ВидеоСиёсатТоҷикистон

ШИОРҲО БО ТАЛАБИ ИСТЕЪФОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР ИСФАРА ПОК КАРДААНД

Шаби 9 ба 10 январ дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори марказии шаҳри Исфара шахсони номаълум бо талаби истеъфои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шиор навиштаанд.  Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Исфара хабар доданд, ки мақомот алакай субҳи 10 январ ин шиорҳоро пок кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, рӯзи якшанбе, 10 январ дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори марказии Исфара ва атрофи он шумори зиёди кормандони милиса ва амният дида мешуд ва ба раҳгузарон иҷозати акс ё навор гирифтани ҷои шиорҳоро намедоданд.

Дар як ҳафтаи охир ин бори дуюм аст, ки дар шаҳрҳои вилояти Суғд шиорҳо бо талаби истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон пайдо мешаванд.

Шаби 3 январ шахсони номаълум дар рӯи фарши роҳрав ва як девор дар хиёбони Шарқ дар наздикии бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд низ шиорҳое бо талаби истеъфои президент навишта буданд. Видеои он шиорҳои пойгоҳи оппозитсионии “Ислоҳ ТВ” нашр кард, вале дар видеое, ки сокинон рӯзе баъд ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешуд, ки мақомот он шиорҳоро ҳам дар девор ва ҳам дар рӯи фарши роҳрав ранг кардаанд.

Мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун хабару видеоҳои нашршуда дар бораи шиорҳои зидди Эмомалӣ Раҳмон дар Исфараву Хуҷандро шарҳ надодаанд.

Насби чунин шиорҳои зидди президент Раҳмон дар солҳои охир дар Тоҷикистон бесобиқа аст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 68 сол дорад ва аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, дар интихоботи моҳи октябри соли 2020 бо касби 90,92 фоизи овозҳо бори дигар ғолиб омад ва замони раёсаташро то соли 2027 тамдид кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button