ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 13 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 13 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Пеш аз ҳама иди мубораки Фитр ва анҷоми моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамватанон муборакбод мегӯем. Ва акнун як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими ин барнома:

МАНИЖА ДАР ҲОЛЛАНД ТАРОНАИ ТОҶИКӢ ХОНД

ОҒОЗИ КОРИ АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА БА ҲАЙСИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД

ОЗОДА РАҲМОН МАОШИ МОҲОНААШРО БА ПАНҶГОНИКҲО АЗ ҚУБОДИЁН ТАҚДИМ КАРД

БОЗДОШТИ РОНАНДАГОН БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”-И 1010, 1111, 4444, 5555, 0099...

ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР 5 САДАМА ДАР АРАФАИ ИД

 ПЕШГИРӢ АЗ ФУРӮШИ ДУ ХИРСБАЧАИ НОДИР ДАР ДУШАНБЕ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол дар озмуни муътабари «Евровидение 2021» дар шаҳри Роттердами Ҳолланд аз Русия намояндагӣ мекунад, рӯзи 12 май шакли ниҳоии таронааш бо номи “Russian Woman”-ро муаррифӣ кард. Ин тарона дар Ютуб-канали “Евровидение”  алакай наздики 10 миллион тамошобин ҷамъ овардааст.

 Манижа дар нишасти хабариаш дар Роттердам ҳамлаҳои хунини ахир ба зидди толибилмони мактабҳои миёна дар Қазону Кобулро маҳкум кард ва бо хоҳиши журналистон, чанд мисраъ аз як таронаи тоҷикро ба забони модариаш сароид. Аҳли толор ба тоҷикӣ суруд хондани Манижаро бо кафкӯбӣ истиқбол гирифтанд.

Рӯзи 8 март дар даври ниҳоии интихоби намояндаи Русия барои иштирок дар озмуни «Евровидение», ки дар Шабакаи якуми ТВ Русия доир шуд, ғайричашмдошт зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин ғолиб омад. Пирӯзии Манижа дар ҷомиаи Русия мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд. Манижа Сангин дар посух гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ  ҳамчун як зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Дар аввали моҳи апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз Манижа пуштибонӣ кард ва гуфт, “Манижаро бинед, ҳамаро саргардон кардааст. Бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд.” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Манижа ситоиш кард, ки ҳамеша ба тоҷик ва аз Тоҷикистон будани худ таъкид мекунад: “Аҳсан барои он ки аз тоҷикияти худ даст намекашад ва ҳамеша мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам, дар Тоҷикистон ба дунё омадаам.”

Озмуни “Евровидение” имсол аз 18 то 22 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд дори мешавад. Соли 2020 ин озмун ба далели мавҷи коронавирус баргузор нашуд.

Манижа Сангин (Манижа Далеровна Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Манижа се сол дошт, ки оилаи онҳо аз Душанбе ба Маскав кӯчид. Манижа 5 бародару хоҳар дорад. Яке аз хоҳарони ӯ – Мӯниса Усмонова хабарнигори шабакаи якуми телевизионии Русия (Первый канал) мебошад.

хххххххххххх

Рӯзи 13 май сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода ба вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Комилов ва Раҳмонзода баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, пиромуни дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар кардаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода тайи 7 соли охир ба ҳайси ёрдамчии президент яке аз меъморони сиёсати дохилӣ ва иделогии Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд. Академик Раҳмонзода рӯзи 4 май ба ҷои Содиқ Имомӣ сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд таъйин гардид.

 Супурдани нусхаи эътимодномаи Раҳмонзода ба ҳайси сафири нави Душанбе дар Тошканд дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзҳои  14-15 май дар Тошканд иҷлосияи  8-уми комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мешавад. Хабаргузории “Дунё” хабар дод, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 14 май ба Тошканд меояд.

Рӯзномаи кори комиссияи байниҳукуматӣ яке аз мавзӯъҳои асосиии гуфтугӯи телефонии рӯзи 13 майи президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон низ будааст. Ду раҳбар ибтидо якдигарро ба иди Рамазон табрик гуфта, сипас масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Онҳо пайдо кардани самтҳои рушди ҳамкориҳои ду кишварро як ҳадафи асосии музокироти рӯзҳои 14-15 май дар Тошканд  номида, ҳамчунин ҷараёни омодагӣ ба сафари расмии Мирзиёев ба Душанберо мавриди баррасӣ қарор додаанд. Интизор меравад, Мирзиёев моҳи июн аз Душанбе боздид кунад.

Муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар даврони Ислом Каримов ду даҳсолаи пуртанишеро, ки бисёриҳо ҳатто “ҷанги сард” унвонаш мекарданд, пушти сар гузошт. Баъди вафоти Каримов ва ба қудрат расидани Мирзиёев, муносибатҳои байни Тошканду Душанбе дигарбора рӯ ба гармӣ овард. Вале маҳдудиятҳои як сол пеш ба сабаби пандемияи коронавирус эҷодшуда ба сатҳ ва ҳаҷми муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя таъсири ногувори манфӣ гузоштааст.

ххххххххххх

Раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон дар арафаи иди саиди Фитр маоши моҳонаашро ҳамчун кумаки молиявӣ ба волидони панҷгоникҳо аз ноҳияи Қубодиён тақдим кардааст. Озода Раҳмон ҳамчунин ба ин хонавода ҷиҳози хонаи хоб, яхдон, кондитсионер, мошини ҷомашӯӣ, сару либос ҳам барои панҷгоникҳо ва ҳам барои волидони онҳо, ҳамчунин маводи хӯрокворӣ ва ғизои кӯдакона туҳфа кардааст.

Дар ин бора рӯзи 12 май Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри 9 акс хабар дод. Дар аксҳо дида мешавад, ки ёриҳои фиристодаи Озода Раҳмонро ба хонаводаи Раҳмон Нормуродов, падари хушбахти ин тифлони панҷгоник вазири меҳнат Ширин Амонзода расондааст.

Сокини ноҳияи Қубодиён Дилноза Маматова рӯзи 30 декабри соли 2020 дар як таваллудхонаи Душанбе  якбора панҷгоник – ду писар ва се духтар таваллуд кард. Ин нахустин мавриди таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон аст.  Онҳоро Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадиҷа ном гузоштаанд.

Мақомоти вилояти Хатлон ваъда дода буданд, ки барои ин оила дар ҳавлиашон чанд ҳуҷраи нав месозанд. Вазорати меҳнат хабар дод, ки сохтмони ин ҳуҷраҳо қариб ба поён расидааст ва панҷгонаҳо – Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё 1 июн,  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол мегиранд.”

Озода Раҳмон як сол пеш низ дар арафаи иди саиди Фитр ба бемористони марказии зодгоҳаш – ноҳияи Данғара 100 кати хоб, 100 кӯрпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмӯъ 100 рахти хоб кумак карда буд.  Ҳамчунин гузориш шуда буд, ки Озода Раҳмон нақша дорад, ки то рӯзи ид  ба беморхонаҳои кишвар ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ маводи дорувор кумак кунад.

 Озода Раҳмон – духтари дуюми президенти Тоҷикистон – 43 сол дошта, , аз соли 2016 роҳбарии дастгоҳи президентиро дар даст дорад.

xxxxxxxxxxxxxxxxx

Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз роҳандозии амалиёти вижае таҳти номи шартии “Тартиботи шабона” хабар доданд.  Маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии пойтахти Тоҷикистон  гуфт, “дар натиҷаи баргузории се марҳилаи амалиёти «Тартиботи шабона» дар умум 374 ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар қисмати шабона аз соати 21.00 то 23.00 ошкор ва нисбати ронандагон чораҳои дахлдори қонуниву профилактикӣ андешида шудааст.”

Дар байни ронандагони боздоштшуда соҳибони мошинҳои гаронбаҳо бо рақамҳои ба истилоҳ “крутой”, ба мисли 1010, 1111, 4444, 5555, 6888, 6777, 0099, 7770, 0020, низ ҳастанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти РВКД Душанбе, “дар қисмати шабона вайрон кардани тартиботи қонунгузорӣ дар роҳҳои марказии пойтахт аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аксари онҳо гаронарзиши хориҷӣ мебошанд, ба ҳаракати бемамониати шаҳрвандону дигар воситаҳои нақлиёт халал расонида, боиси костагардонии маданияти шаҳрдорӣ гардидааст.”

РВКД Душанбе гуфт, дар ҷараёни амалиёти “Тартиботи шабона” ронандагонро асосан барои чунин ҳолатҳои дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ манъ кардаанд:

– таваққуф дар қатори дуюму сеюми роҳ, махсусан назди тарабхонаву қаҳвахонаҳо;
– банд намудани гузаргоҳҳои пиёдагардон ва риоя накардани талаботи аломатҳои манъкунанда;
– бе назорат гузоштан ва таваққуфи дуру дароз дар дохил ва назди истгоҳҳо;
– бо садои баланди гӯшхарош яку якбора аз ҷойи ист ҳаракат додани воситаи нақлиёт ва насби дастгоҳҳои худсохти садобаландкунанда;
– бе Иҷозатномаи сиёҳшиша ва бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора кардани воситаи нақлиёт.


