ВКД ТОҶИКИСТОН ШИНОСНОМА ДОДАНАШ БА ҶОСУСИ РУСИЯРО РАД МЕКУНАД
ВКД Тоҷикистон рӯзи 23 апрел бо нашри як маълумотномаи вижа аз Тоҷикистон шиноснома гирифтани яке аз нафарони гумонбар дар таркиши анборҳои аслиҳа дар Чехияро рад кард.
“Аз рӯи ахбороти расонавӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст”, – таъкид кардааст ВКД Тоҷикистон.
Ин ниҳод ҳамчунин дар масъалаи шиносномаи тоҷикии “Руслан Табаров” афзудааст, ки то кунун “дархости расмӣ аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.”
Аз рӯи ахбороти расонавӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст.
Инчунин дархости расмӣ аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.
Аммо дар ҳоле ки ВКД Тоҷикистон расман аз ин кишвар шиносномаи тоҷикӣ гирифтани яке аз гумонбарони таркишҳои соли 2014 дар анборҳои аслиҳаи Чехияро рад кард, мақомоти Гвардияи миллии Тоҷикистон то кунун дар робита ба боз як иттиҳоми дигари матраҳшуда дар моҷарои ахиран даргирифта байни Чехияву Русия – истифодаи афсарони хадамоти махсуси Русия аз номаи электронӣ аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехия – изҳори назар накардаанд.
Моҷарои ҷосусӣ байни Чехияву Русия рӯзи 17 апрел замоне сар зад, ки сарвазири Чехия Андрей Бабиш ва муовини аввалаш Ян Ҳамачек дар як нишасти хабарии изтирорӣ хабар доданд, ки Чехия 18 корманди сафорати Русияро, ки бино ба маълумоти мақомоти Ҷумҳурии Чех, “афсарони хадамоти вижаи Русия – СВР ва ГРУ будаанд”, ихроҷ мекунад.
Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави марбут ба таркишҳои соли 2014 дар анборҳои аслиҳа дар деҳаҳои Врбетитсе ва Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин, ки ду кушта ба ҷо гузошт, гирифта шуд. Бабиш ва Ҳамачек гуфтанд, ки дар он таркиш “афсарони ГРУ даст доштаанд”. Ҳамзамон пулиси Чехия рӯзи 17 апрел ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро дар робита ба тафтиши ҷиноятҳои сангин таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Петров ва Боширов дар асл ҷосусони ГРУ Анатолий Чепига ва Александр Мишкин буда, аз ҷониби Бритониё низ барои заҳр додани ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар соли 2018 дар шаҳраки Солсбери айбдор мешаванд.
Пулиси Чехия гуфт, Александр Петров ва Руслан Боширов тирамоҳи соли 2014 аввал аз Прага ва сипас аз вилоятҳои Моравияву Силезия ва Злин (дар шарқи Чехия) дидан карда, дар баробари шиносномаи русӣ “онҳо бо худ шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш – 18.07.1979, ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров, санаи таваллудаш 23.10.1975 доштанд.”
Ба дунбол, матбуот бо такя ба манобеи амниятии Чехия хабар дод, ки Петров ва Боширов соли 2014 барои роҳ ёфтан ба анборҳои аслиҳа дар канори шаҳри Злин як номаи электронӣ аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистонро низ истифода бурдаанд. Дар нома аз IMEX Group – як ширкати силоҳфурӯшии Чехия, ки анборҳои аслиҳа дар канори шаҳри Злинро иҷора гирифта буд, хоста мешуд, ки ба ду намояндаи Гвардияи миллии Тоҷикистон иҷозат бидиҳанд, ки ба хотири харидани аслиҳа аз анборҳои аслиҳаи ин ширкат дидан кунанд. Дар мактуби аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистон ирсолшуда нусхаи шиносномаҳо ба номи Руслан Табаров ва Никола Попа низ замима шуда, ин ду афсари ГРУ Русия ҳамчун намояндагони Гвардияи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуда будаанд.
Вале фародода (метадата)-и он номаро фиристандаҳояш аз байн бурда будаанд ва бино ба гузориши нашрияи чехии “Respekt”, мақомоти амниятии Чехия ба ин сабаб аз куҷо ирсол шудани он номаро муайян карда натавонистаанд.
Таркишҳо дар анборҳои аслиҳа дар рустоҳои Врбетитс ваи Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин 16 октябр ва 3 декабри соли 2014 рух дода, сабаби марги ду корманди ин анборҳо шуд. Дар пайи таркишҳо садҳо нафарро аз маҳалли ҳодиса кӯчонданд. Тоза кардани маҳалли таркиш чанд сол тӯл кашид ва тоза тирамоҳи соли 2020 анҷом ёфт.
Анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехияро замоне тарконданд, ки бино ба хабарҳо, ширкати силоҳфурӯшии IMEX Group тавассути Эмилиан Гебрев ном тоҷири булғор мебоист ба Гвардияи миллии Украина миқдори бузурги аслиҳа мефурӯхт. Эмилиан Гебрев, молики ширкати силоҳфурӯшии “Дунарит”-ро соли 2015 ду маротиба заҳролуд карданд. Бовар меравад, ки он ду сӯиқасд ба ҷони Гебрев низ кори дасти ГРУ буда, боз ҳам тавассути Анатолий Чепига ва Александр Мишкин анҷом шудааст.