ВидеоИқтисодМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲуқуқи инсон

ЗАРБУЛАҶАЛИ РУСИЯ БА КИШВАРҲОИ СНГ: ТО 15 ИЮН МУҲОҶИРОНАТОНРО БЕРУН БИКАШЕД!

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой рӯзи 16 апрел дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

Ҳамкасбон, ман мехоҳам ба шумо бо як хоҳиш муроҷиат кунам. Шумори бузурге аз шаҳрвандони шумо, ки имрӯз дар кишвари ман қарор доранд, ғайриқонунӣ дар инҷо ба сар мебаранд. Агар мо ин мардумро, тибқи фармони президент, то 15 июн берун накашем, ин мардум метавонанд муҷозот шаванд ва ҳатто аз Русия берун андохта шаванд ва марзҳо баста шаванд», – изҳор дошт Горовой хитоб ба аҳли ҷаласа. Ӯ аз мақомоти кишварҳои СНГ хост, барои ҳалли ин мушкил матбуот ва блогерҳои маҳаллиро ҳам ҷалб кунанд.

Горовой ваъда дод, ки то 15 июн нисбат ба муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, ягон хел ҷазо истифода нахоҳад шуд.

Президенти Русия Владимир Путин аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 фармоне баровард, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар Русия дармондаанд, метавонанд бидуни мушкил инҷо бимонанд. Ин фармони Путин ҳарсе моҳ тамдид карда мешавад ва бар асоси фармони охирини ӯ, замони будубоши бидуни муҷозоти муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия то 15 июн тамдид карда шудааст.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон.

Ҷамъи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русияро ҳоло беш аз 2 миллион нафар рақам мезананд. То шурӯи пандемия дар Русия беш аз 10 миллион муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла беш аз як миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекарданд.

Талаби берун кашидани муҳоҷирони хориҷӣ аз Русия дар ҳолест, ки аз 1 апрел Русия ба парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод ва мақомоти Маскав ахиран эълон карданд, ки ба далели камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳои пойтахти Русия мехоҳанд намояндагии Маркази муҳоҷирони Сахароворо дар Тоҷикистон ҳам таъсис бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button