ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА БО КӮДАКОН ДАР БОҒЧА, “БИЗНЕС” ДАР МАКТАБ ВА ДАР БОНК

Низомҷон Зубайдов, китобдори шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён дар давоми солҳои 2017-2019 даст ба азонихудкунии маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва рӯзномаҳо зада, аз ҷумла 35 ҳазор рӯзномаи нархаш 5,80 сомонииро бо нархи 6,40 сомонӣ фурӯхтааст.

Додгоҳ Рухсорамои Давлат, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 шаҳри Кӯлобро дар муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдакон гунаҳкор донист. Тафтишот мегӯяд, ин мураббӣ рӯзи 20 ноябри соли 2020 “барои ором нишаста бозӣ кардан дар ҳуҷраи бозии ҳамин муассиса” қошуқи алюминиро дар бухории (печкаи) тафсон гарм намуда, бо мақсади сарзаниш додан ба воситаи он рухсораи ду кӯдакро сӯзондааст.

Рустами Ҷамоллидин, хазинадори филиали №402 ҶСК “Орёнбонк” дар шаҳри Бохтар рӯзи 25 ноябри соли 2020 аз харидори шартӣ шаҳрванд “А.Б” 2600 доллари ИМА-ро ба ҷои қурби расмӣ, яъне 1130 сомонӣ барои 100 доллар, бо нархи 1140 сомонӣ ҳисобӣ кардааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ   

АЗОНИХУДКУНӢ АМВОЛИ ҒАЙР

   Прокуратураи вилояти Хатлон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятро бо айбдории Зубайдов Низомҷон Раҳмоналиевич бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида барон моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

  Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Зубайдов Н.Р. дар вазифаи китобдори шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён кор карда, дар давоми солҳои 2017-2019 даст ба азонихудкунии маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва рӯзномаҳои китобдорони муассисаҳои таълимии ин ноҳия задааст.

  Аз ҷумла, тибқи борхати №150 аз 26.06 соли 2019 аз ҶДММ “Ганҷ Нашрёт” дар асоси шартнома 35000 адад рӯзнома, ҳар як ададаш ба маблағи 5.80 сомонӣ қабул карда, аз ин шумора 31234 адади онро ба муассисаҳои таълимии ноҳия ба маблағи 6,40 сомонӣ фурӯхта, боқимонда 3766 адади онро ба маблағи умумии 21842,80 сомонӣ тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

  Бо чунин роҳ дар се ҳолат, ки дар маҷмуъ маблағи умумии 196756,40 сомониро ташкил медиҳад даст зада маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш заррари махсусан калон расонидааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Кушониён аз 25 январи соли 2021 Зубайдов Н.Р. бо аломатҳои моддаи 245 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардид.

МУНОСИБАТИ БЕРАҲМОНА

   Прокуратураи шаҳри Кӯлоб тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Рухсорамои Давлат бо моддаҳои 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

  Тафтишоти пешакии парвандаи ҷинояти муқаррар намуд, ки истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, Рухсорамои Д. ба ҳайси мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 шаҳри Кӯлоб кор карда, уҳдадориҳои қонунан ба зимааш гузоштаро оид ба таълиму тарбияи кӯдакон номатлуб иҷро карда, нисбати тарбиятгирандагони ноболиғ муносибати бераҳмона менамудааст.

  Аз ҷумла, 23 ноябри соли 2020 ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаи таҳсилоти томактабии болозикршуда ба хурдсолон Раҳмонов Сайдмудасир Маҳмадназарович, соли таваллудаш 28.08 соли 2015 ва Назаров Назаралӣ Сафарович, таваллудаш 30.04 соли 2016 муносибати бераҳмона намуда, барои ором нишаста бозӣ кардан дар ҳуҷраи бозии ҳамин муассиса қошуқи алюминиро дар бухории (печкаи) тафсон гарм намуда, бо мақсади сарзаниш додан ба воситаи он рухсораи номбурдагонро сӯзонида ба саломатиашон заррари сабуки ҷисмонӣ расонидааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 25.02 соли 2021 Рухсорамои Д. бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

ХАЗИНАДОР МАҲКУМ ГАРДИД

  Прокуратураи вилояти Хатлон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Рустами Ҷамоллидин бо моддаҳои 286 қисми 2 ва 295 қисми 1 (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва суистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои хориҷӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

  Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Амалётгар- хазинадори филиали №402 ҶСК “Орёнбонк” дар шаҳри Бохтар Рустами Ҷ., бо суистифодаи ваколати хизматӣ бархилофи талаботҳои Дастурамали вазифавӣ амал намуда, бе иҷозати роҳбарият ва масъулини дар дохили бинои филиали бонки мазкур 25 ноябри соли 2020 аз харидори шартӣ шаҳрванд “А.Б” 100 доллари ИМА-ро аз меъёри муқарраркардаи Бонки миллим Тоҷикистон, ки дар рӯзи 25 ноябри соли 2020 бо арзиши 1130 сомонӣ муайян карда шудааст, барзиёд 1140 сомонӣ ҳисоби карда, дар маҷмуъ 2600 доллари ИМА-ро бо додани маблағи 29640 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои филиали бонк бо роҳи иваз намудан аз харидори шартӣ бо мақсади минбаъд дар бозори сиёҳ бо нархи зиёдтар фурӯхтан ва фоидаи муфт ба манфиати шахсӣ амал намудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 03.01 соли 2021 Рустами Ҷ. бо моддаҳои 286 қисми 2 ва 295 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардид.

САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

  Прокуратураи шаҳри Кӯлоб тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Аҳтамов Сайфиддин Асомуддинович бо моддаҳои 343 қисми 1(Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

  Тафтишоти пешакии парвандаи ҷинояти муқаррар намуд, ки истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Гултеппа дар қайди ҳарбии Комиссариата ҳарбии шаҳри Кӯлоб буда, ҳамчун даъватшаванда 27 ва 28 августа соли 2020 дар асоси даъватнома ухдадор шудааст, ки барои гузаштан аз муоинаи ҳарбии тиббӣ 28 августа соли 2020 ба комиссариата ҳарбӣ ҳозир шавад. Аммо ӯ бе ягон асос дар рӯзи муқарраршуда ба комиссариата ҳарбӣ ҳозир нагардида бо ҳамин роҳ аз сафарбар гардидан ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашӣ намудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 05.02 соли 2021 Аҳтамов С.А. бо моддаи 343 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button