ВидеоҲодисаҶомеа

ВИДЕОИ “ЗАНАКҶАНГ”: БОЗДОШТИ 3 ҶАВОНЗАН БАРОИ АВБОШӢ ДАР ДУШАНБЕ

РВКД Душанбе хабар дод, ки дар пайи занозании байни як гуруҳи ҷавонзанҳо, ки соати дуи шаби 25 декабр дар назди тарабхонаи “Самира” дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт рӯй дод, се ҷавонзани аз 22 то 24-сола дастгир гардида, нисбат ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Акнун ба ин се ҷавонзан ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сабти видеоии ҷанги байни ҷавонзанҳо ба Интернет роҳ ёфта, сару садои зиёд ба по кард. РВКД Душанбе гуфт, дар натиҷаи таҳқиқ маълум шуд, ки шаҳрвандон Зарина Қарахонова, с.т. 1996, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, Фирӯзаи Маҳмадмӯсо, с.т1998, сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ва Тожиниссо Тағойбекова, с.т. 1996, сокини деҳаи Ҷ.Балхии ноҳияи Рӯдакӣ соати тахминан дуи шаби 25 декабр дар назди тарабхонаи «Самира» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, шаҳрванд Шукронаи Азизулло санаи таваллудаш 09.08.2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Деҳотиро мавриди латтукӯб қарор додаанд.

Милитсияи пойтахт ҳамзамон аз рафтори бетарафонаи издиҳоми тамошобинон ба ин “занакҷанг” изҳори нигаронӣ кардааст. “Чуноне аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида бармеояд, гарчанде дар атроф нафарони зиёде муноқишаи ин ҷавонзанҳоро наззора мекарданд, худро бетараф гирифта, барои ором ва аз ҳам ҷудо намудани онҳо кӯшише накарда, баръакс ҳамчун тамошобин аз занозании номбурдагон лаззат мебурданд, ки ин амали ноҷавонмардонаи атрофиёнро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳкум кардаанд”, – гуфта мешавад дар гузориши РВКД Душанбе.

Дар видео дида мешавад, ки се зан якеи дигарро бо мушту лагат латтукӯб доранд, вале тамошобинон ба ҷои халос кардан, онҳоро бо нидоҳои “Бизанед! Бизанед!” ба идомаи занозанӣ ташвиқ мекунанд.

Таҳқиқи навори “занакҷанг”: Боздошти 3-нафар занони авбош ва оғози парвандаи ҷиноятӣ

  Зан пеш аз ҳама бо иффату покӣ ва шарму ҳаё ибратбахш ва тарбиятгари фарзандону идомадиҳандаи насли инсон аст. Боиси таассуфи бузург аст, вақте ки аз ҷониби ин тоифа амалҳое содир мешавад, ки хилофи ҳама гуна оин ва берун аз доираи қонун аст.
  Навори муноқиша ва занозании як гурӯҳ ҷавонзанон, ки чандест дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ чарх мезанад, вокунишҳои зиёдеро ба миён оварда, ҳамагон аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, то нафарони гумонбар дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур дар назди тарабхонаи «Самира» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир шудааст. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандон:
Қарахонова Зарина Файзиддиновна санаи таваллудаш 24.11.1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Фирдавсӣ;

Фирӯзаи Маҳмадмусо санаи таваллудаш 31.01.1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Пахтакор;

Тағойбекова Тожиниссо Намозовна санаи таваллудаш 17.02.1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Ҷ. Балхӣ дастгир карда шуданд.

Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 25-уми декабри соли 2020 тахминан соати 02:00 дақиқа ҳангоми дар маҳаллаи Гипрозем қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, шаҳрванд Шукронаи Азизулло санаи таваллудаш 09.08.2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Деҳотиро мавриди латукуб қарор додаанд.

Чуноне аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида бармеояд, гарчанде дар атроф нафарони зиёде муноқишаи ин ҷавонзанҳоро наззора мекарданд, худро бетараф гирифта, барои ором ва аз ҳам ҷудо намудани онҳо кӯшише накарда, баръакс ҳамчун тамошобин аз занозании номбурдагон лаззат мебурданд, ки ин амали ноҷавонмардонаи атрофиёнро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳкум кардаанд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати гумонбарон Қарахонова Зарина, Фирӯзаи Маҳмадмусо, Тағойбекова Тожиниссо тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи (авбошӣ) ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button