ВидеоМуҳоҷиронСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 20 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими сешанбе, 20 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Дар ин барнома:

ДАР ДУШАНБЕ НАМЕДОНАНД, КИ БАЪДИ “ОВАРДАН” -И ИЗЗАТ АМОН БО Ӯ ЧӢ КОР КУНАНД?

ТОҶИКИСТОН  ДАР БАЙНИ 20 КИШВАРИ САРКӮБГАРИ ОЗОДИИ МАТБУОТ ҶОЙ ГИРИФТ

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ХОРУҒ

МАРГИ ДАСТИКАМ СЕ ТИФЛ ДАР ЯК ҲАФТА: ДАР ЁВОН ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ  БАЙНИ ДУ ҲАМДЕҲА ДАР ХИСТЕВАРЗ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, рӯзи 20 апрел ба синни 48 расид. Як сол пеш Иззат Амон зодрӯзашро дар ҳоле истиқбол гирифт, ки маъракаи аз лиҳози вусъату домана бесобиқаеро барои муҳоҷирони тоҷики дар рӯзҳои пандемия дар Русия бекормонда ба роҳ андохта буд ва ҳар рӯз “бачаҳои Иззат” ба садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону кишварҳои дигар дар Маскав ва дигар манотиқи Русия кумакҳои ғизоӣ тақсим мекарданд.

Аммо имсол…. Имсол Иззат Амон бори аввал зодрӯзашро пушти панҷара ҷашн мегирад….

Моҳи март додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амонро, ки ҳанӯз соли 1996 ба даст оварда буд, бекор кард ва алакай рӯзи 25 март ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. ВКД Тоҷикистон рӯзе баъд эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ва аммо бо онки аз “овардан”-и Иззат Амон қариб як моҳ мегузарад, ба гуфтаи манобеи огоҳ, мақомоти зидахл дар ин қазия ҳоло намедонанд, ки бо ӯ чӣ кор кунанд?

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 20 апрел гуфт: “Тавре ба назар мерасад, овардани Иззат он натиҷаеро, ки интизор доштанд, дода натавонист. Чунки дар роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ харҷи ин қадар нерӯву вақт ва шояд ҳатто пулро барои овардани Иззатро ҳамчун “пул додану дарди сар харидан” ва як кори аз лиҳози сиёсӣ нобавақту нолозим маънидод карданд. Дар ҳар сурат, ин кор ба “боло” зиёд хуш наомад. Эътирозҳои муҳоҷирон аз ин амал ба оташи норозигии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон аз ин амали худсаронаи ВКД боз ҳам равғани бештар рехт.”

Манбаи дигари “Бомдод” дар мақомоти интизомӣ талвосаи зиёди мақомоти ВКД барои тавҷеҳи зарурати “овардан”-и Иззат Амон бо ҷалби  тамоми нирӯи “фермаи ҷавоб” ва нашри “ҷабрдидагон”-и навбанав аз ба ном “қаллобӣ”-ҳои ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро як навъ талоши бо ҳифзи обрӯ баромадан аз ин вазъияти “тангнои Иззат” мешуморад.

“Аз тамоми аъзои “фермаи ҷавоб” хоста шудааст, ки ба зидди Иззат Амон видео сабт ва нашр кунанд. Аксари муаллифон на Иззат Амонро мешиносанд, на ҳатто аз тақдири ӯ хабаре доранд ва ҳарчӣ фармуданд, мисли тӯтӣ такрор мекунанд. Ҷустуҷӯи саросемавори “ҷабрдидаҳо” низ нишон медиҳад, ки далелҳои кофие дар парвандаи Иззат надоранд ва ин парвандаро бо усули “говзӯр” пур карда истодаанд”,   – мегӯяд ин манбаъ.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз аввали солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард.

Ӯ нахустин ҳомии ҳуқуқи тоҷик нест, ки бо чунин усул – лағви шаҳрвандии Русия ва ихроҷ – аз Русия оварда мешавад.

Дар поёни соли 2017 ҳамин гуна Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талошҳои бенатиҷааш барои баргаштан ба Русия дар моҳи майи соли 2020 ба иллати сактаи қалб дар синни 57 аз олам чашм пӯшид.

Ххххх

Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз нигоҳи сатҳи озодии матбуот назар ба соли гузашта як зина поён рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 162-юм, дар байни 20 кишвари вазъи озодии матбуоташон аз ҳама бади дунё ҷой гирифт. Тоҷикистон дар раддабандии имсола низ аз нигоҳи озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ танҳо аз Туркманистон болотар меистад, вале аз се кишвари дигари минтақа ақиб мемонад.

