ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 13 ЯНВАРИ СОЛИ 2020

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 13 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

Раиси вилояти Хатлон ба зане, ки бо тифлаш дар таҳхона зиндагӣ дошт, хона туҳфа кард

Адвокате, ки аз “говсуд” танқид мекард, ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд

Ҳукми зиндони сокини Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитов барои пайравӣ ба ҷараёни салафия

Боздошти  қиморбозони “қарасан-топасан” ва “алик-малик” ва ошкор шудани дуздӣ аз 7 терминали пулгузаронӣ дар Хуҷанд

Дар Туркманистон барои харидани нон бояд санад нишон диҳанд

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Бо супориши Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба Чамангул Боймуродова, зане, ки бо кӯдакаш дар шаҳри Бохтар дар як таҳхонаи орӣ аз оддитарин шароит зиндагӣ мекард, хона туҳфа кардаанд.

Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи  раиси вилояти Хатлон гуфт, ба Чамангул Боймуродова, сокини 39-солаи Бохтар ва писари панҷсолааш Юсуфҷон хонаи якҳуҷрагӣ бо тамоми шароит таъмин карда шуд.

Инчунин ба ин оила телевизор, сару либос, маводи ғизоӣ ва барои Юсуфҷон ҳамчунин бозичаҳои кӯдакона, велосипед  туҳфа кардаанд, – хабар дод Носирҷон Маъмурзода. Ба иттилои ӯ, ин занро бо ҷои кор низ таъмин карда, писараш Юсуфҷонро дар кӯдакистони №7 ба таври ройгон зери тарбия гирифтаанд.

Чамангул Боймуродова, ки маъюби гуруҳи сеюм аст,  қаблан дар таҳхонаи яке аз биноҳои баландошёна дар қасабаи 14-уми шаҳри Бохтар дар шароити хеле сахт зиндагӣ мекард. Қиссаи пургудози зиндагии сахти ин зан ва фарзандашро чанд рӯз пеш хабарнигори нашрияи “Фараж” Раҳмоналӣ Додархӯҷаев расонаӣ кард ва алакай дар байни се рӯз мақомоти маҳаллӣ бо амри раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба кумаки ӯву кӯдакаш расиданд.

ххххххх

Додгоҳи ноҳияи Вахш адвокат Саиднуриддин Шамсиддиновро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси Саиди Садр аз беадолатиҳо дар низоми додситониву додгоҳии Тоҷикистон интиқод мекард, бо ҷурми фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин ва туҳмат ба як додситон ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Наздикони ӯ мутмаинанд, ки маҳз ҳамин мақолаҳои танқидӣ ва “говсуд” номидани бархе парвандаҳо ба мақомот хуш наомадааст ва онҳо аз Саиднуриддин Шамсиддинов қасос гирифтаанд. Шамсиддинов дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бо муроҷиат ба раисиҷумҳур менавишт, ки баъзе судяҳои Хатлонба хатокорӣ роҳ дода, тақдири инсонҳоро бо роҳи хато ҳал карда, чандин камбағалро беасосговсудкарда гаштаанд.”

Ӯ рӯзи 25 декабр дар сухани охиринаш дар додгоҳ  низ худро бегуноҳ номида, гуфтааст, ки дар ҷараёни тафтишот таҳти фишор ва маҷбурӣ ба протоколҳои бозпурсӣ имзо гузоштааст.

Адвокат Файзи Олӣ гуфт, аз ҳукми Саиднуриддин Шамсиддинов шикоят мебаранд. “Дар мавриди харидуфурӯши ғайриқонунии замин ҳамаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кардем. Заминро падараш фурӯхтааст, ки ҳоло дар ҳаёт нест. Имзои падараш дар ҳуҷҷатҳо ҳаст. Дар хусуси паҳн кардани маълумоти бардурӯғ нисбат ба прокурор. Ягон маълумоти ғайриқонунӣ нашр накардааст. Бо такя ба ҳамин далелҳо ариза пешниҳод кардем“, — гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон мавриди ҳукми зиндони адвокатҳо нест. Дар соли 2016 Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ба 28 ва 21 соли зиндон маҳкум шуданд. Соли 2014 Шуҳрат Қудратов бо як парвандаи, ба гуфтаи худи ӯ, бофта маҳкум ба 4 соли зиндон шуд ва баъди озод шуданаш тарки Тоҷикистон карда, ҳоло дар Русия кору зиндагӣ мекунад.

хххххххх

Додгоҳи шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитовро бо ҷурми узвият дар ҳаракати динии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба 5 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.  Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 январ дар як иттилоия гуфт,   “Ҳаитов Абдуллоҳ Боймуротович аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият намуда, аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, то инҷониб ҳамчун аъзои фаъоли равняи мазкур иштирок карда, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.” Назари маҳкумшуда ва наздикону адвокати ӯ ба ин ҳукми додгоҳ дастрас нест. Фаъолияти Салафия дар Тоҷикистон соли 2019 расман манъ шуд. Дар пайи ин, даҳҳо нафар аз пайравони Салафия маҳкум ба зиндон шуда, садҳо нафари дигар тарки Тоҷикистон карданд.

