ВидеоМуҳоҷирон

Қатли як ҷавони тоҷик дар шаҳри Тайшети вилояти Иркутски Русия

Шаби 11 декабр дар шаҳри Тайшети вилояти Иркутски Русия як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикитсонро ба қатл расондаанд. Сомонаи маҳаллии «Тайшет 24» хабар дод, ки ҷасади муҳоҷири тоҷикро дар бурриши кӯчаҳои Транспортная ва Суворов пайдо кардаанд.

 «Хабар дар бораи ин ҳодиса ба пулис баъди соати яки шаб расидааст. Муҳоҷири тоҷик захми корд хӯрда, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтааст. Дар ҳоли ҳозир, кормандони пулис ҷузъиёти ҳодисаро муайян мекунанд. Тафтишот шурӯъ шудааст», – омадааст дар гузориши «Тайшет 24».

Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби қатли муҳоҷири тоҷик ҳанӯз маълум нест. Исми ӯ низ нашр нашудааст. Пулис гумонбаронро ҷустуҷӯ мекунад.

Тайшет – маркази маъмурии ноҳияи Тайшет – 32 ҳазор аҳолӣ дошта, дар 680-километрии шимолушарқи Иркутск ва 320-километрии Красноярск ҷойгир шудааст.

Тайшет як маркази бузурги нақлиёти роҳи оҳан ба шумор меравад. Дар вақташ, дар солҳои чилуми асри 20 сохтмони БАМ, бузургтарин лоиҳаи нақлиётии замони СССР, маҳз аз бунёди қитъаи роҳи Тайшет – Братск оғоз ёфта буд. Ин роҳро солҳои аввал маҳбусони ГУЛАГ ва асирони ҷанги дуюми ҷаҳон – япониҳо ва немисҳо месохтанд. Дар солҳои 70 ва 80 БАМ ба “сохтмони зарбдори комсомолӣ” табдил дода шуд, вале то суқути СССР сохтмонаш ба анҷом нарасид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button