ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ПАДАРИ ПАНҶГОНИКҲО МЕХОҲАД БА ОНҲО ДАР ДУШАНБЕ ХОНА ДИҲАНД (ВИДЕО)

Раҳмон Нурмуродов, падари панҷгоникҳо имрӯзҳо серташвиш аст. Аксаран пушти дари таваллудхона аст ва аз ҳоли ҳамсару фарзандонаш хабардор мешавад. Шом ба Қубодиён, ба манзиле бармегардад, ки қарор аст, панҷ тифли навзодашро ҳам ба зудӣ он ҷо барад. Аммо шароити ин хона нигаронаш кардааст. Ӯ мегӯяд, бо як навъе зиндагии худро пеш мебурданд, аммо акнун ҳайронанд, чӣ гуна ин панҷ кӯдакро калон мекунанд? “Ба ҳама шароити деҳа маълум аст. Тамоман имконият надорем. Аз ҷаноби олӣ, аз роҳбари шаҳри Душанбе умедворем, ки ягон хона аз Душанбе диҳанд. Барои ояндаи кӯдакон бисер кори хуб мешавад”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки вилояти Хатлон ба хонаводаи панҷгоникҳо кӯмак карда, ваъда доданд, ки дар ҳавлии падариашон барои онҳо се ҳуҷраи дигар месозанд. Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, аллакай меъморон тарҳи бунёди манзил дар ҳавлии бобои панҷгоникҳоро омода кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Маъмурзода, “ин бино аз се ҳуҷра иборат буда ҳамчунин даҳлезу ошхона ва ҳаммомро дар дохилаш фаро мегирад. Барои нигоҳубини кӯдакон ҳамшираи шафқати доимӣ ва ҳам табиб то як муддати муайян вобаста мешаванд“.

Дилноза Маматова, ҳамсари Раҳмон Нормуродов рӯи 30 декабр якбора панҷгоник – ду писар ва се духтар таваллуд кард. Ин нахустин мавриди таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон аст.  Онҳоро Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадиҷа ном гузоштаанд.

Падари панҷгоникҳо хост, ба онҳо дар Душанбе хона диҳанд.ВИДЕО

Сарвинози Руҳуллоҳ

Амриддин Олимов, Радиои Озодӣ


Падари аввалин панҷгоникҳо дар Тоҷикистон мегӯяд, барои нигоҳубин ва тарбияи шоистаи фарзандонаш ба як манзилдар шаҳри Душанбе ниёз дорад. Ӯ гуфт, барои расидагӣ ба ин мушкилаш умед бастааст ва бовар дорад мақомот дасти ӯро мегиранд. Мақомот гуфтанд, барои панҷгоникҳо дар манзили бобоашон дар ноҳияи Қубодиён манзили нав бунёд мекунанд.

Панҷгоникҳо, ду писару се духтарро Дилноза Маматова сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиён ҳафтаи пеш дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба дунё овард. Волидони навзодон мегӯянд, нигоҳубин ва тарбияи дурусти онҳо дар шароити деҳа ва он ҳам бидуни барқу гармӣ имконнопазир аст. Пизишкон мегӯянд, сиҳатии навзодон хуб аст, аммо замони рухсат шудани онҳо ба вазъи сиҳатияшон вобастагӣ дорад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Раҳмон Нурмуродов, падари панҷгоникҳо имрӯзҳо серташвиш аст. Аксаран пушти дари таваллудхона аст ва аз ҳоли ҳамсару фарзандонаш хабардор мешавад. Шом ба Қубодиён, ба манзиле бармегардад, ки қарор аст, панҷ тифли навзодашро ҳам ба зудӣ он ҷо барад. Аммо шароити ин хона нигаронаш кардааст.

Ӯ рӯзи 5-уми январ дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт манзили онҳо дар деҳае дар ноҳияи Қубодиён барои нигоҳубини панҷ тифл шароити муносиб надорад.

“Дар хона як писару як духтар дорам. Падару модарам, боз апаам бо оилааш дар онҷо зиндагӣ мекунад. Зиндагимон вазнин аст. Ошхонаи хуб надорем. Аз тарафи ҳукумат каме кӯмак карданд, аммо барои кӯдакон дар оянда шароит нест,”-гуфт, падари панҷгоникҳо.

Раҳмон Нурмуродов ҳамчунин гуфт, онҳо фарзанди сеюми худро интизор буданд. Аммо ташхиси ултрасадо панҷ тифлро дар батни ҳамсараш нишон дод. Ба гуфтаи ин падар таваллуди панҷ тифл барои ӯ ва ҳамсараш боиси хушҳолӣ буд, аммо аз сабаби набуди шароит ҳайрон мондаанд, ки чӣ тавр онҳоро бузург мекунанд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, муҳоҷири корӣ аст ва зиндагии хонаводаро аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекард. Вале бо сабаби баста шудани марзҳо ҳудуди як сол мешавад ҷойи кори муайяне надорад ва ҳамсараш ҳам хонашин аст. Мегӯяд, бо як навъе зиндагии худро пеш мебурданд, аммо акнун ҳайронанд, чӣ гуна ин панҷ кӯдакро калон мекунанд.

“Ба ҳама шароити деҳа маълум аст. Тамоман имконият надорем. Аз ҷаноби олӣ, аз роҳбари шаҳри Душанбе умедворем, ки ягон хона аз Душанбе диҳанд. Барои ояндаи кӯдакон бисер кори хуб мешавад”-афзуд ӯ.

То ин дам мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон ба хонаводаи панҷгоникҳо кӯмак карда, ваъда доданд, ки дар ҳавлии падариашон барои онҳо хона месозанд.

Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аллакай меъморон тарҳи бунёди манзил дар ҳавлии бобои панҷгоникҳоро омода кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Маъмурзода, “ин бино аз се ҳуҷра иборат буда ҳамчунин даҳлезу ошхона ва ҳаммомро дар дохилаш фаро мегирад. Барои нигоҳубини кӯдакон ҳамшираи шафқати доимӣ ва ҳам табиб то як муддати муайян вобаста мешаванд”.

Ин мақоми ҳукумати вилояти Хатлон ҳамзамон афзуд, дар баробари ин ба хонаводаи панҷгоникҳо кумакҳои моливу моддӣ расонида шуданд.

Аммо ин оилаи ҷавон мегӯяд, бузург кардани якбора панҷ тифл дар шароити деҳа бо назардошти камбуди барқу гармӣ мушкил аст.

Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Дар гузашта мақомот ва шахсони алоҳида барои чунин оилаҳо хонаву таҷҳизот додаанд.

Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2015, вақте Гулшан Маҷнунова чаҳоргоники аввалро ба дунё омад, муовини сарвазири Тоҷикистон ба диданаш рафт ва расман ба ӯ хонаи сеҳуҷраӣ доданд.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Ҳоло аҳолии ҷумҳурӣ то 9,5 миллион нафар расидааст. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион хоҳад расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button