СиёсатТоҷикистон

ШИОРҲОИ ЗИДДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЯК ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

Ислоҳ ТВ” – як канали марбут ба мухолифини тоҷик дар Ютуб бо нашри як видео хабар дод, ки шаби 3 январ дар як гузаргоҳи зеризаминӣ дар шаҳри Хуҷанд шиорҳои зидди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро навиштаанд. Дар видео дида мешавад, ки дар рӯи фарш дар ин гузаргоҳ “Раҳмонов – истеъфо!” навиштаанд ва дар девор ду шиори дигар “Раҳмонов, даст аз зулм бардор!” ва “Инқилоб наздик аст!”

“Ислоҳ ТВ” қаблан хабар дода буд, ки ин шиорҳо дар яке аз гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе навишта шудаанд. Вале Оятулло Гиляев, яке аз троллҳои “ҳукуматӣ” инро рад кард ва гуфт, бо сарфи 10 литр бензин ҳамаи 25 гузаргоҳи зеризаминии Душанберо тафтиш кард, вале нишоне аз чунин шиорҳо пайдо накард. Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири “Ислоҳ ТВ” баъдан гуфт, амдан макони ин навиштаҳоро нодуруст гуфтааст ва дар асл ин шиорҳо дар гузаргоҳи зеризаминие дар назди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, дар рӯбарӯи манзили раиси собиқи вилояти Суғд Қосим Роҳбар (ҳоло – раиси Кумитаи рушди маҳаллҳои ҳукумати Тоҷикистон) навишта шудаанд.

Мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд.

Насби чунин шиорҳои зидди президент Раҳмон дар солҳои охир дар Тоҷикистон бесобиқа аст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 68 сол дорад ва аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, дар интихоботи моҳи октябри соли 2020 бо касби 90,92 фоизи овозҳо бори дигар ғолиб омад ва замони раёсаташро то соли 2027 тамдид кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button