Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 март бо имзои як фармони алоҳида Сафарзода Носирхонро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,” аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод кард.
Мақомот дар ин бора расман тафсилоти дигар надодаанд, вале “Азия Плюс” як рӯз пеш бо такя ба манбааш дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон хабар дод, ки додраси додгоҳи иқтисодии ин вилоят Носирхон Сафарзода рӯзи 9 март аз ҷониби мақомоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 5 ҳазор доллар дастгир шудааст.
Носирхон Сафарзода қаблан дар додгоҳи шаҳри Панҷакент кор мекард, аз соли 2017 ба ҳайси додрас дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон кор мекард.
Назари худи Сафарзода ва наздикон ё вакилаш дастрас нест, вале аз раёсати вилоятии Агентии мубориза бо коррупсия ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки нисбати Носирхон Сафарзода бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми гирифтани пора парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад. Ҳар сол президент чандин фармони барканории судяҳо бо айни далели “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”-ро содир мекунад.
Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар ҷумлаи кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст. Созмони Transparency International моҳе пеш дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз лиҳози сатҳи коррупсия дар байни 180 кишвар и дунё дар мақоми 149-ум ҷой дода буд.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи судяи
суди иқтисодии вилояти Хатлон
озод намудани Сафарзода Носирхон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Носирхон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 марти соли 2021
№143