ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНомаҳо ба президент

700 ҲАЗОР СОМОНӢ КУМАК – БА ОИЛАҲОИ ҚУРБОНИЁНИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ

Рӯзи 5 май раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  ба манзилҳои шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд ва ба ҳар оила 70 ҳазор сомонӣ, дар умум ба 10 оила 700 ҳазор сомонӣ кумаки пулӣ расондаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки раиси вилоят ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ зимнани боздид аз  манзилҳои ин 10 қурбонии ҳаводиси ахир: сокини Ҷамоати деҳоти Сурх – Бахтовар Маҳмудов,  сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ – Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух – Меҳрӯзиддин Болтаев таъкид кардаанд, ки “қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.”

Падари марҳум Ҳакимбой Ниёзов ба навбати худ гуфтааст, ки “ҳифзи марзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост ва мо бо тамоми нерӯ барои ҳимояи кишвар омода ҳастем”.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки фарзандони қурбониёни муноқишаи ахир таҳти таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта, баъди хатми мактаби миёна барои шомил шудани онҳо ба мактабҳои олӣ низ мусоидат хоҳанд кард. Ӯ афзуд, барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд низ гузошта мешавад.

Раиси вилояти Суғд рӯзи 5 май ҳамчунин дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, боздид карда, бо соҳибони онҳо суҳбат кардааст.

Ин диду боздидҳо дар пайи гуфтугӯи телефонии субҳи 5 майи президент Эмомалӣ Раҳмон бо Раҷаббой Аҳмадзода аст. Эмомалӣ Раҳмон дар он гуфтугӯ амр дод, ки мунтазам аз аҳволи оилаҳои осебдида бохабар шуда, дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор созанд ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд.Президент ҳамчунин супориш дод, ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 наздикони худро аз даст додаанд, кӯмакҳои моддию молиявӣ бирасонанд.

Давлат ва Ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем”, – зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқоташ бо сокинони Хоҷаи Аъло ва Сомониён.

КҲФ қаблан гуфта буд, ки дар ҷараёни нооромиҳои рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марз бо Қирғизистон Исфара 14 хона пурра ва ду хонаю як иншооти дигар қисман хароб карда шуда, як мактабу як хона дар деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров низ зарар дидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button