ИқтисодТоҷикистон

АКСИ РӮЗ: 3 КОРГАР ВА… 30 РАИС

Як акси дар Фейсбук нашркардаи Парвиз Раҳимзода мавҷи вокунишҳои манфии корбаронро ба бор овард. Дар акс дида мешавад, ки дар як замини кишт се зан каланд мезананд ва як гуруҳи бузурги мардони либоси расмию галстук дар тан, ки шумораашон на камтар аз 30 нафар аст, кори ин се занро ба истилоҳ “назорат” мекунанд. Парвиз Раҳимзода ин аксро “3 КОРГАР vs 500 РАИС” ном гузошта, навиштааст, ки ин лаҳза дар Конибодом аксбардорӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти шаҳрдории Конибодом – муаллифи ин акс – хабар додааст, ки ахиран дар Конибодом бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ ва муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистону дигар олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ семинар-машварати кишоварзони вилояти Суғд доир шудааст. Бино ба ин манбаъ, иштироккунандагони машварат аз ҷумла дар ҷамоати Пӯлодон бо рафти шудгори тирамоҳӣ, яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳои кишт ошно шудаанд.

Дар як акси дигари нашркардаи хадамоти матбуоти шаҳрдории Конибодом дида мешавад, ки як марди деҳқон дар болои дарахт ба буридани навдаҳо машғул аст ва навдабурии ӯро низ як гуруҳи бузурги иштироккунандагони семинар назорат мекунанд.

Parviz Rakhimzoda

Конибодом:

3 КОРГАР vs 500 РАИС

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Баргузории семинар-машварати вилоятии кишоварзон дар Конибодом

Гузаронидани шудгори тирамоҳӣ, яхобмонӣ ва шуршуйӣ асоси баланд бардоштани ҳосилхезии замин аст. Бо ин мазмун бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бо тасмими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинар-машварати вилоятӣ доир гардид. Дар соҳаи кишоварзӣ баъд аз ба итмом расонидани корҳои саҳроӣ, яъне ҷамъоварии ҳосил дар охири тирамоҳ ба зимистон додани поруҳои органикӣ гузаронидани шудгор, ҳамвор кардани замин, гузаронидани яхобмонӣ ва дар заминҳои шӯр гузаронидани шӯршӯӣ яке аз чорабиниҳои асосии деҳқонӣ ба ҳисоб меравад. Дар муҳлатҳои актуалӣ гузаронидани шудгор, яхобмонӣ, шӯршӯӣ ва тавассути он баланд бардоштани ҳосилнокии замин дар семинар-машварати вилоятӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ, муовини якуми вазири кишоварзӣ, масъулини соҳаи кишоварзи, олимону агрономхо ва дигар намоляндагони соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт. Ин чорабинии муҳими кишоварзӣ ҳам дар шакли амалӣ ба таври таҷриба ва ҳам назариявӣ аз тадбирҳои мусоидат ва баланд бардоштани маданияти заминистифодабарист.

Дар асоси маълумотҳои оморӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол дар вилоят наздик 200 миллион метри мукааб аз обҳои заҳбуру заҳкашҳо барои обёрӣ дар вақти яхобмонӣ, обёрии захиравӣ ва шӯршӯии заминҳо истифода бурда мешавад. Тибқи дурнамо соли ҷорӣ бояд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 1000 гектар шӯршӯии замин анҷом дода шавад ва дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корбарӣ оғоз ёфтааст. Дар ҷараёни семинар якбора тарзу усули шинонидани картошка ба таври таҷрибави намоиш дода шуд.

Алҳол дар шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин ба шаклдарории дарахтон низ оғоз ёфта, буриши санитариву саривақтӣ дар ҳамин марҳила аз омилҳои фаровонҳосилӣ дар майдони боғот аст ва барои ин аз рӯзҳои мусоиди боду ҳаво истифода намуд. Дар қисмати назариявии семинар низ роҳу усулҳои тадбирҳои агротехникиву мелоративӣ, шудгору яхобмонӣ, риояи талаботу қоидаҳои кишоварзӣ бо далелҳо илман асоснок карда шуда, ба саҳми иштирокдорон пешниход гардид. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо, семинар-машваратхо барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ғановати бозори кишоварзӣ аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тозаи истеҳсоли худӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button