ВидеоҶомеа

Боздошти 10 ноболиғ ва 16 ҷавон дар интернет-кафеҳои шаҳри Ҳисор

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милитсия дар ҷараёни як рейд дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерии шаҳри Ҳисор 10 р ноболиғ ва 16 ҷавон, аз ҷумла хонандагони мактабҳои миёнаро, ки дар вақту соати дарсӣ ба ҳар гуна бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул буданд, боздошт кардаанд.
«Тавре маълум гардид, аксари онҳо бо баҳонаи ба мактаб рафтан, аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба шуғлҳои беҳудаи зараровар мегузарониданд», – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонуни масъулияти падару модар, чанд сол боз дар соатҳои дарсӣ ба интернет-кафе ва марказҳои бозиҳои компютерӣ рафтани хонандагон мамнӯъ буда, дар соатҳои шабона ба чунин муассисаҳо рафтани ҳамаи сокинони то синни 20 манъ карда шудааст.

Рейди кормандони милитсия дар интернет-кафеҳо камбудиҳоро рӯйи об баровард

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои доимоамалкунандаи Вазорати корҳои дохилӣ ва бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб миёни ноболиғону ҷавонон, кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД дар ҳудуди шаҳри Ҳисор чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд.

Аз ҷумла, тавре рафти ин чорабинӣ маълум сохт, новобаста ба огоҳсозию баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои дур аз мактабу хона, дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерӣ ба ҳар гуна корҳои беҳудаву зараровар машғул гардидани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷаи ин гуна чораандешӣ, аз тарафи кормандони милитсия дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерии ҳудуди ин шаҳр 10 нафар ноболиғ ва 16 нафар ҷавонон, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар вақту соати дарсӣ ба ҳар гуна бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул буданд, боздошт гардиданд.
Тавре маълум гардид, аксари онҳо бо баҳонаи ба мактаб рафтан, аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба шуғлҳои беҳудаи зараровар мегузарониданд.
Мавриди зикр аст, ки чораандешии мазкур, ки пеш аз ҳама бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ карда шуд, ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғонро ошкор намуд. Аз ҷумла, тавре аз рафти баргузории ин гуна чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда аён гардид, ноболиғони зиёд рӯзона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона дар зеҳну тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Албатта, тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегарданд.
Нисбати волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати моликони ин гуна интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерӣ, ки дидаву дониста ноболиғону ҷавонони мактабхонро дар вақту соати дарсӣ ба иншооти худ роҳ додаанд, мувофиқи моддаи 464 иловаи 1-и Кодекси мазкур чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Зимни суҳбат ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидони ноболиғони ба шуъбаи милитсия дастрасшуда, аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар шавад.

Абдулло ШОҲИЁН,
нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button