ВидеоДин ва боварҳоТаърихТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 21 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 20 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Дар ин барнома:

БОЗДОШТИ САРХАТИБИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ДОМУЛЛО АБДУЛҲАҚ БАЪДИ СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ДАФНИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲ

БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ҚОНУНӢ КАРДАНИ МАҚОМАШОН ТО 30 ИЮН ФУРСАТ ДОДАНД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЛАКАЙ 36 ҲАЗОР НАФАР ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ГИРИФТААНД

МУСОҲИБАИ МУНАВВАРА НАБИЕВА – ДУХТАРИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚ РАҲМОН НАБИЕВ ВА ҲАМСАРИ СОБИҚИ ДАЛЕР НАЗАРОВ

СОМОН ЭЙР ПАРВОЗҲОРО БА ТОШКАНД АФЗОИШ ДОД

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ ФИРОРӢ ЧАНД РӮЗ БАЪДИ ПАХШ КАРДАНИ БАҲРОМ САЪДУЛЛОЕВ АЗ ҶАМОАТИ ЧАПАЕВ

ҲУШДОР АЗ ТӮФОН ДАР РӮЗҲОИ ОЯНДА: ТО ҲАДДИ ИМКОН ҲУШЁР БОШЕД!

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Бино ба иттилои манобеи сомонаи “Бомдод”, Домулло Абдулҳақ, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт шудааст.

Мақомоти амниятӣ сабаби боздошти рӯҳонии шинохтаро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, боздошти Домулло Абдулҳақ ҳамагӣ чанд рӯз баъди мавъизаи пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ сурат гирифт.

Дар видеое, ки ба идораи сомонаи “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки Домулло Абдулҳақ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.  Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Вале яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфт, мавъизаи ӯ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз  “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо он ходимони дин буд, ки бо дониши андак фатво содир мекунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд.

Дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ  ҳазорон нафар аз пайравонаш ва ҳамин тавр, аксари рӯҳониёни матраҳ дар арсаи динии Тоҷикистон иштирок карданд. Аксари ин рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла Домулло Абдулҳақ, дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ суханронӣ карданд.

ххххххх

Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, рӯзи 21 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе зимни натиҷагирӣ аз музокироти дурӯзааш пиромуни масоили муҳоҷирон бо мақомоти  Тоҷикистон хабар дод, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои қонунӣ кардани будубошашон то 30 июн фурсат дода мешавад. Онҳо то 30 июн бояд худро дар идораҳои муҳоҷират сабти ном карда, барои фаъолияти кориашон патент бигиранд. Раҳбари идораи муҳоҷирати ВКД Русия аз муҳоҷирон даъват кард, ки зинҳор ба миёнаравҳо муроҷиат накунанд, чунки онҳо метавонанд муҳоҷиронро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фиреб диҳанд, ки барои ин муҳоҷирон оқибатҳои, ба гуфтаи хонум Казакова, ногувор ба бор хоҳад овард.

Гуруҳи кории ВКД Русия таҳти роҳбарии Казакова рӯзи 20 апрел ба Душанбе омад ва бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва дигар мақомоти Тоҷикистон масоили марбут ба будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ кард.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро хеле зиёдтар аз арқоми воқеӣ мешуморанд.

Рӯзи 16 апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

 Ба дунбол, раиси ҳизби «Справедливая Россия» ва раиси собиқи собиқи Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия Сергей Миронов дар саҳифааш дар Твиттер зимни шарҳи маълумоти ВКД дар бораи вуҷуди беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия мақомотро ба надоштани азму иродаи қотеъ барои ҳалли ин масъала айбдор кард ва аз онҳо хост, то  бо муҳоҷирон зиёд ҳафту ҳашт накарда, онҳоро аз гиребонашон гирифта, пеш кунанд.» Ба ақидаи Миронов, маҳз бо айби муҳоҷирон сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд.

ххххххх

То 20 апрел дар Тоҷикистон алакай беш аз 36 ҳазор нафар ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Дар ин бора ба хабаргузориии давлатии “Ховар” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву беҳдоштии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.

