ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ ИБОРАТ АЗ 4 БАНД ДАР МУЗОКИРОТИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР БОДКАНД

Рӯзи 1 май дар вилояти Бодканди Қирғизистон музокироти ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар доир шуд. Ҳайъатҳоро раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷоми музокирот Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов ба назди хабарнигорон ҳозир шуданд ва гуфтанд, ки тарафҳо як протоколи иборат аз 4 бандро имзо кардаанд. Онҳо аз ифшои ҷузъиёти тавофуқоти бадастомада худдорӣ карданд.

Тошиев фақат гуфт, ки онҳо аз ҷумла дар мавриди оташбас ва аз  манотиқи марзӣ ба маҳалли истиқрори доимиашон ақиб кашидани тамоми нирӯҳое, ки ҳоло ба марз басиҷ шудаанд, тавофуқ карданд.

“Худо кунад, ки дар кишварҳои мо оромии комил ҳукмфармо шавад. Мо хеле умедворем, ки тамоми қарорҳои дар протокол дарҷшуда иҷро хоҳанд шуд”– гуфт Тошиев.

Раҳбари ҳайъати Тоҷикистон Саймумин Ятимов музокироти доиршударо музокироти мушкил, вале пурмаҳсул номид: “Мо барои он ҷамъ шудем, ки тамоми мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл кунем. Байни мо гуфтугӯи мушкиле сурат гирифт. Фоҷиае, ки дар манотиқи марзӣ рӯй дод, набояд дигар такрор шавад, чунки дар ин минтақаҳо халқҳои мо зиндагӣ доранд. Онҳо байни худ дӯстона ба сар мебаранд, даъвое бо якдигар надоранд. Мо, сиёсатмадорон, бояд масъалаҳоро ҳал карда, ба мардум имкони зиндагӣ дар сулҳу салоҳро фароҳам биорем. Ман бовар дорам, ки ба зудӣ суботи комил таъмини хоҳад шуд.”

Тавофуқ дар бораи рӯзи 1 май дар Бодканд  баргузор кардани музокироти ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон як рӯз пеш дар ҷараёни суҳбати телефонии президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба даст омада буд.

Ин музокирот дар пайи муноқишаҳои хунини рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи ин ду кишвар аст, ки бо ҳудуди 50 кушта ва беш аз 200 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир шудааст.

Нимаи дуюми рӯзи 30 апрел вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан ором шуда буд, вале рӯзи 1 май дар бораи тирпаррониҳои нав аз ин марз хабарҳо ба даст расиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button