хххххх

Дар шаҳри Хуҷанд ду қиморбози ашаддӣ – Рустам Абдуаҳадов, с.т. 1988, сокини ҷамоати Нофароҷи Истаравшан ва Саъдии Муҳиддин, с.т. 1990, сокини маҳаллаи 13-уми Хуҷандро барои пайваста дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе” ташкил кардани қиморбозӣ, ки дар байни мардум бо номҳои “алик – малик” ва “қарасан –топасан” маъруфанд, дастгир кардаанд. Саъдии Муҳиддин бо ҳукми додгоҳ ба 10 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ ва Рустам Абдуаҳадов ба 7 рӯзи ҳабс маҳкум шудаанд. РВКД вилояти Суғд аксҳои ин ду қиморбозро нашр кард, ки чӣ гуна дар ҳабс ба тоза кардани барф машғуланд. РВКД гуфт, онҳо ба дигар корҳои барои ҷамъият муфид, аз ҷумла тоза кардани биноҳо низ машғул хоҳанд шуд. РВКД аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳарчанд қиморбозии кӯчагӣ “алик – малик” ва “қарасан –топасан” мардумфиребии рӯирост ҳам бошанд, бархе ба доми фиреби ин қиморбозон меафтанд ва инҳо аз ҳисоби мардуми зудбовар барои худ манбаи даромади муфт дуруст кардаанд.

хххххх

Кормандони милиса дар шаҳри  Хуҷанд нафарони гумонбар ба дуздӣ аз 7 терминали пулгузарониро боздошт кардаанд. РВКД вилояти Суғд гуфт, бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо, с.т. 1993 ва 1999, ва шарики онҳо Сӯҳроб Ҷӯраев, с.т. 2000, давоми моҳи декабр ба воситаи асбоби мехкашӣ сарпӯши 7 терминал дар маҳаллаҳои 13,18, 20 ва 28-уми Хуҷандро кушода, дастгоҳи пулқабулкунии “КЕШ-код”-и ин терминалҳоро шикаста, аз 2760 то 12 ҳазор сомонӣ пулро ба яғмо бурдаанд. Масалан, санаи 14-уми декабр аз терминали назди мағозаи “Доро”, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд гумонбаршудаҳо 7 518 сомонӣ тасарруф карда, дастгоҳҳои ҳисоб ва қабули пул маҷмуан 4 953 сомонӣ арзиш доштаи терминалро шикаста корношоям кардаанд. Ё ин ки, бо ҳамин шева дар назди мағозаи “Сафия”, воқеъ дар маҳаллаи 28-ум зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ тасарруф ва 4 900 сомонӣ зарари техникии молу мулкӣ расонидаанд.
 Ба зидди ин се нафар бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

xхххххх

Дар мағозаҳои давлатии вилояти Марви Туркманистон рӯзи 12 январ нонро ба аҳолӣ танҳо бар асоси санад дар бораи шумораи аъзои оила фурӯхтаанд. Ин гуна санадро сокинон бояд аз идораи манзил бигиранд. Вале дар ин идораҳо аз аҳолӣ барои гирифтани чунин санад талаб мекунанд, ки санади пардохти пули газу обу барқро оварда нишон диҳанд. Аммо барои гирифтани санади пардохти пулу газу обу барқ сокинон бояд аз маҳалли зисти худ санад бурда, ба идораҳои газу барқу об нишон диҳанд. Сокинон бояд ин ҳама қоғазбозиро анҷом бидиҳанд, то битавонанд, ки аз мағоза ягон нон бихаранд.

Ин талаботи нав боиси ҷамъ шудани навбатҳои бузург ҳам дар мағозаҳо ва ҳам дар пушти дари идораҳои манзил ва газу обу барқ шудааст.

Туркманистон аз соли гузашта ба мушкили ҷиддие дар мавриди таъмини аҳолиаш бо нон рӯбарӯ шудааст. 

Ин кишвар ҳамчунин аз 1 январи соли 2012 барои бори аввал дар таърихи истиқлолаш ба пурра ситондани пули газ, барқ ва об сар кард. То он дам бо шарофати нархи баланди нафту газ дар Туркманистон истифодаи як ҳаҷми муайяни газу барқ ва об бепул буд. Сокинон ҳамчунин имтиёз доштанд, ки як ҳаҷми муайяни бензину дизелро ҳар моҳ аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ бепул ё бо нархи хеле камтар ба даст биоранд.

Вале дар солҳои охир бори ин имтиёзҳо барои ҳукумат гарон омад ва барқу газу об дар Туркманистон пулакӣ шуд. Дар ин байн дар ин кишвари саршор аз манобеи нафту газ маҳсулоти хӯрокворӣ камчин шуд ва ҳоло намудҳои асосии маҳсулоти ғизоӣ  дар Туркманистон бо талон фурӯхта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button