ВидеоТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

АЗ НАҚШИ РАҲМОНУ НУРӢ ТО НАҶОТИ ГУЛРУХСОР: ЯК СОАТ СУҲБАТИ АСКАР ОҚОЕВ ДАР БОРАИ ҶАНГ ВА СУЛҲИ ТОҶИКОН (ВИДЕО)

Аскар Оқоев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон дар як мусоҳибаи муфассал бо хабаргузории “Спутник Қирғизистон” бархе ҷузъиёти музокироти сулҳи тоҷикон дар солҳои 90, аз ҷумла дар бораи мавзеъгириҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмону роҳбарони мухолифинаш Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва чӣ  гуна дар солҳои ҷанг ба хонаи ӯ дар Бишкек паноҳ овардани шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор қисса кардааст.

Аскар Оқоев, ки аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд ва ҳоло дар Русия ба сар мебарад, гуфт, вақте дар Тоҷикистон ҷанги хунини шаҳрвандӣ сар зад, ҳазорон нафар аз тоҷикон ба Қирғизистон паноҳ оварданд ва аз ҷумла худи ӯ дар хонааш ба шоираи тоҷик Гулрухсор паноҳ дод. “Мо ба хонаводаи худ шоираи бузург – Гулрухсор Сафиеваро қабул кардем. Замоне ба ҷони ӯ дар Тоҷикистон хатар таҳдид мекард, ӯро ба хонаи мо оварданд”, – гуфт Оқоев ва афзуд, ки ӯ бо Гулрухсор солҳои 1989 – 90 дар Маскав шинос шуда буд.

Аскар Оқоев саҳми Гулрухсорро дар истиқрори сулҳ бузург хонд ва гуфт, шоираи тоҷик ҳам бо Тӯраҷонзода ва ҳам бо Нурӣ муносибати хуб дошт ва “тавонист ҳам Тӯраҷонзода ва ҳам Нуриро бовар кунонад, ки созиш кунанд”.

Созишномаи сулҳи тоҷикон 27 июн дар Маскав имзо шуд, вале ба ақидаи Аскар Оқоев, принсипҳои асосии сулҳ, аз ҷумла шеваи тақсими ҳукуматро дар музокироте муайян шуд, ки моҳи майи соли 1997 дар Бишкек бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ доир шуд.

“Ин музокирот ҳалкунанда буд, чунки масъалаи тақсимоти қудрат миёни ҳукумат ва мухолифин маҳз дар ҳамин гуфтушунид ҳал шуд. Осон набуд. Онҳо ҳатто намехостанд сари як миз бо ҳам як пиёла чой нӯшанд. Шаби бевақти 17 май се соат сари як миз нишастем  ва ман як нонро ду қисм кардаму ба онҳо додам”, – ба ёд меорад президенти нахустини Қирғизистон.

 Аскар Оқоев аз Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кард, ки дар ҳамон шароит шуҷоат нишон дод ва қудратро тақсим кард, мухолифинро бо ҳукумат пайванд намуд.

Нурӣ низ, ба ақидаи Оқоев, азхудгузаштагӣ нишон дод ва талаби ягон мансаб барои худаш накард: “Нурӣ раҳбари Иттиҳоди мухолифин буд, на раҳбари гурӯҳи исломгароёни радикалӣ. Аксари мардум ӯро раҳбари гурӯҳи радикалӣ мешиносанд, не, ӯ бисёр шахси босавод ва доно буд, вале принсипҳои худро ҳимоя мекард ва беҳуда нест, ки маҳз ӯ раҳбари Иттиҳоди мухолифин интихоб шуд. Ӯ дар воқеъ лидер буд ва аз ин рӯ ба ягон вазифа ниёз надошт”.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома карда, сабаби ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар ва тарки хонаву дари худ кардани садҳо ҳазор нафар шуд.

Аз тавсифи Раҳмон ва Нурӣ то наҷоти Гулрухсор: суҳбати Оқоев дар бораи ҷангу сулҳ – видео

Нахустин президенти Қирғизистон, Аскар Оқоев дар бораи далерию шуҷоати раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, собиқ роҳбари ИНОТ, марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва наҷоти шоира Гулрухсор Сафиева гуфт

ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Президенти нахустини Қирғизистон, Аксар Оқоев дар як мусоҳибаи бузург бо Sputnik Қирғизистон дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва саҳми кишвараш дар истиқрори сулҳ гуфт.

Аскар Оқоев соли 1990 президенти Қирғизистон шуд. Ӯ гуфт, аз сабабҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон огоҳ буд, вале бо мушкилоти дохилидавлатӣ банд буд.

“Соли 1992 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки то он замон ман ду сол президенти Қирғизистон будам, албатта мо аз ҳамаи ҳаводис, ки ба ҷанги шаҳварндӣ боис шуданд огоҳ будем, вале мо он замон мушкилоти худро доштем, чуноне шумо медонед, соли 1990 фоҷиаи Ош – муноқишаи қирғизҳо ва ӯзбекҳо рух дод, ки боиси марги 3 ҳазор гардид”, – нақл мекунад Оқоев.

