КоррупсияНомаҳо ба президент

Боздошти ду мансабдор дар Исфара ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллар пора аз як устои чӯбтарош

Хабаргузории “Спутник” аз қавли як манбааш хабар дод, ки кормандони додситонии Исфара рӯзи 15 декабр М.М., раиси як ҷамоат ва Р., корманди кооперативи тиҷоратии “Суфро Боқиева”-ро ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллар пора аз як устои чӯбтарош дастгир кардаанд. Ба иттилои ин манбаъ, устои чӯбтарош барои сохтани корхонаи кордсозӣ  ва маводи ороишии чӯбӣ қитъаи замин хостааст ва аз вай 5 ҳазор доллар пора талаб кардаанд. “М.М. исрор мекунад, ки агар 5 ҳазор доллари Амрико надиҳад, корашро буд намекунад. М.М, ва ҳамдасташ Р., ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллар пора дар утоқи кории раиси ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара дастгир гардида, кормандони прокуратура аз онҳо 4 ҳазор доллари ИМА – ро ҳамчун далели шайъӣ гирифтаанд”, – гуфтааст манбаи «Спутник». Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ва мақомоти маҳаллӣ бояд бидуни каму кост ва тамаъ ба соҳибкороне, ки мехоҳанд ҳунарҳои мардумиро рушд диҳанд, кумак кунанд.

“Аждаҳои ришва” дар Исфара ба даст афтод: боздошти ду нафар ба иттиҳоми гирифтани пора

Бино ба иттилои дарёфтӣ, раиси яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Исфара бо як ҳамдасташ ба иттиҳоми гирифтани ришват ба маблағи 4 ҳазор доллари ИМА боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Як манбаъи огоҳ аз ин боздошт ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 15 декабри соли равон кормандони прокуратураи шаҳри Исфара М.М., раиси яке аз ҷамоатҳои деҳот ва Р., як корманди кооперативи тиҷоратии “Суфро Боқиева” – и шаҳри Исфараро боздошт намудаанд.


Ин ду нафар, тибқи маслиҳати пешакӣ, аз як устои чӯбтароши 60 – сола барои имзову муҳри протоколи ҷудо намудани қитъаи замин барои лоиҳа ва сохтмони корхонаи кордсозӣ, маводи ороишӣ аз чӯбу тахта ва мағоза барои фурӯши маҳсулоти тайёр 5 ҳазор доллари ИМА ҳамчун пора талаб намудаанд”, – гуфт ин манбаъ.

Тибқи фармони президенти Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 (№1170) “Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 – 2021” масъулини ҷамоату шаҳракҳо ӯҳдадор карда шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани фармони мазкур чораҳои судманд андешанд.

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки устои чӯбтарош аз М.М., раиси ҷамоати деҳот, бисёр хоҳиш менамояд, ки азбаски писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, имконияти додани 5 ҳазор долларро надорад, балки метавонад 3 ҳазор доллар диҳад, ӯ розӣ намешавад.

“М.М. исрор мекунад, ки агар 5 ҳазор доллари Амрико надиҳад, корашро буд намекунад. М.М, ва ҳамдасташ Р., ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллар пора дар утоқи кории раиси ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара дастгир гардида, кормандони прокуратура аз онҳо 4 ҳазор доллари ИМА – ро ҳамчун далели шайъӣ гирифтаанд”, – гуфт манбаъ.

Ин манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки дигар нафарон низ ба доми М.М., ва ҳамдастонаш афтода бошанд. “Бино ба иттилои пешакӣ, ки тафсилоташ ҳанӯз ба даст наомадааст, ӯ ба заминфурӯшӣ машғул буда, ҳамчун “аждаҳои ришва” маблағҳои калонро аз қурбониёнаш талаб мекардааст”, – гуфт манбаъ.

Бино ба ин манбаъ, прокуроратураи шаҳри Исфара нисбати онҳо бо моддаи 319 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – гирифтани пора – парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button