ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

АЗ ҚИРҒИЗИСТОН МУҲОҶИР МЕОВАРД: ЯК ТОҶИК ДАР СОЧИ БА ТАҲИЯИ АСНОДИ ҚАЛБАКӢ БАРОИ 158 МУҲОҶИР АЙБДОР МЕШАВАД

Додситонии кишвари Краснодар рӯзи 21 май хабар дод, ки муовини додситони ин минтақаи ҷануби Русия хулосаи айбдоркунӣ нисбат ба ду нафари муттаҳам ба ташкили будубоши ғайриқонунии 158 шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия ва сабти номи қалбакии онҳоро тасдиқ кард ва ин парванда барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Хостаи шаҳри Сочи фиристода шуд.

Ба зидди марди 34-солаи зодаи Тоҷикистон ва як зани 51-солаи сокини шаҳри Сочи бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия  – қисми дуюми моддаи 3221 УК РФ (ташкили вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия) ва 322(сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия) айб эълон шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Сочи зиндагӣ мекард, бо кумаки як зани маҳаллӣ ба Русия овардани 39 шаҳрванди Қирғизистонро ташкил карда, ҳамчунин 119 шаҳрванди Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украинаро сабти номи қалбакӣ кардаанд. Додситонӣ гуфт, аз фаъолияти ин ду нафар кормандони ФСБ ҷилавгирӣ кардаанд.

Акнун ба онҳо барои сабти ном қалбакӣ ҷарима ба маблағи аз 150 ҳазор то 500 ҳазор рубл ваё то 3 сол корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад. Аммо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷазо сангинтар аст: Онҳоро бар асоси моддаи 3221  метавонанд то 7 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Миллионҳо муҳоҷире, ки ҳар сол дар ҷустуҷӯи ҷои кори муносибтар худро ба Русия мезананд, барои қонунӣ кардани будубоши худ дар он кишвар маҷбуранд, ки ҳам сабти ном кунанд, аз чанд санҷиши тиббӣ гузаранд ва ҳам аз забони русиву таъриху фарҳанги Русия имтиҳон супурда, танҳо баъд барои фаъолияти корӣ патент бигиранд. Азбаски таҳияи аснод ҳам вақти зиёд мегирад ва ҳам барои муҳоҷирон, ки аксаран саводи кофӣ надоранд ва русиро ҳам хуб намедонанд, як раванди то ҳадде мураккаб аст, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба миёнаравҳо рӯ биоранд ва ба онҳо пули зиёд дода, умед ба  инсофи ин миёнаравҳо бубанданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button