Аз ҷумла дар назди тарабхонаю қаҳвахонаҳои Мерве, Бухоро, Баҳори Аҷам, Сафо, Читир-Уста, Амонҷон, Сихкабоби Хуҷандӣ, меҳмонхонаи Вахш 140 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои таваққуф ошкор гардида, дар ҷараёни амалиёт 23 ронандаро барои насби дастгоҳҳои худсохти садобаландкунанда ва бо садои гӯшхарош аз ҷои исташ ҳаракат додани мошин муҷозот кардаанд.

xxxxxxxxxxxxxxxxx

Рӯзҳои 11 ва 12 май, дар арафаи иди Рамазон дар 5 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 5 нафар ба ҳалокат расида, дастикам се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аз ҷумла шаби 11 май, соати 21, пиёдагард Сайфулло Атовуллоев,  сокини 45-солаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара дар ҳудуди ин ҷамоат дар роҳи Кӯлоб – Душанбе зери чархи мошини “Опел – Астра” монда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. ВКД гуфт, ронандаи “Опел” сокини 44-солаи ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб Ҷумъахон Раҳматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

Рӯзи 12 май, соати 11:45, бар асари бархӯрди ду мошини “Лексус RX 350” ва “Ҳундай-Аванте” дар роҳи Меҳробод – Деҳмой ронандаи “Ҳундай”, сокини 52–солаи ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен Обидҷон Юлдошев дар беморхона ба ҳалокати расида, ронандаи “Лексус” Нозимҷон Дӯстмуродзода, сокини 26–солаи ҷамоати Навкати ноҳияи Спитамен ҷароҳат бардоштааст.

Ҳамчунин рӯзи 12 май, соати 12:30,  як кӯдаки 11–сола Расул Муродзода аз ҷамоати Х.Раҷабови  ноҳияи Восеъ зери чархи “Дэу Леганзе” ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, ронандаи “Дэу” сокини 47–солаи ноҳияи Балҷувон ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

Қаблан дар бораи ҳалокати ду нафар дар садамаҳои рӯзи 11 май гузориш шуда буд. Пиёдагард Ғиёсов Усмон, сокини 64-солаи шаҳри Ваҳдат, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, зери чархи мошини ГАЗ ҷон бохт ва бар асари бархӯрди “Опел” ва “Мерседес” дар ноҳияи Балхӣ ронандаи “Мерседес” ба ҳалокат расида, ронандаи “Опел” ва кӯдаки дусолааш маҷруҳ шуданд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

xxxxxxxxxxxxx

8-уми майи соли 2021 дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграмм» аксҳо ва маълумот бо нархи 3000 сомонӣ ба фурӯш баровардани як сар хирсбача паҳн гардид.

Зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки аксҳои дар шабакаҳои интернетӣ ҷойдошта ба ноболиғон: С.Ш., санаи таваллудаш 01.04.2004, зода ва сокини шаҳри Душанбе, ва Н.Ҷ., санаи таваллуд 09.12.2004, сокини шаҳри Душанбе, тааллуқ доранд.
Дар натиҷаи пурсиши ноболиғон муайян карда шуд, ки хирсбачаро шаҳрванд Раҷабов Аминҷон Бахтиёрович, аз шикорчии шахсияташ номаълум харидорӣ намуда, бо мақсади фурӯхтан аз ноҳияи Ховалинг ба пойтахт оварда, барои нигоҳубин ва то пайдо намудани харидор, дар аспхонаи «Ҳоҷи Қаюм» ном шахс, ки дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино ҷойгир аст, нигоҳ доштааст.
Ноболиғон С.Ш. ва Н.Ҷ. аз набудани Раҷабов А.Б. истифода бурда, хирсбачаро бо мақсади сайругашт ба маркази пойтахт, хиёбони Рӯдакӣ овардаанд, ки боиси назар ва аксбардории шаҳрвандони дигар гардидааст.

Зимни азназаргузаронии аспхонаи мазкур, боз як сар хирсбачаи дигар дарёфт карда шуд.

Хирсбачаҳо аз хирсҳои маъмулӣ бо хусусиятҳои хоси худ фарқ карда, намуди онҳо ба “Китоби сурх”-и Тоҷикистон дохил гардидаанд.
Айни замон, ин ҳайвонҳои нодир барои ба муолиҷа фаро гирифтан дар “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе ҷойгир карда шудаанд.
Аз ҷониби кормандони милитсия барои муайян кардани шахсияти Раҷабов А.Б., “Ҳоҷӣ Қаюм” ва шикорчии мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 13 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Бори дигар иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз! Ҳар рӯзатон ид бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button