ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

ХОНАИ БАРОДАРИ ГЕНЕРАЛ МАНСУРҶОН УМАРОВРО ДАР ФАРХОР ДУЗД ЗАДААСТ

Шаби 8 ба 9 май, хонаи падарии генерал Мансурҷон Умаров, раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Фархор дузд задааст. Дар ин хона, ки дар пушти бинои додгоҳи ноҳияи Фархор ҷойгир шудааст, Ғаффор Умаров, падари генерал Умаров ҳамроҳи писари дигараш Фаридун Умаров, маъруф бо лақаби “Пантера” зиндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дуздон шабона, вақте ин хонаро ғорат кардаанд, ки аҳли оилаи Умаровҳо ҳама дар Душанбе буданд ва хонаашон холӣ буд.

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фархор рӯзи 10 май гуфт, дуздон пули нақд ва тиллои зиёдро аз хонаи Фаридун Умаров ба яғмо бурдаанд.

Кормандони милиса ду ило 3 гумонбарро дастгир кардаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё онҳо дар ин дуздӣ даст доранд ё на?

Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.

Фаридун Умаров, ки дар мақоми сардори шуъбачаи мубориза бо маводи мухаддири ШВКД ноҳияи Фархор кор мекард, моҳи январи соли 2012 дар чорчӯби парвандаи наркобарони машҳур  Рустам Ҳаитов, муллақаб ба “Рустами Ҳаммер” бо иттиҳоми қочоқи 42 кило ҳероин дастгир гардид ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамроҳи “Пантера” ва Рустами Ҳаммер он вақт боз чанд афсари баландпояи ВКД, аз ҷумла Зафар Мирзоев, собиқ сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон ва Тоҳир Шеров, сардори шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири РВКД Душанбе дастгир шуданд.

Вале дар ниҳоят дар ин парвандаи пурсарусадо танҳо Рустами Ҳамер ба қочоқи маводи мухаддир айбдор дониста шуд ва маҳкум ба 24 соли зиндон шуд. Бақия бо ҳукмҳои нисбатан сабук халос хӯрданд ва хеле зуд ба озодӣ баромаданд.

Додгоҳ баъди чанде 7 сол ҳукми зиндони Фаридуни “Пантера”ро бар асоси қонуни афв ба сеюним сол иваз кард ва  моҳи августи соли 2014, баъди тақрибан ду солу 7 моҳ, Фаридун Умаров бар асоси қонуни нави афв аз маҳбас озод шуд. Мақомот гуфтанд, ки ӯ барои рафтори намунавиаш дар маҳбас мавриди афв қарор гирифтааст.

Генерал Мансурҷон Умаров қаблан раҳбарии муҳофизони шахсии президент Эмомалӣ Раҳмонро ба дӯш дошт ва аз соли 2011 то 2019 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Моҳи ноябри соли 2018 дар пайи ошӯби хунин дар зиндони Хуҷанд генерал Умаров ба ҷои генерал Иззатулло Шарифзода, маъруф бо лақаби “Зорро”, раҳбари Сарраёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.

Мансурҷон Умаров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button