӯиистифодаи фаровони гуруҳҳои террористиву ифротӣ аз фанновариҳои навин ва бахусус имконоти Интернет гуфт, “солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.”

Бино ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, дар вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло дар кишвар  дар 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 3 филиали мактабҳои олии Русия, як академия, Консерваторияи миллӣ, 4 муассисаи таълими мақомоти қудратӣ ва филиали Донишгоҳи технологӣ дар Исфара дар маҷмӯъ 245 ҳазор донишҷӯ, аз ҷумла 7 ҳазор нафар бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки донишҷӯёни тоҷик дар соли 2019 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори 251 медал гардидаанд.

Президенти Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ин ҳама ин аст, ки “насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд.” Зеро,  афзуд ӯ, “яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соли 2020 ҷавонон 4900 ҷиноят ва ноболиғон 754 ҷиноят содир кардаанд, ки ин арқом ташвишовар аст. Ӯ таъкид кард, ки дар аксар ҳолат ҷавонони бекор даст ба ҷиноят задаанд. Мояи дигари нигаронии президент пош хӯрдани оилаҳои ҷавон буд. Ӯ гуфт, дар 3 солу 4 моҳи охир дар Тоҷикистон 252 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, вале аз ин шумор 38 ҳазору 500 оилаи ҷавон пош хӯрдаанд, ки ин ба гуфтаи президент, “ниҳоят ташвишовар мебошад.”

ххххххххххххххххх

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исмоилов Бахтиёр Исломиддиновичро бо  ҷурми интиқоли беш аз 300 ҳазор рубл ба аъзои созмони террористӣ ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Додгоҳ Исмоиловро бар асоси қисми дуюми моддаи 179 (терроризм бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон) ва 187, қисми 2 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ) гунаҳкор шинохтааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, “дар рафти тафтишоти пешакӣ  ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Исмоилов Б.И., дидаю дониста, ки иштирок дар фаъолияти ин ташкилот ҷиноят эътироф гардида, фаъолияти он бо ҳалномаи Суди Олӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф ва манъ гардидааст, бо мақсади нишон додани садоқати худ дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Ватсап» бо номҳои мустаори «Бахтияр Исмаилов», «islomiddin ibragimovich» ва ғайра худашро ба қайд гирифта, тавассути шабакаҳои интернетии дар болозикршуда аз Идихони Рустам ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани амалҳои террористи дар қаламрави Федератсияи Россия тавсияҳо гирифта, ба воситаи корти «Сбербонк»-и Федератсияи Россия ба суратҳисоби аъзоёни ташкилоти мазкур дар давраҳои гуногун аз соли 2015 то соли 2021 маблағи зиёда аз 300.000 рубли Федератсияи Россияро гузаронидааст.”

Исми созмоне, ки Исмоилов барояш 300 ҳазор рубл кумак гузарондааст, дар гузориш зикр нашудааст, вале зоҳиран сухан дар бораи ДОИШ меравад.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар умум беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба доми мубаллиғони гуруҳҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтода, бархеаш ҳатто бо занону кӯдакони худ, ба қавле “хонахез” ба Сурияву Ироқ, ду кишвари ҷангзадаи  Ховари Миёна рафтаанд ва ба саффи созмонҳои террористие, чун ДОИШ пайвастаанд.

 Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, беш аз 500 нафар аз ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ кушта шуда, ҳоло 500 зану кӯдаки онҳо дар он ду кишвари ҷангзада дар боздошт қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон ҳоло талош доранд, то ин занону кӯдаконро ба Ватан баргардонанд.

ххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button