ВидеоФарҳанг

ПИРӮЗИИ ОВОЗХОНИ ТОҶИК ПАРИЧЕҲРА КАМОЛОВА ДАР ОЗМУНИ «ВО ВЕСЬ ГОЛОС 2020» (ВИДЕО)

Дар ТВ «Мир24»  натиҷаҳои озмуни байналмилалии овозхонҳои наврас «Во весь голос 2020»-ро, ки бо иштироки дастаҳои Русия, кишварҳои СНГ ва Исроил доир шуд, натиҷагирӣ карданд. Дастаи Русия беҳтарин даста ва гуруҳи JAM аз Қазоқистон беҳтарин гуруҳи ҳунарӣ дониста шуда, унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро Ефим Рабинович аз Исроил ба даст овард. Аммо беҳтарин овозхони озмуни  «Во весь голос 2020» дар байни духтарон овозхони наврас аз Тоҷикистон Паричеҳра Камолова дониста шуд.

Паричеҳра Камолова 17 сол дошта, дар шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари ӯ овозхони шинохтаи тоҷик Ҳасани Камол мебошад.

Озмуни “Во весь голос” имсол бори чорум баргузор шуд. Намояндагони Тоҷикистон қаблан ҳам дар ин озмун пирӯзӣ ба даст оварда буданд. Аз ҷумла Амал Ҳафизова дар мавсими аввали ин озмун дар соли 2017 беҳтарин овозхон дар байни духтарон дониста шуд ва Афзалшоҳ Сафарзода  соли 2018 дар мавсими дуюм унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро ба даст овард.

Соли ҷорӣ барои интихоби номзадҳо ба дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар ин озмун як мусобиқоти миллӣ доир карда буданд, ки тавассути ТВ “Баҳористон”, шабакаи телевизионии махсуси кӯдакону наврасон намоиш дода мешуд.

Пахши ҷараёни марҳалаи ниҳоии озмунро инҷо тамошо кунед:

http://mirtv.ru/video/67837/

Sherozi Kamol

 Самое яркое сольное выступление Паричехры Камоловой в проекте “Во весь голос” 2020 (Команда из Таджикистана) 🇹🇯🇹🇯 #ВОВЕСЬГОЛОС #ТЕЛЕКАНАЛМИР #МИР24 #ТАДЖИКИСТАНВПЕРЁД #СКОРОФИНАЛ

Зафар Абдуалимов

Новая песня “Навои дил”.

Мо ҳамовози ҳамдигар, Ҳам розӣ якдигар, ҳампарвози ҳамдигар.

Надеюсь, что песня придется вам по душе. И не забудьте поделиться мнением в комментариях.

Ин суруд муарифгари Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии “Во весь голос” ” Бо тамоми овоз” гашт @vovesgolos.tv .

Ташакур барои ҳамкории вобаста дар офаридани ин суруд ба дӯстонам @orzuiso @safarmuhammad.13 @jovidruziev

#точикистобапеш #точикистон #таджикистан🇹🇯 #таджикивсегомир

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button