ИқтисодТоҷикистон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ХОРУҒ

Ба дасти сомонаи “Бомдод” навори видеоие расид, ки дар он лаҳзаҳои сӯхтори субҳи якшанбе,  18 апрел, дар бозори марказии шаҳри Хоруғ сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки аз дохили бозор алангаи оташ ва дуди ғафсу ғализ ба осмон баланд мешавад,  корманди милиса монеи ба сӯи маҳалли сӯхтор рафтани раҳгузарон мешавад ва мошинҳои сӯхторнишонӣ бо садои баланди сирена ба ҷои ҳодиса меоянд. Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки чанд ҷавон бо телефонҳои мобили худ сӯхтор дар бозорро сабт карда истодаанд ва мошинҳои сӯхторнишонӣ ба сабаби паст будани симҳои хутути барқ худро бо мушкил ба маҳалли сӯхтор мерасонанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки бозори марказии шаҳри Хоруғ субҳи 18 апрел, тахминан соати 7:30 дучори сӯхтор шуд.  Сӯхторро танҳо баъди як соат, соати 8:25 воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда , Хадамоти сӯхторнишонӣ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба макони зист муштаракан хомӯш кардаанд.

Дар бораи ҳаҷму сабабҳои сӯхтор ва зарари ба бозорнишинҳо расондааш ҷузъиёте дода нашудааст. Вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сӯхтор дар бозори Хоруғ, хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт ва сабабҳои сар заданаш аз ҷониби мақомот таҳқиқ карда мешавад.

Бозори марказии Хоруғ бузургтарин бозор дар ҳарду вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон ба шумор меравад. Ба далели наздикиаш ба марз, сокинони Бадахшони Афғонистон низ барои харид ба бозори Хоруғ зиёд меоянд.

Вақтҳои охир чандин бозор дар Тоҷикистон дучори сӯхтор шуд. Мақомот маъмулан “расиши кӯтоҳи ноқилҳо”-ро сабаби ин оташсӯзиҳо ном мебаранд.

Аз ҷумла 25 январи соли ҷорӣ бозори “Султони Кабир” дучори сӯхтор шуд. Ҳамин боҳор моҳи июни соли 2018 низ ба коми оташ рафта буд.

Бозори “Корвон” дар тобистони соли 2017 ва аз он пеш ду дафъаи дигар дучори сӯхтор шуда, тобистони соли 2017 бозори ноҳияи Фархор ҳам ба коми оташ рафт.

Моҳи октябри соли 2017 сӯхтори дигар дар бозори “Хоҷӣ Шариф”, бузургтарин бозори  вилояти Хатлон рух дода, моҳи августи соли 2019 бозори шаҳри Кӯлоб оташ гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button