Рӯзи 15 апрел Шералӣ Абдулқайсов, яке аз ҳунарпешаҳои хушноми театру синамои тоҷик ба синни мубораки 70 расид. Назархудо Дастамбуев дар ин рӯзи ҷашнаш Шералӣ Абдулқайсовро “Шери саҳнаи тоҷик” номида, Раҷаби Мирзо навиштааст, ки “Шералӣ Абдулқайсов аз ҷумлаи ҳунармандони хуби мост, ки дар ҳар нақш ӯро намебинед. Ҳамчун як бинанда ва мухлиси ҳунари эшон эҳсос мекунам, ки танҳо дар нақшҳое ба саҳна мебароянд, ки худро комилан ба он бахшида тавонанд. Самимона! ”
Шералӣ Абдулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1968 мактаби №8 деҳаи Дерзуд ва соли 1973 шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи педагогии Душанберо хатм кардааст. Ӯ баробари хатми донишкада ба театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор пазируфта шуд ва инак 48 сол боз дар саҳнаи ҳамин театр ҳунарнамоӣ мекунад.
Шералӣ Абдулқайсом ҳамчунин аз соли 1996 дар Донишкадаи санъат дарс медиҳад ва мудирии кафедраи маҳорати актёриро ба уҳда дорад.
Шералӣ Абдулқайсов дар ҳаёти иҷтимоӣ низ хеле фаъол буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар матбуот дар мавзӯъҳои доғи рӯз ҳамеша изҳори назар мекунад. Мақолаҳояш низ дар расонаҳо зиёд чоп мешаванд.
Раҷаб Мирзо
Шералӣ Абдулқайсов аз ҷумлаи ҳунармандони хуби мост, ки дар ҳар нақш ӯро намебинед. Ҳамчун як бинанда ва мухлиси ҳунари эшон эҳсос мекунам, ки танҳо дар нақшҳое ба саҳна мебароянд, ки худро комилан ба он бахшида тавонанд. Самимона!
Аз ҳамин ҷост, ки бовар дорам шогирдоне аз мактаби ӯ пайравӣ мекунанд, ҳатман дар ҷодаи худ муваффақ хоҳанд буд.
Дар зиндагии шахсӣ ҳам мактаби хоси худро дорад. Метавонам аз духтараш Фарзона, ки Хоҳар ва ҳамкори гиромии мост, мисол биёрам, ки инро исбот намуд.
70 солагӣ хуҷаста бод, Худованд ба беҳтарин орзуҳотон расонад, Устоди ҳунар ва Марди хушбахт!
Устоди ниҳоят гиромиқадр
Шерали Абдулқайсов!
Барои мо шарафи бузурге муяссар гардидааст, ки Шумо – яке аз саньаткорон ва донишманди тозаандешаро бо 70 – солагии зодрӯзатон аз самими қалб табрик гуфта, таманнои онро дорем,ки боз ҳамин миқдор дар хизмати халқу ватан бошед.
Шералии азиз! Шумо аз хушбахттарин Ҳунарпешаҳо ҳастед, ки фаъолияти эҷодиатонро дар маҳбубтарин, машҳуртарин театр- Театри Лоҳутӣ оғоз намуда, дуои насли якуми актёрони театрро, аз Артисти халқии СССР М. Қосимов сар карда, то Артисти халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бо камоли майл гирифтаед.
Шумо хушбахт ҳастед, ки бо 5 насли актёрон ва режисёрони Театри Лоҳутӣ кору эҷод кардаед ва ҳанӯз ҳам ҳунарҳои хешро чун актёр, режиссёр ва муҳаққик давом дода истодаед.
Мо аз хусуси нақшҳои эҷодкардаатон дар театру кино ҳарфе намегӯем, зеро онҳо ба хазинаи Тиллоии саньати Тоҷикистон ворид шудаанд. Мо аз натиҷаи фаъолияти педагогиатон дар Донишкадаи Саньати Тоҷикистон сухане намегӯем, зеро шогирдонатон имрӯзҳо дар театрҳои пойтахт ва музофотҳо сарбаландона кору фаъолият мекунанд.
Чун сухан аз фаъолияти нависандагӣ ва пажӯҳиши Шумо равад, китобҳоятон беҳтарин тадқиқотҳо, хотираҳо ва андешаҳои файласуфонаро дар бар мегиранд ва дастури бебаҳоянд ба муҳаққиқон, театршиносон, олимон ва донишҷӯён.
Шумо фаъолияти эҷодиатонро ҳам дар театр ва ҳам дар донишкада сарбаландона ба ҷо овардед.
Акнун, ба гуфтаи Устод Айнӣ, навбати қалам расид, мо ва мухлисонатон аз килки гуҳарбор ва
файласуфонаи Шумо асарҳои нав интизорем.
Бори дигар Шуморо табрик мекунем, Шери Саҳнаи Тоҷик!
Назархудо Дастамбуев ва аъзои фарҳангдусти “Равшандилон” 15 апрель соли 2021 ш. Душанбе.