ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР 5 САДАМА ДАР АРАФАИ ИД
Рӯзҳои 11 ва 12 май, дар арафаи иди Рамазон дар 5 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 5 нафар ба ҳалокат расида, дастикам се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Аз ҷумла шаби 11 май, соати 21, пиёдагард Сайфулло Атовуллоев, сокини 45-солаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара дар ҳудуди ин ҷамоат дар роҳи Кӯлоб – Душанбе зери чархи мошини “Опел – Астра” монда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. ВКД гуфт, ронандаи “Опел” сокини 44-солаи ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб Ҷумъахон Раҳматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.
Рӯзи 12 май, соати 11:45, бар асари бархӯрди ду мошини “Лексус RX 350” ва “Ҳундай-Аванте” дар роҳи Меҳробод – Деҳмой ронандаи “Ҳундай”, сокини 52–солаи ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен Обидҷон Юлдошев дар беморхона ба ҳалокати расида, ронандаи “Лексус” Нозимҷон Дӯстмуродзода, сокини 26–солаи ҷамоати Навкати ноҳияи Спитамен ҷароҳат бардоштааст.
Ҳамчунин рӯзи 12 май, соати 12:30, як кӯдаки 11–сола Расул Муродзода аз ҷамоати Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ зери чархи “Дэу Леганзе” ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, ронандаи “Дэу” сокини 47–солаи ноҳияи Балҷувон ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.
Қаблан дар бораи ҳалокати ду нафар дар садамаҳои рӯзи 11 май гузориш шуда буд. Пиёдагард Ғиёсов Усмон, сокини 64-солаи шаҳри Ваҳдат, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, зери чархи мошини ГАЗ ҷон бохт ва бар асари бархӯрди “Опел” ва “Мерседес” дар ноҳияи Балхӣ ронандаи “Мерседес” ба ҳалокат расида, ронандаи “Опел” ва кӯдаки дусолааш маҷруҳ шуданд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
ххххххххх
Як сокини 18-солаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳомӣ дуздӣ дастгир шуд. Боздошти ӯ бар асоси шикояти як сокини 33-солаи Чортеппа аст, ки мегӯяд, рӯзи 12 апрел, дуздон бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, 6 ҳазор сомониашро дуздидааанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 12 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар
Рӯзи 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳматов Ҷумъахон Нуралиевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат намуданаш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Атовуллоев Сайфулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Себистонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Атовуллоев С.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:45-дақиқа, ронандаи автомашини тамғаи «Лексус RX 350», Дустмуродзода Нозимҷон Сангинмурод, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳраки Меҳробод ба самти ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», ки таҳти идораи ронанда, Юлдошев Обидҷон Турсунқулович, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Лексус RX 350» Дӯстмуродзода Н.С. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте», Юлдошев О.Т. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, санаи 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу леганзе”, Нуруллоев Раҳмоил Шамсуддинович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ховалинг, ба самти ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Муродзода Расул Муҳаммади, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Муродзода Р.М. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Боздошт гардидани ҷавони 18-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 6 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппа содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рӯйхати ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ҷаримаҳоро пардохт накардаанд
Рӯйхати ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути воситаҳои махсуси “Шаҳри бехатар” сабт гардида, то санаи 2-юми майи соли 2021 ҷаримаҳоро пардохт накардаанд, пешниҳод мегардад.
Вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд.
Пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди пойтахт ва қойдавайронкуниҳо дар қиёс ба солҳои пеш кам гардида бошад ҳам, вале то ҳанӯз омилу сабабҳое дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷой доранд, ки аз ҳар кадоми мо – иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маърифати баланди ҳуқуқӣ ва одобу муносибати шаҳрнишинро тақозо менамояд.
Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон, ба хусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, бо ин амали шоистаи худ садамаҳои нохуши нақлиётиро пешгирӣ намоянд.
Гул Маҳбуба
Тамға | Рақами қайди давлатӣ | ҚҲР | Ному насаб | Суроға | |
1 | Мерседес Бенс | 2050ВС01 | 15 | Раҳимов Ҳандулло Ҳабибуллоевич | ш.Душанбе, к.Айнӣ 169а |
2 | Опел Вектра | 5848ЕЕ01 | 15 | Гадоев Саидаҳмад Кокулович | ш.Душанбе, к. Шукуҳӣ х.30 |
3 | Опел Астра | 8147ВЕ01 | 13 | Одинаев Шерали Маҳмадкаримович | н.Рашт, ҷ/ш Навобод |
4 | Опел Астра | 6621НА01 | 13 | Давлатов Файзиддин Муминович | н.Рӯдакӣ, ҷ/д Гулистон |
5 | ВАЗ-2115 | 5604ВА01 | 18 | Садиров Масрур Ҷаҳонгирович | ш.Душанбе, к.Бохтар |
6 | Мерседес Бенс | 7541ЕЕ01 | 20 | Бурҳонов Собир Тиллоевич | н.Рӯдакӣ, ҷ.Роҳатӣ |
7 | Опел Астра | 4505АТ03 | 25 | Буйдоков Абдусалом | н.Фархор, к.Иттифоқ |
8 | Опел Астра | 5267РР01 | 14 | Гулмирзоев Бахтовар Давлатмирзоевич | ш.Душанбе, к. Н.Махсум 113-52 |
9 | Опел Астра | 0384РВ01 | 16 | Азизов Исомиддин Фахридинович | ш.Душанбе, к. 50-сол. Тоҷикистон |
10 | Тойота Ланд Крузер | 7555АС01 | 36 | Бадиев Арҷманд Мирзомуродович | ш.Душанбе, к.Деҳотӣ 58-106 |
11 | Тойота Камри | 6000ОВ01 | 14 | Пиров Сафарали Назаралиевич | ш.Душанбе, к. Б.Ғафуров 18\4-7 |
12 | Опел Вектра | 8456СР01 | 18 | Шамсудинзода Сангали Қиёмидин | н.Панҷ, к.Гагарин |