Дар бахши Тоҷикистони гузориш гуфта мешавад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо касби унвони “Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” тамоюлаш ба сӯи худкомагиро афзуда, оштии миллии осебпазиреро, ки баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 ба даст омада буд, зери хатар мегузорад. “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, фишори ҳукумат якҷо бо буҳрони иқтисодӣ боиси баста шудани бисёре аз расонаҳои мустақил, аз ҷумла ҳафтаномаи “Озодагон” ва сомонаи “Ахбор” гардида, ҳамчунин боиси худсонсурӣ ва тарки кишвар кардани даҳҳо журналист шудааст.

“Таъқиби мақомоти амниятӣ, тарсондан ва таҳдид як амри маъмулии ҳаррӯза барои журналистон шуда, бархе онҳо, бино ба хабарҳо, ҳамчун “террорист” ба рӯйхатти сиёҳ шомил карда шудаанж. Хайрулло Мирсаидов, журналисти собиқ, барои 8 моҳ ва журналист Далер Шарипов барои як сол бо иттиҳомоти ҷиноятӣ ба пушти панҷара андохта шуданд. Журналистони хориҷӣ иҷозати фаъолият гирифта наметавонанд ваё  таҳти таҳдиди пайвастаи маҳрум шудан аз иҷозатнома қарор доранж. Мақомот дасти назорати худро бо истифода аз фанновариҳои навин дарозтар карда, барои беобрӯ кардани мунтақидон “фабрикаи троллҳо” таъсис додаанд. Масдуд кардани дастасӣ ба сомонаҳои хабарии маъруф ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як амри доим табдил ёфтааст”, – гуфта мешавад дар бахши Тоҷикистони гузориши созмони “Хабарнигорони бидуни марз”.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама баландтаринро Қирғизистон ба даст овардааст, ки дар мақоми 79 ҷой гирифтааст. “Хабарнигорони бидуни марз” дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо матбуоти Қирғизистонро начандон бад арзёбӣ карда, вале матбуоти Ӯзбекистону Қазоқистонро бад ва матбуоти 2 кишвари боқимондаи минтақа, яъне Тоҷикистону Туркманистонро бо ранги сиёҳ баҳои “хеле бад” додаанд.

Дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” бо номи “Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот 2021” Қазоқистон дар зинаи 155, Ӯзбекистон дар зинаи 157 ҷой гирифта, Туркманистон дар зинаи 178, дар байни се кишвари вазъи озодии матбуоташон аз ҳама бади дунё қарор дода шудааст.

Вазъи ҳатто аз Туркманистон ҳам бадтари матбуот танҳо дар кишвари африқоии Эритрея ва дар Кореяи шимолӣ мушоҳида шуда, Ҷибути ва Хитой дар зинаҳои 176 ва 177, дар паҳлуи Туркманистон гузошта шудаанд.

4 мақоми аввалро дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” кишварҳои Скандинавия – Норвегия, Финландия, Шветсия ва Дания ба даст овардаанд. Дар мақоми панҷум Коста Рика, як кишвари ҳавзаи Кариб ҷой гирифтааст.

ххххххх

Ба дасти сомонаи “Бомдод” навори видеоие расид, ки дар он лаҳзаҳои сӯхтори субҳи якшанбе,  18 апрел, дар бозори марказии шаҳри Хоруғ сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки аз дохили бозор алангаи оташ ва дуди ғафсу ғализ ба осмон баланд мешавад,  корманди милиса монеи ба сӯи маҳалли сӯхтор рафтани раҳгузарон мешавад ва мошинҳои сӯхторнишонӣ бо садои баланди сирена ба ҷои ҳодиса меоянд. Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки чанд ҷавон бо телефонҳои мобили худ сӯхтор дар бозорро сабт карда истодаанд ва мошинҳои сӯхторнишонӣ ба сабаби паст будани симҳои хутути барқ худро бо мушкил ба маҳалли сӯхтор мерасонанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки бозори марказии шаҳри Хоруғ субҳи 18 апрел, тахминан соати 7:30 дучори сӯхтор шуд.  Сӯхторро танҳо баъди як соат, соати 8:25 воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда , Хадамоти сӯхторнишонӣ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба макони зист муштаракан хомӯш кардаанд.

Дар бораи ҳаҷму сабабҳои сӯхтор ва зарари ба бозорнишинҳо расондааш ҷузъиёте дода нашудааст. Вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сӯхтор дар бозори Хоруғ, хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт ва сабабҳои сар заданаш аз ҷониби мақомот таҳқиқ карда мешавад.

