СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ХОРУҒ
Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Тоҷикистон (ВМКБ) хабар дод, ки субҳи 18 апрел, соати 7:30, бозори марказии шаҳри Хоруғ дучори сӯхтор шудааст.
Бино ба ин манбаъ, гуруҳи сеюми зудамали раёсат алакай соати 7:35 ва гуруҳи якуми зудамали шуъбаи КҲФ дар шаҳри Хоруғ соати 8:00 ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, онҳо тавонистаанд ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти сӯхторнишонӣ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба макони зист алакай соати 8:25 алангаи оташро хомӯш кунанд.
Дар бораи ҳаҷми сӯхтор ва зарари ба бозорнишонҳо расондааш дар иттилоияи расмӣ ҷузъиёте дода нашудааст. Вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иттилоияаш мегӯяд, сӯхтор дар бозори Хоруғ, хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт ва сабабҳои сар заданаш аз ҷониби мақомоти РВКД ВМКБ таҳқиқ карда мешавад.
Бозори марказии Хоруғ бузургтарин бозор дар ҳарду вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон ба шумор меравад. Ба далели наздикиаш ба марз, сокинони Бадахшони Афғонистон низ барои харид ба бозори Хоруғ зиёд меоянд.
Ҳамчунин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар қисмати Бадахшон чанд бозори наздимарзӣ низ амал мекунанд, ки машҳуртаринаш бозори Тем дар ноҳияи Ишкошим мебошад.
Вақтҳои охир чандин бозор дар Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст. Мақомот маъмулан “расиши кӯтоҳи ноқилҳо”-ро сабаби ин оташсӯзиҳо ном мебаранд.
Аз ҷумла 25 январи соли ҷорӣ бозори “Султони Кабир” дучори сӯхтор шуд. Ҳамин боҳор моҳи июни соли 2018 низ ба коми оташ рафта буд.
Бозори “Корвон” дар тобистони соли 2017 ва аз он пеш ду дафъаи дигар дучори сӯхтор шуда, тобистони соли 2017 бозори ноҳияи Фархор ҳам ба коми оташ рафт.
Моҳи октябри соли 2017 сӯхтори дигар дар бозори “Хоҷӣ Шариф”, бузургтарин бозори вилояти Хатлон рух дода, моҳи августи соли 2019 бозори шаҳри Кӯлоб оташ гирифт.
Сӯхтор дар бозори шаҳри Хоруғ. Сабабҳо номаълум. Мақомот гуфтанд таҳқиқ мекунанд
Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ субҳи рӯзи 18-уми апрели соли равон, соати 07:30 дақиқа дар Бозори марказии шаҳри Хоруғ сӯхтор ба амал омад.
Баъди гирифтани маълумот соати 07:35 дақиқа гурӯҳи 3-юми зудамал бо роҳбарии навбатдори масъули Раёсати Кумита дар шаҳри Хоруғ подполковник Ш. Шоисматов ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.
Соати 08:00 дақиқа гурӯҳи 1-уми зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Хоруғ низ ба ҷойи ҳодиса равона шуд.
Кормандони наҷоти Раёсати Кумита дар ВМКБ ҳамроҳ бо кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ ва наҷотдиҳандагони касбии Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ВМКБ талошҳои ҳамоҳангу зиёд карданд ва соати 08:25 дақиқа алангаи ин оташ хомӯш карда шуд.
Сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.
Сабабҳои сар задани он аз ҷониби мутахассисони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ таҳқиқ мешавад.