Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол дар озмуни муътабари «Евровидение 2021» дар шаҳри Роттердами Ҳолланд аз Русия намояндагӣ мекунад, рӯзи 12 май шакли ниҳоии таронааш бо номи “Russian Woman”-ро муаррифӣ кард. Манижа дар нишасти хабариаш дар Роттердам ҳамлаҳои хунини ахир ба зидди толибилмони мактабҳои миёна дар Қазону Кобулро маҳкум кард ва бо хоҳиши журналистон, чанд мисраъ аз як таронаи тоҷикиро ба забони модариаш сароид. Аҳли толор ба тоҷикӣ суруд хондани Манижаро бо кафкӯбӣ истиқбол гирифтанд.
Манижа Сангин 30 сол дошта, зодаи Тоҷикистон аст. Рӯзи 8 март дар даври ниҳоии интихоби намояндаи Русия барои иштирок дар озмуни «Евровидение», ки дар Шабакаи якуми ТВ Русия доир шуд, ғайричашмдошт зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин ғолиб омад.
Таронаи Russian Woman, ки Манижа барои “Евровидение” омода кардааст, алакай дар Ютуб-канали ин озмуни муътабар наздики 10 миллион тамошобин ҷамъ овардааст. Манижа рӯзи 12 май шакли ниҳоии таронаашро муаррифӣ кард.
Пирӯзии Манижа дар ҷомиаи Русия мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд.
Манижа Сангин иқрор кард, ки чунин маъракаи густардаи бадбиниро баъди интихобаш ҳамчун намояндаи Русия дар озмуни «Евровидение» интизор надошт. Ӯ гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ ҳамчун як нафари зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Дар аввали моҳи апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз Манижа пуштибонӣ кард ва гуфт, “Манижаро бинед, ҳамаро саргардон кардааст. Бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд.” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Манижа ситоиш кард, ки ҳамеша ба тоҷик ва аз Тоҷикистон будани худ таъкид мекунад: “Аҳсан барои он ки аз тоҷикияти худ даст намекашад ва ҳамеша мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам, дар Тоҷикистон ба дунё омадаам.”
Озмуни “Евровидение” имсол аз 18 то 22 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд дори мешавад. Соли 2020 ин озмун ба далели мавҷи коронавирус баргузор нашуд.
Манижа Сангин (Манижа Далеровна Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Манижа се сол дошт, ки оилаи онҳо аз Душанбе ба Маскав кӯчид. Манижа дар Маскав дар мактаби миёна муддате дарси фортепиано хонд ва баъдан риштаи равоншиносии РГГУ-ро хатм кард.
Манижа соли 2007 бо тахаллуси Ру.Кола ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва таронаи аввалинаш юо ном «Пренебрегаю» овозхони он замони навраси зодаи Тоҷикистонро дар саросари Русия машҳур кард. Соли 2008 Манижа нахустин албомашро бо ҳамин номи «Пренебрегаю» ба бозор даровард.
Манижа баъди чанде аз тарҳи Ру.Кола хориҷ шуд ва бо номи худаш ба ҳунарнамоӣ давом дод.
Модари Манижа – Наҷиба Усмонова аз рӯи касб равоншинос аст. Ӯ ҳоло дар Маскав ширкати дизайни либос бо номи «Modardesigns»-ро мечархонад ва либосҳои Манижа барои иштирок дар консерту клипҳоро низ модараш медӯзад.
Падари Манижа Далер Ҳамроев табиб буда, аз модараш ҷудо шудааст. Падари Манижа мухолифи овозхон шудани ӯ будааст.
Манижа 5 бародару хоҳар дорад. Яке аз хоҳарони ӯ – Мӯниса Усмонова хабарнигори шабакаи якуми телевизионии Русия (Первый канал) мебошад.