ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОНИ НОБОЛИҒ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21-уми июли соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҷовидов Басирӣ Сангалиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навоӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, дучархарони ноболиғ, Умаров Иброҳим Зиёвудинович, соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти Навоиро пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ, Умаров И.З, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафтиши ҳодиса идома дорад.

 Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button