ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

СОМОН ЭЙР ПАРВОЗҲОРО БА ТОШКАНД АФЗОИШ ДОД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта зиёд намуд. Акнун парвозҳо ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Дар рӯзҳои душанбе вақти парвоз аз Душанбе 09:30, аз Тошканд 11:50 ва дар рӯзҳои ҷумъа аз Душанбе 09:20, аз Тошканд 11:20 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Тибқи талаботҳои нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон кулли мусофирони аз 2-сола боло, ки вориди ин кишвар мешаванд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Шахсоне, ки маълумотномаашон ба талаботҳои ҷорӣ ҷавобгӯ нест, ҳамчунин шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19-ро доранд ва ё натиҷаи санҷиши PCR-тесташон мусбат мебошад, ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Кулли мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19) – натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Тошканд ба Душанбе азми сафар доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад. Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ҳамчунин шаҳрвандони АМА, Туркия, Қазоқистон ва Россия, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, иҷозатномаи вурудии мақомоти ваколатдори ҶТ лозим нест. Мусофироне, ки таби баланд ва ё нишонаҳои COVID-19-ро доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Давоми парвоз мусофиронро пӯшидани ниқоб ва дастпӯшҳои ҳифозаткунанда ҳатмӣ мебошад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндагии ширкат дар Тошканд, ширкати «APG UZBEKISTAN» ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

call-center@somonair.com,

Намояндагии ширкат дар Тошканд, ширкати “APG UZBEKISTAN”:

+998 (71) 120 88 75,

Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (93) 501 24 24,

+992 (90) 741 14 13,

+992 (98) 102 00 20,

+992 (93) 777 71 13,

+992 (98) 836 14 41.

Хадамоти матбуоти

ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»,

21.04.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button