ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ ДУ КОРМАНДИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ БАРОИ ДУЗДИИ БЕШ АЗ 4 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 май хабар дод, ки ду корманди бахши муҳосиботи вазорати молияи Тоҷикистон дар байни се соли 2018-2020 бо роҳи сохтакорӣ беш аз 4 миллион сомониро тасарруф кардаанд.

Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, “Рӯзиева Наргиз Меҳмондустовна дар вазифаи сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Юсупова Тахмина Ятимовна дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд.”

Нисбат ба  Рӯзиева Наргиз ва Юсупова Тахмина бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 4 ва моддаи 323 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад, ба миқдори зиёд) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба онҳо барои аз они худ кардани маблағҳои давлат ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ваё аз 10 то 15 сол ҳукми зиндон бо маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, барои сохтакории хидматӣ Наргиз Рӯзиева ва Тахмина Юсуповаро метавонанд ба маблағи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима банданд ваё ба ба муҳлати аз 1 то 2 сол ба корҳои ислоҳӣ ваё то 2 сол ба зиндон маҳкум кунанд. Ин банди қонун низ ҳамчун ҷазо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни онро дар назар гирифтааст.

Ин бори аввал нест, ки мавридҳои азонихудкунии миллионҳо сомонӣ маблағҳо дар муассисаҳои давлатии Тоҷикистон ошкор карда мешаванд.

 Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон моҳи апрел хабар дода буд, ки дар пайи санҷиши фаъолияти молиявиву иқтисодии нирӯгоҳи Норак тасарруфи  2 миллиону 383,1 ҳазор сомонӣ музди меҳнати коргарони ин нирӯгоҳ аз ҷониби шахсони масъул ошкор гардида, дар рафти санҷиш  1 миллиону 818,5 ҳазор сомонӣ аз ин ҳаҷми зарари ошкоршударо тавонистаанд барқарор кунанд.

Агентӣ гуфт,  шахсони масъули моддии нирӯгоҳи Норак ин беш аз 2 миллион сомонӣ музди кори коргарони нирӯгоҳро ба воситаи 38 корти пластикӣ аз худ кардаанд.

Дар робита ба ин қазия нисбат ба ду мақоми масъули нирӯгоҳи Норак Шишпаренко Олга Владимировна ва Раҳматуллоев Лутфулло Изатуллоевич бар асоси моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи пул  ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Ба Шишпаренко ва Раҳматуллоев бар асоси ин ду банди Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун муҷозот барои сохтакории хидматӣ ҷарима ваё то 2 сол маҳрумият аз озодӣ ва барои тасарруфи молу мулки ғайр аз ҷарима то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин кишварҳои дунё ба шумор рафта, дар гузориши солонаи созмони Транспаренси Интенешнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод имсол дар мақоми 149 ҷой гирифта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button