ВидеоСиёсат

НУРИДДИН РИЗОӢ, ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ “ГУРУҲИ 24” АЗ ФАЪОЛИЯТҲОИ СИЁСӢ КАНОР РАФТ

Нуриддин Ризоӣ, масъули бахши равобити хориҷии ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи “Гуруҳи 24” эълон кард, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ фосила гирифта, “бештар болои барномаҳои илмӣ, тиҷоратӣ” тамаркуз кунад.

Ризоӣ рӯзи 1 январ дар як паём дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: Ин тасмим баъди тафаккури амиқ гирифта шуд. Албатта сабабҳо зиёданд, муҳимтарини онҳоро дар он мебинам, ки мардуми мо ҳоло омодаи дигаргунӣ нест.

Нуриддин Ризоӣ рӯзи 1 январ дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасмими канор рафтанаш аз фаъолиятҳои сиёсиро чунин шарҳ дод: “Инҷо ягон фишор набуд, балки ин тасмим ба далелҳои бештар шахсӣ гирифта шудааст. Далели асосиаш, албатта, ин аст, ки мардуми мо ҳанӯз барои тағйирот омода нест. Аз тарафи дигар, вақте маҷбур ба тарки Русия шудам, таҳсилам дар магистратура дар риштаи равобити байналмилалӣ нотамом монд. Ҳоло мехоҳам дар ягон донишгоҳи Австрия таҳсили худро идома диҳам.”

Нуриддин Ризоӣ, фарзанди Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви раёсати ҳизби низ дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), соли 1987 дар Тоҷикистон ба дунё омада, риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи Кувейтро хатм кардааст ва аз замони таъсиси “Гуруҳи 24” яке аз аъзои фаъоли он буд. Ризоӣ қаблан барномаи “Садои мардум”-ро аз “Гуруҳи 24” гардонандагӣ мекард ва баъдан барномаи дигаре бо номи “Бидуни марз”-ро мечархонд. Дар аввали соли 2020 ӯ номзадиашро ба мақоми раҳбари “Гуруҳи 24” гузошт ва ба даври дуюм роҳ ёфт, вале дар даври дуюм, бино ба иттилои расмии ин гуруҳ, Ризоӣ 44,6% овоз гирифт ва Сӯҳроб Зафар бо касби 55,4% дубора раҳбари “Гуруҳи 24” интихоб шуд.

Нуриддин Ризоӣ масъулияти бахши равобити хориҷии “Гуруҳи 24”-ро бар уҳда дошта, аз аъзои фаъоли ин ҳаракати оппозитсионӣ ба шумор мерафт ва дар тақрибан ҳамаи иқдомҳои эътирозии ин гуруҳ фаъолона иштирок мекард. Ризоӣ ба “Бомдод” гуфт, фосила гирифтанаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ ба маънои тарки “Гуруҳи 24” нест.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирор аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбул дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Баъди манъи фаъолияти “Гуруҳи 24” ва кушта шудани Қувватов  даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони ин созмон дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд. Даҳҳо узви ин созмон дар Тоҷикистон ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Қисми дигари аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварда, ҳоло асосан аз инҷо ба фаъолиятҳои сиёсии худ идома медиҳанд.

Nuriddin Rizoyi

<<Барномаи 2021…>>

Табиъист, ки ҳар инсон барои худ дар зиндагӣ барномае дорад, ва аввали сол муносибтарин вақте мебошад, ки камар баста, барои амалӣ намудани барномаҳои худ оғоз бахшад.

Дар ин сол, ният дорам аз сиёсат фосила гирифта, бештар болои барномаҳои илмӣ, тиҷоратӣ тамаркуз дошта бошам.

Ин тасмим баъди тафаккури амиқ гирифта шуд. Албатта сабабҳо зиёданд, муҳимтарини онҳоро дар он мебинам, ки мардуми мо ҳоло омодаи дигаргунӣ нест.

Дуруст аст кори осон нахоҳад буд ва намедонам то кудом андоза мешавад чашмро пушиду ҳама ҳаводиси гирду атрофро нодида гирифт. Махсусан вақте дар рӯзи равшан зулм, макр, ғоратро дар кишвари азизамон нисбати мардум ба осонӣ мешавад мушоҳида кард. Вале муборизаи бародаронам диламро оромиш медиҳад ва мутмаинам, ки ҷойи моро холӣ нахоҳанд гузошт.

Худоро шукр, ки рӯз то рӯз сафи озодхоҳон бештар мегардад ва мубориза дар ҳолати рушд аст ва ояндаро бо нигоҳи мусбат мебинам.

Мардумро ба Раҳмонов ва Раҳмоновро ба мардум месупорам.

{إِنَّ اللَّـهَ لا يُغَيِّرُ ما بِقَومٍ حَتّى يُغَيِّروا ما بِأَنفُسِهِم} صدق الله العظيم

“Худо чизеро болои мардум дигаргун намекунад, то он даме, ки мардум худ дигаргун нашаванд”. (Сураи Раъд 11)

Озод бошед!

Худо ҳофиз!!

Н. Ризоӣ

01.01.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button