ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

Таъйиноти инқилобӣ: Сардабири BBG Watch президенти Радиои Озодӣ шуд

Тед Липйен, асосгузори сомонаи BBG Watch, сомонае, ки аз фаъолияти сохторҳои тобеи Агентии матбуоти ҷаҳонии Амрико (USAGM) шадидан интиқод мекард, аз ҷониби ин агентӣ ба ҳайси президенти нави Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ таъйин шудааст. Дейзи Синделар, ки аз моҳи июн и.в. президенти ин ширкати матбуотӣ буд, ба мақоми қаблиаш – ноиби президент ва сардабири Радиои Озодӣ бармегардад.

Тед Липйен 67 сол дошта, зодаи шаҳри Новий Тарг дар ҷануби Лаҳистон (Полша) аст. Ӯ соли 1970, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, аз зиндагӣ таҳти султаи режими коммунистӣ дилсард шуда, ба Амрико ҳиҷрат кард. Липйен аз соли 1973 дар радиои «Садои Амрико» ба кор пардохт ва солҳои 1981-1993 мудири бахши полякии ин радио буд. Баъди рафтан аз кор дар ниҳодҳои USAGM, ӯ бунёди FreeMediaOnline ва баъди чанде сомонаи BBG Watch-ро таъсис дод. Ин сомона USAGM (қаблан –  BBG) ва сохторҳои онро барои номуассирии фаъолияташон ва кӯтоҳӣ дар сиёсати эҷодӣ ва масоили кадрӣ ба шиддат интиқод мекард.

Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ, қароргоҳи марказиаш дар Прага, ширкати матбуотиест, ки аз ҷониби Конгресси Амрико тавассути USAGM маблағгузорӣ мешавад ва наздики 30 бахш бо забонҳои гуногун, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ дорад. Бахши тоҷикии ин ширкат бо номи Радиои Озодӣ маъруф аст.

Радиои Озодӣ солҳои охир дар буҳрони амиқ қарор дорад. Аз соли 2012 ба ин тараф 12 маротиба роҳбарони ин радио иваз шуданд ва президентҳои таъйиншуда ва и.в. президентҳои Радиои Озодӣ дар ин давра ҳамагӣ аз чанд моҳ то ҳадди аксар ду сол тавонистаанд ба Радиои Озодӣ раҳбарӣ кунанд.

Дар чунин шароит бисёриҳо таъйиноти Тед Липйен ба роҳбарии Радиои Озодиро ҳамчун як таъйиноти инқилобӣ ба қалам медиҳанд ва умедворанд, ки ӯ бо иродаи қотеъаш метавонад, радиоро аз ботлоқи ин буҳрони амиқ берун бикашад.

 Майкл Пак, мудири кулли USAGM, рӯзи 18 декабр эълон кард, ки ветерани ин ниҳод Тед Липйен ба ҳайси президенти Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ ба кор дар ин идоа бармегардад.

Ҳеҷ касе беҳтар аз Тед фаъолияти гуногунсӯ ва рисолати матбуоти байналмилалии Амрикоро намефаҳмад. Тед – ҳомии содиқ ва сарсупурдаи демократия буда, дар амри таблиғи арзишҳо ва армонҳои Амрико дар ҷаҳон комёб мебошад», – гуфт мудири USAGM Пак зимни муаррифии Липйен ба ҳайси президенти Радиои Озодӣю

Худи Тед Липйен гуфт, аз овони хурдсолӣ шефтаи барномаҳои Радиои Озодӣ буд: “Вақте ман дар Полшаи коммунистӣ наврас будам, Радиои Аврупои Озодро гӯш мекардам, то он чиро, ки ҳукумат ба мо намегӯяд, бишнавам. Ин ба зиндагии ман ва зиндагии миллионҳои дигар таъсири бузург гузошт. Ман ифтихор мекунам аз он, ки ба ман масъулияти кумак ба ин созмони шуҳратёр барои идомаи шикастани ҳукми сонсур ва додани минбар барои онҳоеро, ки даҳонашонро бастан мехоҳанд, бовар карданд.» 

Тед (Тадеуш) Липйен  Тед Липйен соли 1953 дар шаҳри Новий Тарг дар ҷануби Лаҳистон (Полша) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, аз зиндагӣ таҳти султаи режими коммунистӣ дилсард шуда, ба Амрико ҳиҷрат кард. Липйен Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтонро бо ихтисоси равобити байналмилалӣ бо дипломи аъло хатм карда,  аз соли 1973 дар радиои радиои «Садои Амрико»  ба кор пардохт ва солҳои 1981-1993, як давраи пуршӯр дар таърихи навини Полша – солҳои мухолифати байни «Солидарност»-и Лех Валенса бо ҳукумати коммунистии Войтсех Ярузелский, суқути режими коммунистӣ ва побарҷо шудани демократия дар ин кишвар – раҳбарии бахши полякии «Садои Амрико»-ро бар дӯш дошт.

Тед Липйен солҳои 1993-2008 дар дигар мақомҳои раҳбарӣ дар ниҳодҳои USAGM кор карда, баъди рафтан аз ин ниҳод бунёди FreeMediaOnline ва баъди чанде сомонаи BBG Watch-ро таъсис дод. Ин сомона USAGM (қаблан –  BBG) ва сохторҳои онро барои номуассирии фаъолияташон ва кӯтоҳӣ дар сиёсати эҷодӣ ва масоили кадрӣ ба шиддат интиқод мекард.

Тед Липйен ҳамчун журналист аз шахсиятҳои шинохтае, чун кардинал Карол Войтила (Попи Рум Иоанн Павели II), Лех Валенса, Ҷорҷ Буши калонӣ, Збигнев Бжезинский ва Чеслав Милош мусоҳиба гирифта, мақолаҳояш дар нашрияҳои бонуфузе, чун National Review, Washington Times ва Washington Examiner чоп мешуд. Аз фаъолиятҳои ӯ нашрияҳои The New York Times, Wall Street Journal ва Washington Post ситоиш кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button