“То имрӯз 36 ҳазору 190 нафар аз кормандони тибб, кормандони бахшҳои тиббии ВКД, КДАМЮ, фурудгоҳи Душанбе ва ҳамчунин устодону донишҷӯён ваксина гирифтаанд», — гуфтааст Наврӯз Ҷаъфаров.

Ваксиназанӣ аз коронавирус дар Тоҷиктстон рӯзи 23 март оғоз ёфт. Дар умум тибқи нақша дар кишвар бояд 6 миллиону 714 ҳазор нафар ваксинаи зидди коронавирус бигиранд.

Аввалин бастаи ваксинаҳои ширкати “AstraZeneca”, иборат аз 192 ҳазор доза, дар чорчӯби барномаи  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо номи COVAX , ки таъмини одилонаи кишварҳо бо ваксинаи зидди коронавирусро ба ҳадаф дорад, рӯзи 8 март бо як ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Деҳлии Ҳиндустон ба Душанбе оварда шуд. Тоҷикистон ахиран ҷиҳати ворид кардани 150 ҳазор ваксинаи тамғаи «CoronaVac» бо Хитой тавофуқ бастааст. Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, мақомоти Тоҷикистон қасд доранд ваксинаҳои русии тамғаи «Sputnik V» низ ворид кунанд.

Дар Тоҷикистон, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, беш аз 13 ҳазор мавриди сироят ба коронавирус ва ҳамагӣ 90 мавриди марги беморон аз ин вирус сабт шудааст. Аз аввали соли 2021 ин вазорат тақрибан ягон мавриди нави гирифторӣ ба коронавирусро дар кишвар сабт накардааст.

Аммо мунтақидон ба ин иддаои мақомот дар бораи “пирӯзии комил” бар коронавирус дар Тоҷикистон бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд.

хххххх

Мунаввара Набиева, духтари президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва ҳамсари собиқи овозхони шуҳратёри тоҷик Далер Назаров, дар як мусоҳибаи муфассал бо Радиои Озодӣ бархе ҷузъиёти то ҳол ногуфтаи рӯзгори пуршӯрашро ёдоварӣ кардааст. Мунаввара Набиева, корманди собиқи Академияи илмҳо, ки ҳоло 61 сол дорад ва нафақахӯр шудааст, аз ҷумла гуфтааст, ки онҳо ба фарзияи расмии мақомот дар бораи соли 1993, ҳамагӣ чанд моҳ баъди истеъфояш аз мақоми президентӣ гӯё бар асари сактаи қалб вафот кардани падараш бовар надоранд. Духтари президенти собиқ гуфт, падараш ҳеҷ гоҳ бемории дил надошт. Ӯ ҳамчунин гуфт, падараш аслан ҳаваси президентшавӣ надошт: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз ҳавохоҳони падарам буд ва ба хонаи мо меомад. Боре бо худ гӯсфандеро оварда, зери пойи падарам сари онро бурид ва гуфт, ки “Раҳмон Набиевич, Шумо бояд президент шавед”.

Мунавварра Набиева ҳамчунин аз издивоҷаш бо Далер Назаров қисса кардааст, ки онҳо ҳарду дар як мактаб мехонданд, вале оилаашон барои он фурӯ пошид, ки хеле ҷавон хонадор ва сипас зуд соҳиби фарзанд шуданд ва хуб намедонистанд,  ки акнун чӣ кор кунанд?

Вақте писари калониам таваллуд шуд, падарам ба Меҳрубон Назаров занг зада, гуфтанд, ки “Набераатонро чӣ ном мемонед?” Меҳрубон Назарович гуфтанд, “Ин набераи даҳуми ман аст, барои шумо – аввал. Ман ба шумо ҳаққи номгузориро медиҳам”, – нақл кардаааст Мунаввара Набиева.

Падари ӯ Раҳмон Набиев солҳои 1981-1985 котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва амалан роҳбари якуми ин ҷумҳурӣ буд. Соли 1985 ӯро мақомоти Маскав аз вазифа гирифтанд. Аммо Набиев соли 1991 дар нахустин интихоботи мустақими президенти Тоҷикистон  ғалаба карда, солҳои 1991-1992 роҳбарии кишварро аз нав ба даст гирифт. Моҳи сентябри соли 1992 як гуруҳи силоҳбадастони тарафдори мухолифин Раҳмон Набиевро дар фурудгоҳи Душанбе гаравгон гирифта, маҷбур карданд, ки аризаи истеъфояшро имзо кунад. Набиев 11 апрели соли 1993 дар як шароити мармуз дар манзилаш дар шаҳри Хуҷанд вафот кард.

