ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 20 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 20 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ПЕШБАРИИ ШОИРИ ТОҶИК НАЗАР МИРЗОДА БА ВАКИЛИИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ

ДУ ФАРЗИЯИ ГУНОГУНИ ТАРКИШИ МОШИНИ БЕНЗИНКАШ ДАР ДЕВАШТИЧ

РОҲБАРИ ФСИН ПЕШНИҲОД КАРД, КИ БА ҶОИ МУҲОҶИРОН МАҲБУСОНРО КОР ФАРМОЯНД

МАВЛУДИ ЁҚУБ САЛИМОВ

ҶАНГИ ТАНБАТАНИ БАҲРОМУ ДАЛЕР ВА ДУ БОР ПАХШ КАРДАНИ НАЗИР БО “МЕРСЕДЕС” ЗАНОЗАНӢ ДАР РӮШОН

ДУЗДИИ 119 САР ЧОРВОИ ЯК ПИРАМАРДИ 82-СОЛА ДАР ҶАЙҲУН

ЗОДРӮЗИ ЛОИҚУ ҚАНОАТ – ДУ ШАҲСУТУНИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Шоир, журналист ва сиёсатмадори тоҷик Назар Мирзода (Мирзода Муҳаммадназар Мирғарибович)  аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” аз ҳавзаи инфиродии Тсентралний дар шаҳри Санкт Петербург номзад ба вакилии Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия пешбарӣ шудааст. Барои ниҳоӣ шудани номзадиаш Назар Мирзода бояд аввал дар овоздиҳии электронӣ дар сомонаи ҳизбӣ бар довталабони дигар дастболо шавад.  Интихоботи вакилони Думаи давлатӣ моҳи сентябри соли 2021 баргузор мешавад.

Назар Мирзода дар муроҷиатномааш ба интихобкунандагон гуфтааст, ки мехоҳад бештар ба мушкили муҳоҷироне ки дар Русия зиндагӣ доранд, расидагӣ кунад ва ин қишри дар ҷомиа начандон фаъоли аҳолиро ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Русия бештар ҷалбу моил кунад.

Дар интихоботи парлумонии соли 2016 низ як зодаи Тоҷикистон вакили Думаи давлатӣ интихоб шуда буд. Раҳим Азизбоевич Азимов 18 сентябри соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаии Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ, даъвати VII интихоб шуда, узви кумитаи амният ва мубориза бо коррупсия мебошад. Азимов доктори илмҳои техникӣ ва дар ҳоли ҳозир ягона зодаи Тоҷикистон аст, ки вакили маҷлиси поёнии парлумони Русия интихоб шудааст.

Назар Мирзода 62 сол дошта, 1 ноябри соли 1958 дар деҳаи Ялдимичи ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Ӯ соли 1985 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кард ва як муддат дар Душанбе дар нашриёти “Ирфон” ва сипас то соли 1987 ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ дар Афғонистон кор кард. Баъди бозгашт аз сафари Афғонистон, Назар Мирзода ба Ленинград ( ҳоло Санкт Петербург)  баргашт ва инак наздики 40 сол боз дар пойтахти шимолии Русия кору зиндагӣ мекунад. Назар Мирзода аз соли 2010 чандин сол консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт Петербург низ буд. Ӯ ҳоло дар донишкадаи хусусии “Балтийский Гуманитарный Институт” дарс медиҳад.

Назар Мирзода шеър ҳам менависад. Намунаҳои ашъори ӯ, ки бештар дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, Тоҷикистон ва забони модарӣ мебошанд, пайваста дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.

Назар Мирзода ду фарзанд ва се набера дорад.

хххххххххххххх

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуши бо як мошини бензинкаш дар ноҳияи Деваштичро тасдиқ карданд, вале маълумоти ин ду ниҳод дар бораи ҳодиса аз якдигар фарқ мекунад.

Маркази матбуоти ВКД гуфт, рӯзи 20 май, соати 10:00, ба иллати нуқсонҳои техникӣ  доштанаш, мошини бензинкаши тамғаи «Донгфенг»  таҳти идораи шаҳрванд Ҷӯраев Мансур, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, дар ноҳияи Деваштич ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ бархӯрда, оташ гирифтааст.

“Дар натиҷаи сӯхтори ба амаломада ягон шаҳрванд ҷароҳати вазнин набардоштааст. Вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад. Зарари расонидашуда муайян карда мешавад”, – гуфтаи мешавад дар иттилоияи расмии ВКД.

Вале Ш.Бутаева, сухангӯи раёсати КҲФ вилояти Суғд мегӯяд, ҳодиса соати 9:30 дар ҳудуди ҷамоати Ғазантарак рух дода, мошини бензинкаш тамғаи “Дулан” буд ва он нафақат оташ гирифт, балки таркидааст ва дар натиҷа ронанда ва як мусофираш ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин мошин ба як сокини 34-солаи ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дошта, аз Хуҷанд ба самти ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич ҳаракат мекард. Ӯро дар ин сафар боз як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҳамроҳӣ мекардааст.