Ӯ меафзояд, ки аз ин рӯ солҳои 90 – 91 бо бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Ош банд буданд, вале ин ҳодиса ба онҳо таҷрибаи бузурги истиқрори сулҳро дод.

Наҷоти Гулрухсор Сафиева ва миёнаравиаш дар истиқрори сулҳ

Оқоев мегӯяд, оғози ҷанги шаҳрвандиро кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистон бо дарди бузург қабул карданд.

Ман доим як ҳикмати шарқиро ба ёд меорам: “Волидон ва ҳамсояҳоро бароямон Худо ато мекунад ва бояд бо онҳо муносибати хуб барқарор кард”, – гуфт Оқоев.

Сиёсатмадор меафзояд, ки барои ҳамин кӯшиш мекарданд дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон кумак кунанд. Ӯ мегӯяд, ба Тоҷикистон нерӯи барқ интиқол медоданд ва ҳазорон тоҷик аз ҷумла элитаи Тоҷикистонро паноҳандагӣ доданд.

“Мо ба хонаводаи худ шоираи бузург – Гулрухсор Сафиеваро қабул кардем. Замоне ба ҷони ӯ дар Тоҷикистон хатар таҳдид мекард, ӯро ба хонаи мо оварданд”, – гуфт Оқоев ва афзуд, ки бо шоира дар Маскав солҳои 1989 – 90 ошно шуданд.

Аскар Оқоев саҳми Гулрухсорро дар истиқрори сулҳ бузург арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд шоираи тоҷик ҳам бо Тӯраҷонзода ва ҳам бо Нурӣ муносибати хуб дошт ва умуман мардони тоҷик ӯро бисёр ҳурмат мекарданд.

“Ӯ тавонист ҳам Тӯраҷонзода ва ҳам Нуриро бовар кунонад, ки созиш кунанд. Нақши ӯ бисёр муҳим буд”, – изҳор доштаст Оқоев.

Сабаби ҷангро Оқоев муноқишаи миёни кормандони партия ва мухолифин медонад.

Соли 1995 Аскар Оқоев ба президенти Тоҷикистон пешниҳоди гуфтушунид кард.

Ва шоми 13 майи соли 1997 президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари мухолифин, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Бишкек рафтанд.

“Ин музокирот ҳалкунанда буд, чунки масъалаи тақсимоти қудрат миёни ҳукумат ва мухолифин маҳз дар ҳамин гуфтушунид ҳал шуд”, – таъкид мекунад Оқоев.

Музокиротро ба ёд оварда, Оқоев мегӯяд вазъ бисёр муташанниҷ буд ва ҷонибҳо ҳатто намехостанд сари як миз чой нӯшанд.

“Дар давоми се соат ман тавонистам тарафҳоро розӣ кунонам. Шаби бевақт мо сари як миз нишастем нонро ду қисм кардаму ба онҳо додам”, – ба ёд меорад прездинти нахустини Қирғизистон.

Нишасти охирин ва ҳалкунанда аз қавли Аскар Оқоев рӯзи 17 май баргузор шуд.

Тавсифи Оқоев аз Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Аскар Оқоев дар ин суҳбаташ дар бораи шахсияти раҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд ва онҳоро тавсиф мекунад.

“Нурӣ раҳбари Иттиҳоди мухолифин буд, на раҳбари гурӯҳи исломгароёни радикалӣ. Аксари мардум ӯро раҳбари гурӯҳи радикалӣ мешиносанд, не, ӯ бисёр шахси босавод ва доно буд, вале принсипҳои худро ҳимоя мекард ва беҳуда нест, ки маҳз ӯ раҳбари Иттиҳоди мухолифин интихоб шуд”, – бовар дорад Аскар Оқоев.

Президенти нахустини Қирғизистон мегӯяд, Саид Абдуллоҳи Нурӣ талаби вазифа надошт.

“Ӯ дар воқеъ лидер буд ва ман фикр мекунам аз ин рӯ ба ягон вазифа ниёз надошт”.

Аскар Оқоев мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бисёр шахси далеру ҷасур аст, чун дар тақсимоти вазифаҳои калидӣ таъхир накард ва ба хотири сулҳ бархе аз мақомҳоро ба мухолифин дод.

“Он замон президенти Тоҷикистон далерӣ нишон дод. Ӯ қудратро тақсим кард, мухолифинро бо ҳукумат пайванд намуд. Бо ҳамин кор Эмомалӣ Раҳмон устувории сиёсиро дар кишвар таъмин кард. Бубинед имрӯз чӣ натиҷае ҳаст”.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома кард.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз, зиёда аз 60 ҳазор нафар ҳалок гардида, шумораи зиёди одамон бедарак шуданд.

Тақрибан ҳамин теъдод ба Афғонистони ҳамсоя гурехтанд. Наздики 200 ҳазор маҷбур шуданд, ки Тоҷикистонро тарк намуда, ба кишварҳои ИДМ кӯч банданд.

Дар маҷмӯъ, аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи майи соли 1997, таҳти сарпарастии СММ ҳашт даври музокирот гузаронида шуд.

Созишномаи ниҳоии сулҳ байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав 27 июни соли 1997 ба имзо расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button