ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ АХБОРИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 6 ЯНВАРИ СОЛИ 2020 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз.

Хулосаи муҳимтарин хабарҳои рӯзи 6 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон тақдим мекунем. Дар ин барнома:

БОЗДОШТИ ПАДАРУ ДУ ПИСАР АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ЛИТВА

ДАР УКРАИНА МОЛИКИ ТАРАБХОНАИ ТОҶИКИИ «МАЗЗА №1»-РО БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ДОИШ АЙБДОР МЕКУНАНД

СОҲИБИ АВТОПРОКАТ АЗ НОВОСИБИРСК 6 МОШИНАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАЙДО КАРД ВА БАРГАРДОНД

СӮҲРОБИ “ВАЛЮТЧИК” БО МИЛЛИОНҲОИ МАРДУМ КУҶО ҒАЙБ ЗАД?

ОШКОР ШУДАНИ ЯК ФЕРМАИ ТАВЛИДИ БИТКОИН ДАР ДЕҲАИ ЭЛОК

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ “ДУЛАН” ДАР ТАГОБИ ХУШЕКАТ

ИШҚ ВА ШАНТАЖ: ЯК СОКИНИ ЗИРАКӢ АЗ МАЪШУҚААШ 31 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАМАЪ КАРДААСТ

Хадамоти марзбонии Литва хабар дод, ки рӯзи 4 январ дар марзи ин кишвар бо Беларус се шаҳрванди Тоҷикистон – падар ва ду писараш – барои сарҳадшиканӣ дастгир шуданд. Марзбонҳои литвонӣ се марзшиканро дар наздикии деҳаи Аладискияй дар ноҳияи  Варенос замоне мушоҳида кардаанд, ки онҳо мехостанд тавассути ҷангалзор марзи Беларус бо Литваро убур кунанд. Марзбонҳо бо ёрии овчаркаи немисӣ бо лақаби Астра сарҳадшиканҳоро пайгирӣ карда, дар назди деҳаи Дугидониси ноҳияи Шалчининкай дастгирашон кардаанд.

 «Як мард ва ду наврас бо русӣ як каме суҳбат мекарданд. Онҳо худро шаҳрвандони Тоҷикистон ва падару ду писар муаррифӣ карданд. Онҳо дар даст нусхаи шиносномаҳои миллиашонро доштанд. Ин хориҷиён аз Литва паноҳгоҳ пурсиданд. Марзбонҳо онҳоро ба нуқтаи марзбонии Шалчининкай, ки онҷо макони махсус барои паноҳҷӯён вуҷуд дорад, супурданд. Намояндагони бахши муҳоҷирати воҳиди сарҳадии Варенос аввалин иқдомҳо барои баррасии масъалаи паноҳандагии ин се нафарро рӯи даст гирифтаанд», – гуфта мешавад дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Литва.

Паноҳҷӯёни тоҷик аз коронавирус ташхис супурдаанд ва масъалаи дар куҷо ҷой кардани онҳо баъди маълум шудани натиҷаҳои ташхисашон муайян карда мешавад.

Дар солҳои охир садҳо зодаи Тоҷикистон аз Литва дархости паноҳгоҳ кардаанд. Бахши аъзами онҳо тарафдорони созмонҳои оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24» ва ҲНИТ ва қисме пайравони ҷараёни мазҳабии низ дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия мебошанд. Вале дар байни паноҳҷӯён аз Тоҷикистон онҳое ҳам зиёданд, ки ба далелҳои иқтисодӣ ва дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар аз ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо паноҳгоҳ мепурсанд.

хххххх

Хадамоти амнияти Украина (СБУ) рӯзи 4 январ ба Хадамоти давлатии муҳоҷират (ГМС)-и  ин кишвар расман нома фиристода, тавсия додааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Машрабҷон Ҳайдаровро аз мақоми паноҳандагӣ маҳрум кунад. Мақомоти амниятӣ соҳиби тарабхонаи тоҷикии «Мазза №1» дар шаҳри Киев ва узви Ҳизб-ут-Таҳриро ба маблағгузории созмони террористии ДОИШ айбдор мекунанд. Машрабҷон Ҳайдаров соли 2015, баъди 6 соли зиндагӣ дар Русия, ин кишварро аз тарси таъқибот тарк кард ва ба Украина паноҳ овард. Дар инҷо ӯ бар пояи грант (кумаки билоиваз)-и Идораи паноҳандагони Созмони Милал тиҷорати худро оғоз кард ва тарабхонаи «Мазза №1»-ро кушод.

Роҳбарони бахши украинии Ҳизб-ут-Таҳрир рӯзи 5 январ дар як нишасти хабарӣ дар толори хабаргузории УНИАН изҳор доштанд, ки СБУ беасос Ҳайдаровро ба иртибот бо террористҳо айбдор мекунад. Ба ақидаи онҳо, маҳрум кардани Ҳайдаров аз мақоми паноҳандагӣ метавонад роҳро барои ихроҷи ӯ аз Украина ва ё истирдодаш ба Русия ва Тоҷикистон боз кунад. Онҳо мегӯянд, Ҳайдаров барои узвияташ дар Ҳизб-ут-Таҳрир аз ҷониби мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва дар сурати ихроҷ ва истирдодаш метавонад таҳти таъқибу шиканҷа қарор бигирад.

Худи Машрабҷон Ҳайдаров гуфт, тамоми асноди бонкӣ дар бораи кай ва ба куҷо пул фиристоданаш дар дасташ ҳаст ва метавонад ин аснодро ба мақомоти марбутаи Украина ироа карда, бегуноҳ буданашро исбот кунад.

Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ мебошад, вале дар Украина ин созмони динӣ озодона фаъолият мекунад.

ххххххх

Як сокини шаҳри Новосибирски Русия бо номи Иван тавонистааст ба воситаи додгоҳи Тоҷикистон 6 мошинашро, ки соли гузашта аз автопрокати  ӯ дар Новосибирск дуздида ва ба Тоҷикистон бурда буданд, пайдо кунад ва баргардонад. «Мошинҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора гирифта, «маяк»-ҳои онҳоро канда гирифтаанд ва мошинҳоро барои интиқол ба шарикони худ дода, худашон бо ҳавопаймо рафтаанд. Аз автопрокати мо ҳам 6 мошинро дуздиданд», – нақл кардааст Иван ба сомонаи маҳаллии «НГС.Новости».

Иван баъди ғайб задани 6 мошинаш дасту дил нашуст ва тавассути хадамоти амнияти автопрокаташ маълум кард, ки мошинҳо дар Тоҷикистонанд. Соҳибкор аз паси мошинҳояш ба Тоҷикистон рафт, худро ба дари сафорати Русия зад, ба мулоқот бо муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ноил шуд ва дар охир тавонист, ки ба зидди мошиндуздҳо парвандаҳои ҷиноӣ бикушоянд.

Дар ниҳоят, додгоҳи яке аз ноҳияҳои Душанбе 4 нафар аз мошиндуздҳоро ҷарима баст ва вазифадор кард, ки со мошини тамғаи «Ҳунндай Солярис»-ро ба ҷабрдида баргардонанд. Чанд рӯз пеш мурофиаи парвандаи дуздии се мошини дигари ӯ — яке тамғаи «Киа» ва дуи дигар – тамғаи «Датсун» — низ ба анҷом расид.

 «Ин бори аввал буд, ки дар Тоҷикистон чунин парванда кушоданд. Пеш мегуфтанд, ки равед, дар Русия парванда кушоед, вале бо чунин парвандаҳо то ҳол ягон мошин баргардонда нашудааст. Мошинҳои маро баргардонданд, вале онҳоро то ҳол ба Русия  оварда натавонистем, чунки сарҳад баста аст. Як мошинро мо дар Тоҷикистон алакай фурӯхтем, 5 мошини дигар мунтазири кушода шудани сарҳаданд», – нақл кардааст Иван.

Тоҷикистон як нуқтаи ниҳоии мошинҳоест, ки аз Аврупо ва Русия медузданд. Иван яке аз аввалин ҷабрдидаҳост, ки тавонист тавассути додгоҳи Тоҷикистон мошинҳояшонро баргардонад ва мошиндуздҳоро дар Ватанашон ҷазо диҳад.

хххххх

Сӯҳроб Абдуҳамидов, сокини 44-солаи Истаравшан, ки солҳо боз дар бозори марказии ин шаҳр ба иваз кардани пули мардум машғул буд, тақрибан як моҳ боз ғайб задааст. Сокинон маблағҳои бузургро барои иваз кардан ба ӯ медоданд ва ҳоло ҳайронанд, ки пули худро чӣ гуна пас бигиранд? Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба хабаргузории “Спутник” гуфтанд, ки нисбат ба ин сокини Истаравшан бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парванда боз карда шудааст.

“Абдуҳамидов Сӯҳроб Абдусаломович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан бо он асос дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ки номбурда аз як сокини 34-солаи ҷамоати Савристони Истаравшан 920 ҳазор сомонӣ, баробар ба 80 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, барои интиқол додан ба кишвари Чин гирифта, вале ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст”,  – гуфтаанд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ба гуфтаи мақомот, Абдуҳамидов аз соли 2015 то ин ҷониб фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардида, бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағи онҳоро гирифтааст. Тафтиши парванда алайҳи Сӯҳроб Абдуҳамидовро прокуратураи вилояти Суғд пеш мебарад.

ххххххх

Як марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли 2018, ошёнаи 2-юми корхонаи хусусиро, воқеъ дар деҳаи Элок ба иҷора гирифта, 505-адад таҷҳизоти видеокартаҳоро васл намуда, бе ҳисобкунаки барқӣ муддати зиёд ба маблағи 734 ҳазору 537-сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст.
ххххххх

Рӯзи 5-уми январи соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан”, Маърупов Файзулло Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди мавзеи «Тагоби Хушекат»-и ҷамоати деҳоти Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 400-500 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда, Маърупов Ф.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ххххххх

Як сокини 27-солаи ҷамоати Зиракӣ дар канори шаҳри Кӯлоб бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ин мард бо як ҷавонзани 24-сола ним сол муносибати ошиқона доштааст ва аз моҳи август бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда аз ҷабрдида 13 510 сомонӣ гирифта, рӯзи 4 январ ба воситаи телефон ба ӯ занг зада, боз 18 ҳазор сомонии дигар талаб кардааст ва таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, маълумоти бадномкунанда дар бораи ин ҷавонзанро дар Интернет паҳн мекунад. Тамаъҷӯро кормандони милиса дар вақти гирифтани 1500 сомонӣ аз ҷабрдида боздошт кардаанд.

Ин нахустин ҳолати аз маъшуқаҳои собиқи худ пул тамаъ кардан нест. Ду рӯз пеш ВКД аз боздошти як сокини 40-солаи Душанбе хабар дод, ки пеш бо як зани 39-сола робитаи ишқӣ доштааст, вале ахиран аз ӯ бо таҳдиди ба хешовандони зан ва дар Интернет фош кардани сирри робитаҳои ошиқонаашон 500 доллар талаб кардааст. Ӯро дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллар аз ҷабрдида дастгир кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button