“Ҳам ронанда ва ҳам мусофири мошин бо осеби ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Деваштич бистарӣ карда шуданд. Аз вазъи саломатии онҳо гузориш дода нашудааст.Сабаби ин таркиш маълум нест. Дар айни замон масъулини Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса сабабтҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд”,   – хабар додааст Ш. Бутаева.

Қаблан ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеои кӯтоҳе расид, ки дар он лаҳзаи чаппа шудану оташ гирифтани мошини бензинкаш (бензовоз) дар ноҳияи Деваштич сабт шуда буд.

Дар видео дида мешуд, ки мошин дар як ҷарӣ афтидааст ва аз он алангаи оташ ва дуди ғафс ба осмон баланд мешавад. Дар видео ҳамчунин мардуми зиёде дида мешуд, ки дар баландӣ дар болои кӯпрук истода, сӯхтани мошинро тамошо доранд ва бархеи онҳо ин лаҳзаҳоро бо телефонҳои мобил ба навор мегиранд.

ххххххххххххххх

Александр Калашников, раҳбари Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН), ки умури зиндонҳои Русияро дар ихтиёр дорад, хостори  истифодаи нирӯи кори маҳбусон дар корҳое шудааст, ки қаблан муҳоҷирони корӣ истифода мешуданд.

 «Ахиран Владимир Владимирович (Путин)  бо роҳбарони минтақаҳои Осиёи миёна – Ӯзбекистону Тоҷикистон мулоқот дошт… Сухан дар бораи ба роҳ мондани маҷрои муҳоҷирати корӣ ба иншооте мерафт, ки ба камбуди нирӯи корӣ дучор шудаанд. Вале мо дар воқеъ метавонем нирӯи корӣ пешниҳод кунем … Ин  ГУЛАГ намешавад, албатта, ин бо шароити комилан наву шоиста ба роҳ монда мешавад. Чунки ин одамон дар хобгоҳ кор мекунанд ваё хона иҷора мегиранд ваё корфармо барояшон шароити зиндагӣ бо аҳли оилаашонро фароҳам меорад. Ва онҳо маоши шоиста хоҳанд гирифт», – гуфтааст Калашников дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар шаҳри Красноярск.

Путин дар воқеъ рӯзи 8 май дар мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Русия дучори камбуди нирӯи корӣ шудааст ва ба муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ дорад.

Ба гуфтаи Калашников, агар дар Русия дар соли 2010 беш аз 860 ҳазор маҳбус адои ҳукм мекард, то соли 2021 шумори маҳбусон дар ин кишвар то ба ҳадди 483 ҳазор нафар пойин фаромадааст. Аз ин шумор 188 ҳазор нафараш, ба гуфтаи роҳбари ФСИН, ҳақ доранд, ки ариза дода, иваз кардани навъи ҷазояшон аз маҳбас ба корҳои ислоҳиро дархост кунанд.

Моҳи апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

 Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро аз будаш зиёд мешуморанд.

ххххххххххххххххххх

Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 май ба синни 63 расид. Синни 63 барои мусалмонон ба маҳзи  синни зиндагии Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) буданаш як синни муқаддас дониста мешавад.

Ёқуб Салимов дар зиндагии пур аз шебу фарози худ маззаи ҳама чиро чашид: ҳам шаҳди мансаб, ҳам талхии зиндон, ҳам садоқат ва ҳам хиёнати ёру дӯстони собиқ.

Ӯ 5 сол пеш аз маҳбас раҳо шуд ва дар канори аҳли хонаводааш, ба қавле, даврони пирӣ меронад ва ҳаддалимкон кӯшиш мекунад, ба ягон кору бор, бахусус ба сиёсат “қӯш” нашавад.

Ёқуб Салимов 20 майи соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва сипас шуъбаи шабонаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ёқуб Салимов дар поёни соли 1992, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоби Хуҷанд, дар пайи ба мақоми раиси Шӯрои олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, ба намояндагӣ аз фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1995, Ёқуб Салимовро аз вазирӣ озод карда, ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркия фиристоданд. Ӯ соли 1996 аз Туркия баргашт ва ба мақоми сардори Кумитаи гумруки Тоҷикистон нишаст.

Моҳи апрели соли 1997 Ёқуб Салимов, ки президент Эмомалӣ Раҳмоновро дар сафараш ба шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекард, дар натиҷаи сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони президент дар баробари Раҳмонов ҷароҳат бардошт. Моҳи августи ҳамон сол, ҳамагӣ моҳе баъд аз имзои созишномаи сулҳ бо мухолифин, дар пайи боз як ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев болои манзили Ёқуб Салимов дар шаҳри Душанбе низ ҳамла сурат гирифт ва ӯ тарки Тоҷикистон кард.

