ВидеоИқтисодКоррупсияТоҷикистон

МАНСАБИ НАВИ БЕДИЛ ҲУСЕЙНЗОДА – “ҚАҲРАМОН”-И ЭЪЛОНИ МАШҲУРИ “ДОД АЗ ДАСТИ БЕДИЛ!” (ВИДЕО)

Бедил Ҳусейнзода, собиқ сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) баъди 7 моҳи барканориаш аз он мақом дар пайи як моҷарои пурсарусадои коррупсионӣ ба мақоми сардори нозироти андози шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд таъйин шудааст.

Исми Бедил Ҳусейно як сол пеш – 20 декабри соли 2019 замоне вирди забони расонаҳо шуд, ки Фарҳод Юлдошев, молики маркази хидматрасонии таҷҳизоти газӣ бо номи “Атикер – Маҳсулоти газӣ”, воқеъ дар сари роҳи Ғафуров – Хуҷанд, ин марказро бо як эълони дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа ба фурӯш гузошт. Дар эълоне, ки Юлдошев ба дари марказ овехт, чунин навишта шуда буд: «Ба фурӯш гузошта шудааст. Корманди андоз Ҳусейнзода Бедил 500 доллар моҳона доля талаб дорад.»

 Бедил Ҳусейнзода чандин бор, аз ҷумла дар нишасти хабарии шаҳрдории Бӯстон даъвои соҳибкорро рад кард, вале бо далелҳои зидду нақиз. Аз як тараф, ӯ мегуфт, ки ин соҳибкорро аслан намешиносад, вале аз тарафи дигар, даъво мекард, ки вай ҳар рӯз 30 ҳазор сомонӣ пул кор мекунад, вале андозашро кам нишон медиҳад.

Дар ин байн як зердасти ӯ аз нозироти андози Бӯстон бо номи Даврон бо 23 ҳазор сомонӣ пора ба даст афтод ва рӯзи 7 феврал фармони барканории Бедил Ҳусейнзода имзо шуд.

Ба гуфтаи як манбаи пойгоҳии хабарии “Бомдод” дар мақомоти андози вилояти Суғд, Бедил Ҳусейнзода моҳи сентябр ба мақоми сардори нозироти шаҳри Истиқлол таъйин шуда, аз 15 сентябр ба кор сар кардааст. Ба суоли мо дар бораи ин ки чӣ гуна баъди он моҷарои пурсарусадо ӯ тавонист ба мансаби нав ноил шавад?, манбаи “Бомдод” бо киноя посух дод, ки “Хеле оддӣ! Мисли музояда буд. Дар тендер Бедил Ҳусейнзода ғолиб омад.”

Бедил Ҳусейнзода, зодаи ноҳияи Фархор, ки қаблан дар дастгоҳи марказии раёсати андози вилояти Суғд кор мекард,  моҳи июли соли 2019 ба мақоми сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон таъйин шуд. Ва алакай баъди се моҳ як гуруҳи соҳибкорони Бӯстон ба расонаҳо шикоят карданд, ки сардори нави андози шаҳр ҳамаи корхонаҳоро “доля” бастааст. Вақте мақомот ба тафтиши ин шикоят пардохтанд, кормандони нозироти Бӯстон ба соҳибкорон фишор оварданд, ки даъвои худро пас бигиранд ва касе аз талаби “доля” кардани нозирони андоз лаб накушояд. Дар натиҷа, нисбат ба худсариҳои идораи андози Бӯстон чорае андешида нашуд.

Ва аммо рӯзи 20 декабри соли 2019 дар Интернет акси эълони фурӯши як маркази хидматрасонии таҷҳизоти газӣ бо номи “Атикер – Маҳсулоти газӣ”, воқеъ дар сари роҳи Ғафуров – Хуҷанд, нашр шуд ва он ҳам бо як матнидар таърихи Тоҷикистон бесобиқа: «Ба фурӯш гузошта шудааст. Корманди андоз Ҳусейнзода Бедил 500 доллар моҳона доля талаб дорад.»

Дар Тоҷикистон маъмулан ягон соҳибкор ҷуръат намекунанд, ки бо кормандони мақомот ва бахусус мақомоти андоз бо чунин сурати шадид ва-банк биравад. Ҳар соҳибкор ин мақолро  ба гӯшаш ҳалқа мекунад, ки “шӯхӣ накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб.”

Фарҳод Юлдошев, муассис ва раҳбари ширкати “Фарҳод”, ки ин маркази хидматрасонии таҷҳизоти газӣ дар роҳи Б.Ғафуров – Хуҷанд аз ӯ будааст, тасдиқ кард, ки ин эълонро дар дари ин марказ дар ҳақиқат худи ӯ овезон кардааст. Фарҳод Юлдошев гуфт, тиҷорати ӯ асосан дар Русия аст ва маркази “Атикер”-ро барои он нигоҳ медошт, ки коргаронаш дар Бӯстон бекор намонанд.

