Минтақа ва ҷаҳон

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙКАЛИ КАЛӮШРО ВАЙРОН КАРДАНД (АКС)

Ҳайкали ҷанҷолбарангези калӯш дар ағбаи Қамчиқ, дар канори шаҳри Попи вилояти Намангони Ӯзбекистонро ҳамагӣ чанд рӯз баъди пардабардориаш вайрон карданд. Ин ҳайкал, ки дар шакли як калӯши бузург сохта шуда буд, дар ҷомиаи Ӯзбекистон вокунишҳои зидду нақиз ба бор овард ва мақомот тасмим гирифтанд, ки онро аз байн бардоранд.

Ҳайкали калӯшро дар наздикии маҳбасе гузошта буданд, ки дар он маҳбас калӯшҳои дар вақташ машҳури сохти Намангон истеҳсол мекарданд. Бархе бар инанд, ки ин ҳайкал як навъ арҷгузорӣ ба азобу машаққати ғуломонаи маҳбусон ҳам буд.

Калӯш як навъи пойафзоли иловагист, ки қаблан онро ба хотири муҳофизат аз намӣ ва ифлосӣ дар рӯи пойафзоли дигар мекашиданд. Вале дар даврони Шӯравӣ калӯш дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар манотиқи деҳот, ҳамчун пойафзоли асосӣ хеле маъруф шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button