ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ: РӮЗИ 31 ДЕКАБР ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҲОЛАТИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС САБТ НАШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифтории сокинон ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Бино ба ин манбаъ, ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 355 нафар бо нишонаҳои сабуки бемории коронавирус дар хона табобат мегиранд, вале дар беморхонаҳо ягон бемори коронавирус боқӣ намондааст.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 31 декабр дар Тоҷикистон 13 296 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 90 нафар ҷон бохта, 12 851 нафар, яъне 96,6% аз ҷамъи беморон шифо ёфтаанд.

Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ доир ба коронавирус аз оғоз бо назари шубҳа нигоҳ мекарданд ва мегуфтанд, ки шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз рақамҳоест, ки вазорат тасдиқ мекунад.

Аммо табибон ва сокинон низ мегӯянд, ки дар ҳафтаҳои охир доманаи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон нисбатан коҳиш ёфтааст. Кам шудани хабари марги мардум аз ин беморӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз чунин тамоюли мусбат дарак медиҳад. Вале бисёриҳо иддаоҳо дар бораи “қариб ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон”-ро каме пеш аз вақт мешуморанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 31 декабр дар паёми шодбошиаш ба муносибати Соли нав изҳор дошт, ки коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст. Вале ӯ ҳушдор дод, ки мардум набояд бепарвову фориғбол шаванд: “Гарчанде бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо қариб ба нестӣ расидааст, мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошем, ба бепарвоиву фориғболӣ роҳ надиҳем, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ба таври қатъӣ риоя намоем. Чунки гирифторшавии одамон ба ин беморӣ дар баъзе мамолики дунё аз нав авҷ гирифта истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button