ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ДАР ТОҶИКИСТОН ФИЛИАЛИ МАРКАЗИ МУҲОҶИРАТИ МАСКАВ ТАШКИЛ МЕШАВАД (5 АКС)

Як гуруҳи кории шаҳрдории пойтахти Русия таҳти роҳбарии мудири кулли Маркази муҳоҷирати шаҳри Маскав (Маркази Сахарово) Сергей Балдин ахиран аз Душанбе боздид карда, тайи ин сафари дурӯзаашон ба ҷониби Тоҷикистон ташкили намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар ин кишварро пешниҳод кардааст.  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро пазируфтааст.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 14 апрел дар мулоқоти ин ҳайъат бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ  ҷониби Русия бо таъкиди ин ки норасоии қувваи корӣ дар шаҳри Москва ҷой дорад ва барои ин ҷониби Россия иқдоми Ҳукумати шаҳри Москваро ҷиҳати сохтани намояндагии “Маркази муҳоҷират” дар Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҷонибҳо ифтитоҳи намояндагии “Маркази муҳоҷират”-ро дар Тоҷикистон барои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва сода гардонидани раванди гирифтани ҳуҷҷатҳо ва дастрасии осони муҳоҷирон ба хизматрасониҳои мазкур мувофиқи мақсад донистанд”.

Ахиран муовини шаҳрдори Маскав оида ба масоили сиёсати иқтисодӣ Владимир Ефимов изҳор дошт, ки мақомоти Маскав умедвори аз байни бардоштани маҳдудиятҳо дар роҳи вуруди муҳоҷирони корӣ ба пойтахти Русия мебошанд, вале азбаски кай ҳал шудани ин масъала рӯшан нест, мақомоти Маскав худ дар фикри ҷустуҷӯи нирӯи кории лозим барои таъмини сохтмонҳои пойтахт бо коргар шудаанд. Ефимов гуфт, аз ҷумла ба ҳамин манзур намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар Ӯзбекистон кушода шуд ва акнун дар Тоҷикистон низ ташкил мешавад. Ефимов гуфт, Маскав барои амалӣ сохтани тарҳҳои худ, бахусус дар соҳаи сохтмон, ба нирӯи кори муҳоҷирон зарурат дорад.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ ҳафтае пеш  гуфт, Русия барои амалӣ сохтани барномаҳои пуриддаояш ба шумори бештари муҳоҷирони корӣ ниёз дорад.

Ширкатҳои сохтмонии Русия чанд моҳ боз боисрор аз ҳукумати он кишвар талаб доранд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро бикушояд, чунки соҳаи сохтмони Русия ба камбуди шадиди нирӯи корӣ дучор шудааст.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Ин амрро садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик, ки як сол боз наметавонанд ба Русия бираванд, бесаброна мунтазиру буданд. Вале нархи беинсофонаи парвозҳо, ки гоҳо аз 1000 доллар ҳам мегузарад, хоҳишмандони сафар ба Русияро сахт нигарон кардааст.

Пешниҳоди таъсиси намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой рӯзи 16 апрел дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

Президенти Русия Владимир Путин аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 фармоне баровард, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар Русия дармондаанд, метавонанд бидуни мушкил инҷо бимонанд. Ин фармони Путин ҳарсе моҳ тамдид карда мешавад ва бар асоси фармони охирини ӯ, замони будубоши бидуни муҷозоти муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия то 15 июн тамдид карда шудааст.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАШРИФИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ “МАРКАЗИ МУҲОҶИРАТ”-И ШАҲРИ МОСКВА

14 апрели соли равон Директори генералии “Маркази муҳоҷират”-и шаҳри Москваи Федератсия Россия С. Балдин бо як гурӯҳи корӣ барои баррасии масъалаҳои самти фаъолият, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар шаҳри Москва ба шаҳри Душанбе омад. Нимаи аввали рӯзи 15 апрел муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо ин гурӯҳи корӣ мулоқот намуда, доир ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Дар мулоқот Директори генералии “Маркази муҳоҷират С. Балдин, Муовини якуми директори генеарлии Марказ О. Нуждин, намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Илишев, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Россия дар Тоҷикистон М. Килясханов ва ҷонишини намояндаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират Ю. Г. Пряхин ҷониби Россияро намояндагӣ карданд. Дар рафти мулоқот ҷониби Россия маълумотро дар бораи самтҳои асосии фаъолияти “Маркази муҳоҷират” дар шаҳри Москва: маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирон барои дарёфти кор, тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои кор, тартиби будубош дар шаҳри Москва бо дарназардошти маҳдудиятҳои бо сабаби пайдоиши пандемияи КОВИД-19 эҷодгардида ва назорати вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Москва манзур кард.

 Қайд карда шуд, ки норасоии қувваи корӣ дар шаҳри Москва ҷой дорад ва барои ин ҷониби Россия иқдоми Ҳукумати шаҳри Москваро ҷиҳати сохтани намояндагии “Маркази муҳоҷират” дар Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҷонибҳо ифтитоҳи намояндагии “Маркази муҳоҷират”-ро дар Тоҷикистон барои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва сода гардонидани раванди гирифтани ҳуҷҷатҳо ва дастрасии осони муҳоҷирон ба хизматрасониҳои мазкур мувофиқи мақсад донистанд.

Дар рафти сафари кории дурӯзаи худ гурӯҳи корӣ аз МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, Хадамоти муҳоҷират, МД “Маркази таълими калонсолон” ва Колеҷи сохтмон дидан намуда, бо рафти қабул, маслиҳатдиҳӣ ва омодасозии мутахассисони бозори меҳнат, машваратдиҳӣ ба муҳоҷирон қабл аз сафар, касбомӯзӣ ва реинтегратсияи онҳо баъди бозгашт ошноӣ пайдо намуданд.

Баъд аз мулоқоту машваратҳои дуҷониба, тарафҳо ба натиҷа омаданд, ки дар ин самт мубодилаи иттилоот намуда, лоиҳаи ёддошти тафоҳум байни Вазорат ва “Марказ” таҳия карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button