Минтақа ва ҷаҳонСиёсатҲуқуқи инсон

ЭЪТИРОЗҲО ДАР ҚАЗОҚИСТОН ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТ (ВИДЕО)

Рӯзи 10 январ дар Қазоқистон интихоботи вакилони маҷлиси поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ доир мешавад. Дар интихобот 5 ҳизб иштирок мекунанд. Ба ҳизбҳои оппозитсионӣ имкони ширкат дар ин интихоботро надоданд. Рӯзи 10 январ дар чанд шаҳри Қазоқистон, аз ҷумла дар Алмато ва Нурсултон намоишҳои эътирозӣ доир шуданд. Пулис даҳҳо нафарро дастгир кард.  Танҳо дар Алма-Ато 31 нафар боздошт шудаанд. Даҳҳо тани дигар аз фаъолон дар арафаи интихобот мавриди боздошту ҷаримабандӣ қарор гирифтанд.

Бино ба гузориши радиои «Азаттык», танҳо дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алма-Ато дастикам 31 нафар дастгир шудаанд. Аксари онҳоро ҳангоми наздик шудан ба ин майдон дастгир кардаанд.

Гуруҳи эътирозгарон ба раҳабрии Ҷонболат Мамайро нирӯҳои вижаи пулис алакай дар буриши кӯчаи Саптаев ва хиёбони Назарбоев ба иҳота гирифт. Бино ба гузоришҳо, як кӯча онтарафтар пулис пеши роҳи гуруҳи фаъолон аз ҷунбиши «Oyan, Qazaqstan”-ро гирифтааст.

Дар рӯзи интихоботи парлумон ва маслиҳатҳо (маҷлисҳои маҳаллӣ) чанд гуруҳи мухолифин аз сокинон даъват кард, ки барои эътироз ба хиёбонҳо бирезанд. Бархе аз боздоштшудаҳо дар майдони Ҷумҳурӣ мардумро ба таҳрими интихобот даъват мекарданд.

Дар майдони Ҷумҳурӣ рӯзи 10 январ дастрасӣ ба Интернетро масдуд карданд. Атрофи муҷассамаи Истиқлолро нирӯҳои пулис печондаанд, вале дар онҷо эълоне дида мешавад, ки гӯё дар майдон «корҳои тармимӣ гузаронда мешаванд».  Атрофи майдон пур аз мошинҳои пулис ва автозакҳост.

Ва аммо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев субҳи 10 январ ҳангоми овоз доданаш дар қитъаи интихоботии №58 дар шаҳри Нурсултон дар посух ба суоли хабарнигори радиои «Азаттык» гуфт, «нисбат ба эътирозгарон ягон навъ чораҳои таъқиботӣ андешида намешаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дақиқан бар асоси қонунгузории мо амал хоҳанд кард.»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button