ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРДИ ҚАБЛАН СУДШУДА ПАДАРУ ПИСАРРО ДАР БОЗОРИ ИСФАРА КОРД ЗАД

Як сокини  27-солаи Исфара, ки соли 2012 бо ҷурми куштор ва дуздии мошин зиндонӣ шуда буд, рӯзи 14 январ, соати 14 дар бозори марказии Исфара бо корд ду маротиба ба дасту пои як ҷавони 21-сола ва як маротиба ба пои падари 44-солаи ӯ задааст.

Шоми 15 январ, соати 18:40 як пиёдагарди 60-сола аз ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норак дар роҳи Душанбе –Кӯлоб зери чархи мошини “Лексус-450” ҷон бохтааст.

Сокини 40-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи ноҳияи Шаҳринав бо гумони дуздии 17 метр ноқил аз як сохтмон дар маҳаллаи Зарафшони ш. Душанбе боздошт шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 16 январи маркази матбуоти  ВКД Тоҷикистон

Боздошти марди 27-сола бо гумони захмӣ намудани ду нафар бо корд

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, ки соли 2012, бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст.
Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашинаи тамғаи «Лексус-450»

Рӯзи 15-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-450», Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралӣ, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тоиров И.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 29-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:00, бо роҳи пинҳонӣ аз таҳхонаи яке аз биноҳои кӯчаи Испечак ноқили ТПП 100 х 2, истгоҳи рақами 232 ва 237-ро ба миқдори 17-метр дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 74 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button