ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҶАВОНИ ҚИРҒИЗ ДАР НАЗДИКИИ МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН ГУМ ШУДААНД (ВИДЕО)

Шаби 24 апрел ду ҷавони қирғиз, соли таваллудашон 2000 ва 2002, дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ғайб задаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, дар робита ба гум шудани ин ду ҷавон мулоқоти намояндагони  қитъаҳои марзбонии Лайлаки Қирғизистон ва Ғончии Тоҷикистон сурат мегирад ва мақомоти зидахл ба ҷустуҷӯи онҳо пардохтаанд.

Бино ба иттилои расмии мақомоти вилояти Бодканд, ин ду ҷавон шоми 23 апрел бо мақсади посбонии маводи сохтмонӣ ба маҳалли сохтмони як коргоҳи дӯзандагӣ рафтаанд. Ин коргоҳ бояд дар деҳаи Эски-Оочуи ҷамоати Бешкенти ноҳияи Лайлак дар наздикии марз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шавад. Ин ду ҷавон шабро дар хайма  гузарондаанд, вале субҳ ба хона барнагаштаанд. Ҳамдеҳаҳо ба маҳалли посбонии онҳо омада, дидаанд, ки ҷавонҳо ғайб задаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Ашрапов Достон Ҳабибуллоевич, с.т. 2002 ва Канибек уулу Кубатбек, с.т.  2000  дар сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ кор мекарданд. Онҳо шаби 23 апрел, соати 22 корро тамом кардаанд, вале дар хайма мондаанд, то маводи сохтмониро посбонӣ кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видео аз ҷои ҳодиса нашр шудааст. Дар ин видео як зан, зоҳиран модари яке аз ҷавонҳои гумшуда бо садои гирён изи хун дар пойафзоли яке аз онҳоро нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд, марзбонҳои тоҷик низ дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ӯ аз ҷониби Тоҷикистон низ барои ёфтани ин ду ҷавон кумак металабад.

Бахши қирғизии радиои Озодӣ гузориш дод, ки сокинони маҳаллӣ эҳтимоли бо мақсади дуздии маводи сохтмон рабудани ин ду ҷавони посбонро сарфи назар намекунанд. Вале ҳокими ноҳияи Лайлак Бекмурат Баймуратов аз сокинон хостааст, ки иттилои расмии мақомоти тафтишотиро мунтазир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button