ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 28 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 28 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

БО АРОБАЧА БУРДА МЕОРАНД: НИГАРОНИҲО АЗ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ МАҲМУРОД ОДИНАЕВ ДАР ЗИНДОН

НОТАИ ЭЪТИРОЗИИ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАВРИДИ БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ НОБОЛИҒИ ВОРУХ

СОКИНИ ХОНАСӮХТАИ КӮКТОШРО ДАР РУСИЯ ДАСТГИР КАРДАНД

ОШПАЗҲОИ ТОҶИК ДАР ЯК ДЕГ ЯКУНИМ ТОННА ОШИ ПАЛАВИ ХУҶАНДӢ ПУХТААНД

БОЗДОШТИ СОКИНИ КӮШОНИЁН БАРОИ МУНОҚИШАИ ХУНИН БО ҲАМДЕҲААШ ДАР РУСИЯ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 28 апрел бо нашри як иттилоияи расмӣ дар сомонааш хабар дод, ки рӯзи 27 апрел сафири Қирғизистон дар Душанбе Жаниш Рустенбеков ба вазорат даъват шуда, ба ӯ ёддошт ё нотаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супурда шуд. Дар ин ёддошт  дар робита ба “амалҳои ғайриқонунии марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба  ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар ҷамоати Ворух” изҳори нигаронии амиқ баён шудааст.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода  дар мулоқот бо сафири Қирғизистон  чунин амалҳои ғайриқонуниро, ки боиси эҷоди шиддат дар манотиқи марзӣ мешаванд, ғайри қобили қабул номида, аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, то ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон чораҳои оҷил андешида, аз натиҷаҳояш ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён бигузорад.

Қаблан сокинони Ворух шикоят карданд, ки ду хонандаи мактаби ин ҷамоатро рӯзи 26 апрел марзбонони қирғиз дар мавзеи Ғорбобо дастгир кардаанд ва он ду кӯдакро латтукӯб кардаанд.

Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 28 апрел хабарҳо дар бораи боздошти ду кӯдак дар Ворухро “фейк” ва “беасос” номида, рад карда буд.

Вақтҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дучори таниш шудааст. Танҳо дар ҳафтаи равон ин алакай дуюмин мавриди нотасупорӣ байни Бишкек ва Душанбест.

Рӯзи 26 апрел  Қирғизистон ба Тоҷикистон дар робита ба гум шудани ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нота  супурда буданд. Ду сокини ноҳияи Лайлак шаби 24 апрел дар наздикии марз бо Тоҷикистон гум шуданд. Баъд маълум шуд, ки онҳоро марзбонони тоҷик боздошт кардаанд. Бишкек дар нотааш Тоҷикистонро ба “рабудан”-и он ду шаҳрвандаш айбдор карда, аз Душанбе хост, ки қазияро таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ бикашонад.

Бо гузашти қариб 30 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

xxxxxxxxx

Сокини деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон Эсен Мажитов рӯзи 18 апрел, баробари омаданаш ба Русия дар шаҳри Нижний Новгород бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар Тоҷикистон Мажитовро ба таҳрик додани муноқишаи марзии рӯзи 8 майи соли 2020 дар марзи Кӯктош бо ҷамоати Чоркӯҳи Исфара айбдор мекунанд. Дар он муноқиша, ки ба тирпарронӣ аз силоҳҳои ҷангие, чун автомату миномёт печид, ду сокини Чоркӯҳ, як сокини Кӯктош ва се марзбони қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Эсен Мажитов  феълан барои 40 рӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Рӯзи 27 апрел як гуруҳ дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар Бишкек ҷамъ омада, талаб карданд, ки монеи истирдоди Мажитов ба Тоҷикистон шаванд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Эсен Мажитов на гунаҳкори муноқишаи як сол пеш, балки ҷабрдида аст, чунки дар ҷараёни муноқишаи хонаашро, ки дар хатти марз ҷойгир шудааст, сӯзонданд. Ӯ баъдан тавонист бо кумаки мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони қирғиз хонаашро барқарор кунад, вале девори атрофи ҳавлиашро, ки дар қитъаи баҳсии марз ҷойгир шудааст, сохта натавонист.

