ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ КУШТА ВА СЕ ЗАХМӢ: САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ОҚСӮ

Шаби 15 май, тахминан соати 02:30, дар 83-км шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара, ронандаи мошини тамғаи “Тoйота-Кемри”, сокини 27-солаи Душанбе Нозимов Сайдо ҳангоми  ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад ва мошинашро ба канори рости роҳ чаппа кард.

Дар натиҷа, 2 мусофири ин мошин: Шарипов Ҳасан, с.т. 1990 ва Гадоева Марҷона, с.т. 1992, ҳарду сокини пойтахт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ронандаи мошин Сайидо Нозимов ва 2 мусофири дигараш: Каримова Дилфуза, с.т. 1986 ва Юнусов Муҳаммадҷон, с.т. 1993, ҳарду сокини Душанбе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Ба ҳалокат расидани ду мусофир дар натиҷаи чаппа шудани “Тoйота-Кемри”

Рӯзи 15-уми майи соли 2021, тахминан соати 02:30-дақиқа, дар 83-км шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тoйота-Кемри”, Нозимов Сайдо Собирович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Кӯлоб ҳаракат намуданаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа мекунад.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Шарипов Ҳасан Тоирович, соли таваллудаш 1990 ва Гадоева Марҷона Баҳриддиновна, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашина Нозимов С.С ва мусофирони дигараш Каримова Дилфуза Абдуллоевна, соли таваллудаш 1986 ва Юнусов Муҳаммадҷон Муродалиевич, соли таваллудаш 1993, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button