Ёқуб Салимов дар хориҷ ҳизби ҷумҳурихоҳони Тоҷикистонро ташкил дод ва китобе бо номи “Азиатский синдром” низ чоп кард. 21 июни соли 2003 Ёқуб Салимовро дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва 24 феврали соли 2004 ба Тоҷикистон истирдод карданд.

25 апрели соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро бо ҷурмҳои сангине, чун хиёнат ба Ватан, кӯшиши ғасби ҳукумат, роҳзанӣ ва сӯиистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Бо ҳукми додгоҳ, Ёқубро аз ордену мукофотҳои давлатӣ ва ҳамчунин аз унвони генералӣ низ маҳрум карданд. Ёқуб Салимов 21 июни соли 2016 аз зиндон озод шуд ва ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад. Ёқуб Салимов баъди раҳоияш аз маҳбас дигарбора издивоҷ кард ва аз ҳамсари наваш алакай се фарзанд дорад. Ӯ аз ҳамсари аввалаш низ се фарзанд дорад.

хххххххххххххх

Сокини 33-солаи ноҳияи Рушон, ки пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои авбошӣ суд шудааст, боз ҳам барои авбошӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ асри 18 май, соати 18,   дар маркази ноҳия, “дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 34-солаи сокини Рӯшон муноқиша карда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст.” Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ххххххх
Марди 64-солаи сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, чӯпони хоҷагии деҳқонии ба номи “Камолиддин” ба он айбдор мешавад, ки моҳи апрел аз аз заминҳои чарогоҳи кӯҳии ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун 119-сар чорвои майдаи мутааллиқ ба раиси хоҷагии “Камолиддин”,  пирамарди 82-солаи сокини ҷамоати Истиқлолро  дуздида, ба ӯ ба маблағи 83 ҳазору 300 сомонӣ зарар расондааст.

Ду сокини 33 ва 37-солаи ҷамоати Г.Юсуповаи Ёвон, ки аз ин пеш ҳам барои дуздӣ суд шудаанд, ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 12 май, тахминан соати 21:50 аз аз заминҳои хоҷагии деҳқонии бо номи “Назир-Азиз”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин ноҳия 3 сар чорвои калони мутааллиқ ба сокини 38-солаи шаҳраки Ёвонро дуздидаанж. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин як ҷавонзани 23-солаи сокини ҷамоати Қаратоғ дар канори шаҳри Турсунзода барои он дастгир шуд, ки субҳи 18 май, соати 09:00 бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии як ҳамдеҳаи 28-солааш даромада, аз он ҷо 15 ҳазор сомониро дуздидааст.

хххххххххххххххххх

Агар ягон вақт дар Тоҷикистон дар фикри он шаванд, ки ягон рӯзро Рӯзи шеър эълон кунанд, интихобе муносибтар аз 20 май нест.

Ду шоири бузургтарини тоҷик – Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар ҳамин рӯз ба дунё омадаанд. Ду шоире, ки ба таъбири адабиётшинос Сафар Абдулло, “шеъри тоҷикро аз умумигуӣ раҳоӣ бахшиданд”. Лоиқу Қаноат буданд, ки дар баробари Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Миршакар, Бозор Собир,  Гулрухсору Гулназар, Фарзонавую Сиёвуш  пас аз солиёни дар ботлоқи асорати шиорҳои хушку забонзадаи идеологияи Шӯравӣ дармондани шеъри миллӣ ба мардум нишон доданд, ки шеъри асил чист?

Рӯзи 20 майи соли 2021 Лоиқ Шералӣ ба синни мубораки 80 расид. Соли оянда Мӯъмин Қаноат ба синни мубораки 90 мерасад. Албатта, агар умр вафояшон мекард. Устод Қаноат 18 майи соли 2018, дар арафаи зодрӯзаш дар синни 86 аз дори ин дунё рафт. Аҷал устод Лоиқро аз мо хеле ҷавон – дар тобистони соли 2001, дар синни ҳамагӣ 59 даррабуд.

Чанд рӯз боз дар Тоҷикистон тантанаҳои хоса ва боҳашамат ба муносибати 80-солагии Лоиқ идома доранд. Рӯзи 20 май хонандагони мактабҳо дар сари мазори шоир дар оромгоҳи Лучоб гирд омаданд ва шеърхонӣ карданд. Дар зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент дар қасри фарҳанге, ки Кохи Лоиқ номаш кардаанд, бо иштироки тақрибан ҳама бузургони адабиёти муосири тоҷик ҷашни пуршукуҳе ба ёди ин яке аз рамзҳои асосии адабиёти тоҷики асри 20 баргузор шуд.

Умедворем, соли оянда ҷашни 90-солагии устод Мӯъмин Қаноатро ба гунае, ки шоистаи шаҳомат ва бузургии ӯст, доир хоҳанд кард. Хусусан баъди онки дар вақти зинда буданаш дар баргузории ҷашнҳои 70 ва 80-солагиаш хеле кӯтоҳӣ кардем.

ххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button