Бозори марказии Хоруғ бузургтарин бозор дар ҳарду вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон ба шумор меравад. Ба далели наздикиаш ба марз, сокинони Бадахшони Афғонистон низ барои харид ба бозори Хоруғ зиёд меоянд.

Вақтҳои охир чандин бозор дар Тоҷикистон дучори сӯхтор шуд. Мақомот маъмулан “расиши кӯтоҳи ноқилҳо”-ро сабаби ин оташсӯзиҳо ном мебаранд.

Аз ҷумла 25 январи соли ҷорӣ бозори “Султони Кабир” дучори сӯхтор шуд. Ҳамин боҳор моҳи июни соли 2018 низ ба коми оташ рафта буд.

Бозори “Корвон” дар тобистони соли 2017 ва аз он пеш ду дафъаи дигар дучори сӯхтор шуда, тобистони соли 2017 бозори ноҳияи Фархор ҳам ба коми оташ рафт.

Моҳи октябри соли 2017 сӯхтори дигар дар бозори “Хоҷӣ Шариф”, бузургтарин бозори  вилояти Хатлон рух дода, моҳи августи соли 2019 бозори шаҳри Кӯлоб оташ гирифт.

хххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани боз як тифл хабар дод. Бино ба гузориши сомонаи ин ниҳод, рӯзи 18 апрел як модари ҷавон аз деҳаи Сабзазори ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон ҳамроҳи духтарчаи шашсолааш барои об меравад, вале ҳангоми обгирии модар, кӯдак ба канал сарозер мешавад. Модар ба хотири наҷоти ҷигарбандаш худро бо талвоса ба об задааст, вале натавонистааст ӯро наҷот диҳад. Худи ин занро як хонандаи синфи 11-уми мактаби №52 аз об берун кашида, наҷот додааст. Вале ҷасади кӯдаки ҷавонмарги ӯро танҳо баъди як рӯзи ҷустуҷӯ соати ҳашти субҳи 19 апрел 500 метр поёнтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, аз об берун овардаанд ва ба хешовандонаш супурдаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай дастикам 17 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак ғарқ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Соли гузашта дар обҳои ҷумҳурӣ 107 нафар, аз ҷумла 33 ноболиғи аз 4 то 17-cола ҷони худро аз даст дода буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки  ду духтари хурдсоли 5 ва 4-сола аз як хонаводаи сокини деҳаи Шаббодаи ҷамоати Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ дар дарёи Кофарниҳон  ғарқ шудаанд. Ин ду кӯдак нимаи дуюми рӯзи 14 апрел тахминан соати 15 ғайб заданд ва хешовандону сокинони деҳа ҷасади яке аз онҳоро танҳо як рӯз баъд, рӯзи 15 апрел, соати 14:30, тахминан 20 километр поёнтар аз манзили зисташон дар соҳили дарёи Кофарнишон дар назди деҳаи Гулибодом пайдо карданд. Ҷасади дуюмиро соати ҳашти субҳи 16 апрел тақрибан 5 километр дуртар аз деҳаи Шаббода дар мавзеи Насими Кӯҳсор низ аз соҳили дарё ёфтаанд.

хххххххх

Як ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо иттиҳоми сӯиқасд ба одамкушӣ боздошт шудааст. ВКД гуфт, шоми 18 апрел, тахминан соати 20:30, як марди 32-cолаи сокини Хистеварз дар дохили мошинаш (тамғаи “Опел Зефира”) бо ин ҷавон ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони чапаш як зарба задааст. Сипас, ҷавони 18-сола ба мард дарафтода, кордро аз дасти ӯ кашида гирифтааст ва 12 маротиба ба аъзои баданаш задааст. Тафтишот бояд акнун маълум кунад, ки ин ҷавон то кадом андоза аз ҳадди ҳимоят аз худ убур кардааст?


Сокини 34-солаи Душанбе шаби 17 феврал дар назди ошхонаи ғизоҳои тезпазаки “Набӣ” дар кӯчаи Нахимов марди 37-cола аз ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлобро латтукӯб карда, бо ашёи халандаву буранда (лезва) ба рӯяш зада, ӯро захмдор кардааст. Гумонбаршаванда баъди ду моҳи он ҳодиса ба даст афтодааст.

Сокини 31-солаи пойтахт соати дуи шаби 14 апрел ба як зани 25-сола дар назди хонааш дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамла карда, бо зӯроварӣ телефони тамғаи «Самсунг-Ҷ-2» ва миқдоре пулашро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ғоратгарро дастгир кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button