Мунаввар Набиева аз издивоҷаш бо Далер Назаров ду фарзанд дорад. Писари калонии онҳо Аброр низ касби падарро пеш гирифта, овозхон шудааст.

ххххххх

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе афзоиш дод. Акнун парвозҳо ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Рӯзҳои душанбе вақти парвоз аз Душанбе 09:30, аз Тошканд 11:50 ва рӯзҳои ҷумъа аз Душанбе 09:20, аз Тошканд 11:20 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Тибқи талаботҳои нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон кулли мусофирони аз 2-сола боло, ки вориди ин кишвар мешаванд, бояд бо худ санади ташхиси коронавирус, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Шахсоне, ки маълумотномаашон ба талаботҳои ҷорӣ ҷавобгӯ нест, ҳамчунин шахсони дорои нишонаҳои COVID-19 ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Кулли мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирусро, ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ҳамчунин шаҳрвандони АМА, Туркия, Қазоқистон ва Россия, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, иҷозатномаи вурудии мақомоти ваколатдори ҶТ лозим нест. Мусофироне, ки таби баланд ва ё нишонаҳои COVID-19-ро доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Дар давоми парвоз барои мусофирон пӯшидани ниқоб ва дастпӯшҳои ҳифозаткунанда ҳатмӣ мебошад.

Ххххххх

Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 21-22 апрели соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, эҳтимоли боронҳои шадиду тӯфонӣ ва ҳатто эҳтимоли боридани барф дар баландиҳои беш аз 2500 метр вуҷуд дорад. Ҳавошиносон ҳамчунин аз эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар баъзе минтақаҳо ҳушдор медиҳанд.

Дар дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорист ва рӯдхонаҳои Қизилсу, Яхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб болоравии сабҳи об пешбинӣ шудааст. Аз сабаби боришҳо ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо то 22 апрел эҳтимолияти омадани сел дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад.

Дар ин  робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои кӯҳсор ва доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз сайругашт дар кӯҳҳо, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳосили дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта, моҳидорӣ худдорӣ намоянд, кӯдаконро ҳам беназорат нагузоранд.

Дар ҳолати пеш омадани ҳолати фавқулода ҳар як шаҳрванд метавонад бо ёрии рақамҳои: 112, 93 880 28 19 ё 223-13-11 барои кӯмак муроҷиат кунад

хххххх

Ва дар поёни барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Шаби 8 апрел, тахминан соати 00:50, ронандае ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди деҳаи Наврӯз (собиқ Чапаев) аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саъдуллоев Баҳром, с.т. 1979, сокини ноҳияи Балхиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, шаҳрванд Саъдуллоев Баҳром ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст. Ронандаи фирориро танҳо баъди чандин рӯз кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Балхӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пайдо ва дастгир кардаанд. Ӯ ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, рақами 75 56 RK 01, Кулилов Давлатхуҷа, с.т. 1981, сокини деҳаи Ахҷари ноҳияи Қубодиён,  будааст. Наврӯз (Чапаев) макони зиндагии чандин хонаводаи пурнуфуз, аз ҷумла хусурбачаҳои президент (Саъдуллоевҳо) ва қудоҳояш (Соҳибовҳо) мебошад.

Як ноболиғи 17-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23 март, соати 16:00 қулфи утоқи кории як орманди Маркази миллии тестиро шикаста, аз онҷо як компютер, як телефони мобилӣ ва ашёи дигар ба маблағи умумии 6 760 сомониро ба яғмо бурдааст.

Як зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин зан 10 декабри соли 2020  дар назди маркази савдои “Садбарг” ба боварии зани 53-солаи сокини Душанбе даромада, аз ӯ барои тиҷорат 178 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол  барнагардонидааст. Ӯ ҳамин тавр, 25 сентябри соли 2020, дар назди автоколоннаи №2927-и шаҳри Душанбе аз як марди 49солаи шаҳрванди Афғонистон 81 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button