Фарҳод Юлдошев, ки аз Русия суҳбат мекард, гуфт: “Дар ҳақиқат, ба ҷонам расонданд. Охир соҳибкор гови ҷӯшоӣ не-ку. Ҳамон тиҷорате ки дар Бӯстон дорам, дар Русия ҳам ба ҳамон тиҷорат машғулам. Вале дар ин ҷо касе кор надорад ба соҳибкор – на андозу на сӯхторнишониву на дигару дигараш. Ҳуҷҷатҳоят дуруст бошад, андозатро сари вақт супорӣ – тамом. Вале дар Бӯстон ҷонбезорам карданд. Одамони Бедил Ҳусейнзода пушти ҳам меомаданд, ки ҳар моҳ 500 доллар “доля” месупорӣ. Мо рад кардем, гуфтем, ки андозамонро супорида истодаем, чаро боз бояд болоӣ “доля” диҳем? Таҳдид карданд, ки акнун аз худат гила кун! Худи кормандони андоз баҳона наёфтанд барои бастани корхонаи мо, сӯхторнишонҳоро ба сари мо фиристоданд. Бе ягон далелу гуноҳ гирифтанд бастанд маркази моро ва дар арафаи соли нав коргарони ин марказро аз як даҳон ноне, ки аз инҷо меёфтанд, маҳрум карданд. Роҳзании рӯирост ва аламовараш ин аст, ки роҳзанӣ аз номи қонун!”

Вақте ки Фарҳод Юлдошев ин эълонро дар дари корхонааш овехт,  кормандони андоз, ба гуфтаи ӯ, сахт оташин шуданд. Аммо вақте диданд, ки таҳдиду таадиашон ба соҳибкор дигар намегузарад, ба ҷустани роҳҳои муросо сар карданд. “Охирин боре ки дар тамос шуданд, ваъда доданд, ки нозироти андоз бо шумо ягон даъво надорад, метавонед баргашта, ба роҳатӣ ба фаъолияти марказатон идома диҳед”, – гуфта буд Фарҳод Юлдошев.

Ва аммо Бедил Ҳусейнзода дар суҳбат бо «Азия Плюс» тамоми иттиҳомоти ба зиддаш ба маънои томи ин калима эълоншударо рад карда, иддао карда буд, ки ин ҳама дурӯғ аст ва ӯ соҳибкор Фарҳод Юлдошевро аслан намешиносад.

 «Сад фоиз ҳамаашро рад мекунам, ҳамаи иттиҳомҳо ва ҳама гуфтаҳои соҳибкор Фарҳод Юлдошевро рад мекунам. Ман ҳатман исбот мекунам, ки ман бегуноҳ ва тозаам. Ман алакай 25 сол боз дар ин сохтор кор мекунам ва дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ кор кардаам. Фикр мекунам,  сипосномаҳое, ки роҳбарияти вилоят ва Кумитаи андоз ба ман изҳор кардаанд, беҳуда набуд. Агар вай дар дасташ далел дорад, ки ман пора талаб кардам, бигзор ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад. Ман тайёрам ҷавоб диҳам. Агар ман гунаҳкор бошам, тайёрам дар назди қонун ҷавоб диҳам. Ман тамоми далелҳоро дорам ва исбот мекунам», – гуфтааст Ҳусейнзода. 

Аммо дар ҳоле ки дар мусоҳиба бо «Азия Плюс» Бедил Ҳусейнзода мегуфт, ки Фарҳод Юлдошевро аслан намешиносад, аз мусоҳибаи ӯ бо радиои «Озодӣ» бармемад, ки вай дар бораи Фарҳод Юлдошев ва ҳатто чӣ қадар даромад доштани ин соҳибкор маълумоти  муфассал дорад. Ҳусейнзода Юлдошевро муттаҳам мекунад, ки даромадашро аз андоз пинҳон кардааст: “Вай дар ҳисоботаш 4 нафарро ҳамчун коргар нишон медод, аммо дар асл 12 нафар кор мекунанд. Мо дар асоси фарқияти 8 нафар санад тартиб додем. Юлдошев дар ҳисоботаш навиштааст, ки аз фаъолияти кориаш рӯзона 1000 сомонӣ ба даст меорад. Ҳамон рӯзе, ки бачаҳои ман рафтанд 4 автомобил нарх карда истода буданд. Даромади Юлдошев Фарҳод ҳамарӯза 1000 сомонӣ не, балки аз 15 то 20 ҳазор сомонӣ аст“.

Бедил Ҳусейнзода ба «Озодӣ» ҳамчунин гуфта буд, ки алайҳи Фарҳод Юлдошей алакай ба додситонӣ шикоят бурдааст. Ҳусейнзода гуфт, нашри эълони “доля” гирифтани ӯ ва паҳн шудани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ “шаъну шарафи ӯ ва мақомоти андозро паст кардааст”.

“Вай ба ман туҳмат кард, бигзор исбот кунад, ариза диҳад. Барои чӣ дар корхонааш менависад? Барои чӣ дар сомона менависад? Ба органҳо муроҷиат кунад, ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқ дорад. Касе пул талаб карда гирифтааст, ҷавобашро гӯяд, – гуфта буд сардори собиқи идораи андози шаҳри Бӯстон.

Маълум нест, ки ин шикояти Бедил Ҳусейнзода ба куҷо расид, вале имрӯз ин «қаҳрамон»-и моҷарои «Дод аз дасти Бедил!» ба курсии сардори нозироти андози шаҳри Истиқлол такя задааст.

Дар гузоришҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё қарор дорад. Нозирони умур набуди иродаи қотеъ дар мубориза бо коррупсия, аз ҷумла беҷазо мондани мансабдорони олуда ба фасод ва ҳатто ба мансабҳои нав ба нав таъйин шудани онҳо, чун дар мисоли Бедил Ҳусейнзода, боис мешавад, ки мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон беасар ва бесамар боқӣ бимонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

4 Comments

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button