ВидеоТоҷикистонФарҳангЧеҳраҳо

АСРОРИ МАРГИ ҲУНАРМАНДИ САРШИНОСИ ТОҶИК НАЗИРМАД МӮСОЕВ

Назирмад Мӯсоев, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамо, ки ӯро Ален Делони тоҷик ҳам ном мебурданд, рӯзи 16 май дар Душанбе ба хок супурда шуд. Назирмад Мӯсоев шаби 15 ба 16 май дар синни 69 аз олам чашм пӯшид.

Лутфуллои Азиз дар Фейсбук бо нашри тафсилоти охирин лаҳзаҳои зиндагии ин ҳунарманди равоншод навишт, ки Назирмад Мӯсоев дар ҷои кор, дар студияи дубляж ҳангоми овоз додан ба як филми нави “Хатлонсинамо” ҷон бохтааст.

Лутфуллои Азиз лаҳзаҳои охирини умри ин ҳунарманди боистеъдод ва сарсупурдаи касби худро чунин тасвир кардааст:

Дишаб. Таърихи 15-05-2021. Соат 22:10 дақиқа ба вақти Душанбе. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Назирмад Мусоев дар студияи дубляж ҳамроҳи коргардони саршинос ва роҳбари “Хатлонсинамо” Зафари Валӣ дар филми тозатаҳияи бачаҳои хатлонӣ овоз медод. Ҳарчанд Зафари Валӣ аз Назирмад Мусоев хоҳиш карда, ки “устод, бевақт шуда, шумо имрӯз зиёд кор кардед, боқияшро фардо анҷом медиҳем” . Аммо раҳматӣ бо исрор иброз медорад, ки на, ҳамин шаб корро итмом мерасонем. Хулоса, Назирмад Мӯсоев охирин ҳарфи нақши офаридаашро овоз медиҳаду аз ҳуҷраи садодиҳӣ берун мешавад. Чанд нафасе дар курсӣ менишинад ва аз Зафари Валӣ хоҳиш мекунад, ки барояш даво биёрад, меъдааш месӯзад. Дар ҳамин ҳол Зафари Валӣ ба дорухона мешитобад. То омадани ӯ ҳоли ҳунарманди мардумӣ бад шудан мегирад. Вақте Зафар бо давои меъда ҳозир мешавад, мебинад, ки ҳоли Назирмад Мӯсоев ниҳоят бад шудааст. Ва ҳамон нафас қалби ҳунарпешаи нотакрор даруни синааш пора мешавад. Вопасин лаҳазоти зиндагии Назирмад Мӯсоев дар филми Зафари Валӣ барои абад сабт шудааст.

Назирмад Мӯсоев дар доди 69- солагӣ бар асари сактаи ниҳоят вазнини қабл ҳангоми садо додани филм, кор дар синамо аз олам даргузашт. Марҳум барои Идораи дубляжи ТВ “Синамо” умри худро бахшид, ҳамвора, дар ҳама филмҳо садо медод. Агарчӣ дигар ҳунарпешаҳо ба далели хеле ночиз будани ҳаққи заҳматашон ба роҳбарияти ин муассиса изҳори нигаронӣ мекарданду бидуни натиҷа, вале банда шоҳид будам, ки Назирмад Мӯсоеви худобиомурз барои ҳаққи кораш, ки пайваста, соатҳо чӣ ки, шабонарӯз дар дубляж саргарми кор буд, боре лаб ба шиква во накарда буд, ки музди кораш кам аст. Шояд медонист, ки роҳбарияти “Синамо” ба касе лутф надорад. Пас, мебоист, ки ТВ ” Синамо” подоши хизматҳои ин ҳунарманди нотакрор бо садои ҷовидонаашро, ки ба ҳаққи қалами ночизу камарзише бо завқ кор мекард, қадр намуда, ҳамоно бобати даргузашт ва рӯзгораш чизе мегуфт. Вале ҳайҳот, ки гӯши пандношунавест эшонро.

Мехоҳам як филмаке бобати рӯзгораш таҳия кунам дар ТВ “Синамо”.

Ёдат ба хайр, нобиға, нотакрор. Падруд…

Неккадам Шахназаров

Алвидоь ,акачони пурхунарамон ..Назирмад рухатон шод бод.Воййййй дарегггггг




Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button