Муҳоҷирон

ВИДЕО: ДУХТАРИ ТОҶИК БАРОИ НАҶОТИ ХОҲАРИ СЕСОЛААШ ӮРО АЗ ҚАБАТИ СЕЮМ ПАРТОФТ

Шоми 23 ноябр бар асари сӯхтор дар як бинои матрук дар кӯчаи Институтская дар шаҳраки Менделеевои ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав чор кӯдаки муҳоҷирони тоҷик осеб дидаанд. Духтари 14-солаи тоҷик барои наҷоти хоҳари сесолааш ӯро аз қабати сеюми бино партофта, сипас худашро ҳам ҳаво додааст. Дар видеои нашршуда шунида мешавад, ки мардуми ба кумак шитофта ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.

Олга Врадий, намояндаи расмии Раёсати тафтишоти вилояти Маскав гуфт, масоҳати оташ 33 метри мураббаъро ташкил дода, наҷотбахшон дар умум 5 нафар, аз ҷумла 4 кӯдакро аз коми оташ берун кашидаанд: “Дар ҷараёни фурӯ нишондани оташ дар як манзил дар шаҳраки Менделеево чор кӯдаки 14, 3 ва 2-сола ва як кӯдаки ҳафтмоҳа осеб дидаанд. Онҳоро бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз дуд бистарӣ кардаанд ”.

Бино ба иттилои дарёфтии нашрияи «МК»,  сӯхтор тахминан соати 18 дар бинои № 9 дар кӯчаи Институтская рух додааст. Ин биноро бояд вайрон мекарданд, вале чанд оилаи тоҷик дар он барои худ сарпаноҳи муваққат дуруст кардаанд. Сӯхтор дар яке аз манзилҳо дар қабати сеюми бино сар задаааст. Дар ин манзил як оилаи муҳоҷирони тоҷик бо 4 фарзандашон зиндагӣ мекард. Падари хонавода дар Маскав кор мекунад ва ҳафтае як ё ду маротиба ба хона меояд. Модари кӯдакон ва писари 18-солааш барои ҷустуҷӯи кор берун рафта буданд ва дар вақти сӯхтор дар хона набуданд. Дар хона танҳо ду духтари 14-сола ва сесолаи ин оила монда буд.

Шоҳидон диданд, ки аз тирезаи як манзил дар қабати сеюм забонаи оташу дуд берун мешавад ва аз тирезаи дигар як духтар ба кумак даъват мекунад. Ҳамсояҳо ба идораи сӯхторнишонӣ хабар дода, билофосила ба кумак шитофтаанд. Ҳамсояе ки дар қабати дуюм зиндагӣ мекард, ба духтар машварат дод, ки хоҳари хурдсолашро ба поён ҳаво диҳанд ва онҳо ӯро дошта мегиранд. Духтар чунин кард ва хоҳарашро беосеб ҳамсояҳо дошта гирифтанд.

– Худи духтар дар дохили манзил дармонда буд. Мардҳое, ки дар поёни ҷамъ шуда буданд, ба ӯ гуфтанд, ки худашро партояд ва онҳо ӯро медоранд. Азбаски илоҷи дигар набуд, духтар хударо партофт ва мардон дар поён ӯро доштанд. Дар ин ҳангом оташ дигар тамоми манзилро фаро гирифта буд. Сокинони дигар низ ба кӯча баромаданд. Баъди чанд лаҳза сӯхторнишонҳо ва табибон низ расиданд», – нақл кардааст як шоҳид ба «МК».

Духтараки сесоларо бо чанд захми сабуки сӯхтагӣ ва заҳролудшавӣ аз дуд ба бемористон бурдаанд. Ду кӯдак аз манзили воқеъ дар қабати чорумро ҳам ба беморхона бурдаанд, чунки онҳо низ аз дуди сӯхтор заҳролуд шудаанд. Аммо духтари 14-солаи тоҷик, ки хоҳарашро аз марг наҷот дод, ба ҷуз аз тарс дигар осеби ҷиддие набардоштааст.

Сабаби сӯхтор, ба эҳтимоли ғолиб, расиши кӯтоҳи ноқилҳо шудааст, чунки дар он хона телефони мобилро дар «заряд» монда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button