Мақомоти Қирғизистон низ иштироккунандагони тоҷики муноқишаҳо дар марз бо Тоҷикистонро дар Русия таъқиб мекунанд. Моҳи феврали соли 2021 додгоҳи ноҳияи Кугарчини ҷумҳурии Бошқирдистон сокини ҷамоати Ворух Фурқат Абдуфаттоевро барои 3 моҳ ба ҳабс гирифт. Моҳи март сокини дигари Ворух Диловарҷон Ҷӯраев дар Новосибирск дастгир ва танҳо баъди бозпурсиаш раҳо шуд. Ҳардуи онҳо аз ҷониби мақомоти Қирғизистон бо иттиҳоми ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ дар марзи Ворух бо Бодканд таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

xxxxxxxxx

Ошпазҳои моҳири тоҷик дар як деги гунҷоишаш 2 тонна  якуним тонна оши палави хуҷандӣ пухтаанд. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии “Ҷамъияти дӯстдорони оши палав” хабар дод.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ошпазҳои тоҷик ин оши палави рекордиро рӯзи 10 апрели соли 2021, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бар асоси фармоиш пухтаанд. Исми фармоишгар нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки барои чунин миқдори бузурги палав 400 кило биринҷ, 360 кило гӯшт, 500 кило сабзӣ, 130 литр равған, 220 литр об ва маҳсулоти дигар истифода шудааст.

Ошпазҳои Осиёи Марказӣ чанд сол боз барои пухтани миқдори рекордии ош байни худ мусобиқа мекунанд. Рекорди аз ҳама бузург дар пухтани ош моҳи сентябри соли 2017 дар Тошканд гузошта шуд. Дар як ҷашнвора дар пойтахти Ӯзбекистон дар як дег он вақт 7 тоннаву 360 кило оши палав пухта буданд, ки аксаран байни тамошобинон ва хонаҳои ятимон тақсим карда шуд.

Моҳи ноябри соли 2018 дар ҷашнвораи “Оши палав” дар шаҳри Душанбе дар як дег беш аз як тонна ош пухтанд. Вале дар вақти тақсими ин оши рекордӣ ҷанҷол бархост ва дар видеое, ки ба Интернет роҳ ёфт, дида мешуд, ки мардум барои гирифтани ош якдигарро тела дода, ҳар кадом бо лагану ҳатто каланд талош мекард, то миқдоре ош ба даст биорад. Видеои он “ҷанг барои ош” дар Интернет паҳн шуда, мавҷи интиқодҳои тунд ҳам аз ошхӯрон ва ҳам аз масъулони ҷашнвораро ба бор овард. Шаҳрдории Душанбе баъдан бо изҳори таассуф аз ин моҷаро гуфт, гунаҳкорони “бетартибӣ” дар Ҷашнвораи оши палав дар Боғи ба номи Фирдавсӣ ҷазо дода шуданд.

xxxxxxxxx

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Давлатшоҳ Мирзоев дар боздошт

Мақомоти милисаи ноҳияи Кӯшониён Давлатшоҳ Мирзоев, сокини 31-солаи ҷамоати Заргари ин ноҳияро, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, баъди  5 сол дастгир кардаанд. Подполковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Давлатшоҳ Мирзоев барои содир намудани ҷинояти касдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш айбдор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Бино ба ин манбаъ, Давлатшоҳ Мирзоев 1 феврали соли 2016 дар Русия аз рӯи хусумати шахсӣ ба ҳамдеҳааш, Ҳакимов Одилҷон, сокини ноҳияи мазкур, ҷамоати деҳоти Заргар, муноқиша кардааст. Дар ҷараёни муноқиша ӯ бо корд ду маротиба ба ҳамдеҳааш зарба зада, ба саломатиаш зарари вазнин расонидаву аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ҳоло нисбат ба Мирзоев Давлатшоҳ бар асоси  моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

xxxxxxxxx

Шоми 26 апрел, тахминан соати 18:50, Хайрулло Ҷабборов, ронандаи “Опел-Вектра”, сокини 51-солаи ҷамоати Меҳвари ноҳияи Панҷ дар роҳи Панҷ – Бохтар  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тошова Меҳринигор Мирзоевна, сокини 23-солаи ҷамоати Ватани ноҳияи Фархорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
xxxxxxxxx

Сокини 42-солаи қаблан судшудаи ҷамоати Саразми Панҷакент ба ғоратгарӣ айбдор мешавад. ВКД гуфт, ки ӯ шаби 9 март, тахминан соати 20:20 дар деҳаи Шӯрнови ҷамоати Саразм телефони мобил ва як миқдор пули сокини 30-солаи ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро бо зӯрӣ кашида гирифтааст. Ба марди дастгиршуда, ки қаблан бар асоси моддаи 111 бо иттиҳоми расондани осеб ба саломатӣ маҳкум шуда буд, ин дафъа бар асоси қисми дуюми моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои ғоратгарӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button