ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР КОМСОМОБОЛОД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС” ҶОН БОХТ

Шоми 9 май, соати 19:20, ронандаи “Мерседес”, сокини 32-солаи ҷамоати Навдии ноҳияи Нуробод  Саъдуллоев Баҳромҷон дар километри 133-юми роҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Эшонов Эшонҷон Тӯйчиевич, соли таваллудаш 2017, сокини ҷамоати деҳоти Комсомолободро пахш кардааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сокини 30-солаи қаблан барои дуздӣ судшудаи пойтахт ин дафъа бо иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ин мард шаби 19 апрел, соати 21:15 дар кӯчаи Б.Ғафуров бо зӯрӣ телефони мобили як наврси 16-соларо аз дасташ кашида гирифтааст. Ҳоло ба ӯ бар асоси моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ  барои ғоратгарӣ аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Як ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 20 апрел, соати 11 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи як сокини 27-солаи ҳамин ноҳия даромада, аз онҷо ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст. Акнун ба ин ҷавонзан бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ  барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон ваё ҷарима  ба маблағи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 10 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани писарбачаи хурдсол зери чархи “Мерседес-Бенс”

Рӯзи 9-уми майи соли 2021, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Саъдуллоев Баҳромҷон Фатҳиддинович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат кардан дар километри 133-юми роҳи мошингарди Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Эшонов Эшонҷон Тӯйчиевич, соли таваллудаш 2017, сокини ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Эшонов Э.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми апрели соли 2021, тахминан соати 21:15-дақиқа, дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт шахси номаълум бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасти писари ноболиғи 16-солааш, 1-адад телефонии мобилии тамғаи «Хонор-10», ки арзишаш 2 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button