ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ҲАМСАРИ ШОИР САИДАЛӢ МАЪМУР АЗ КОРОНАВИРУС ҶОН БОХТААСТ, ХУДИ ШОИР НИЗ БИСТАРИСТ

Ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур – Роҳат рӯзи 25 июн дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе, дар синни 72 вафот кардааст. Яке аз пайвандони шоир дар суҳбат бо сомонаи pressa.tj сабаби марги марҳумро сироят ба короновирус номидааст.

“Ҷанозаро рост аз бемористон ба қабристон барда дафн карданд. Маросими дуову фотеҳа дар хонаи шоир бегоҳ баргузор шуд”, -гуфтааст ӯ.

Ба иттилои ин манбаъ, худи Саидалӣ Маъмур, ки 76 сол дорад,  низ бо гумони короновирус бистарӣ шудааст, вале табибон вазъи шоирро муътадил мегӯянд.

Роҳат, ҳамсари Саидалӣ Маъмур, солҳои тӯлонӣ ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст.

Хабари марги ҳамсари шоири шинохта аз коронавирус дар ҳоле расид, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин хабари маргу мири шаҳрвандон аз ин бемориро ҳамчунон рад мекунад.

Ин вазорат, ки баъди қариб 6 моҳи пойфишорона рад кардани вуҷуди мавридҳои нави коронавирус, рӯзи 21 июн билохира расидани мавҷи нави коронавирусро эътироф кард, дар 5 рӯзи охир аз 107 мавриди сироят ба ин беморӣ хабар додааст. Вазорат шоми 26 июн гуфт, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 23 ҳолати нави печидан ба коронавирус сабт шуда, дар айни замон 9 бемор аз ин вирус шифо ёфтаанд. Вазорат мегӯяд, дар соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳолати марг аз коронавирус сабт нашудааст. Вале фақат дар як ҳафтаи охир аз Тоҷикистон хабари марги дастикам 4 шахсияти шинохта аз ин беморӣ расид.

Саидалӣ Маъмур Шоири халқии Тоҷикистон (2003), Корманди шоистаи  Тоҷикистон (1997) ва барандаи ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон (1978) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1996) мебошад.

Шоир  28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан (он вақт Ӯротеппа) ба дунё омада, соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро  хатм кардааст. Ӯ дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор карда, чандин сол муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва ҷонишини мудири Нашриёти «Адиб» ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Офаридаҳояш аз соли 1963 чоп шуда, аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Саидалӣ Маъмур муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба ҳуруфи форсӣ, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) аст. Маҷмӯаҳои «Сӯзанак» (1985), «Навоҳои Гулдара» (1988), «Карчи харбуза» (1993), «Анӯшаҷони ҷони мо» (2004) ва «Алвончак» (2013) ашъори барои кӯдакон офаридаашро фаро гирифтаанд. Маҷмӯаи мақола, тақриз ва сафарномаҳояш бо номи «Сухан аз дӯстон ва устодон» соли 2007 нашр шуда, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёташ соли 2004 китоби дастҷамъии «Одам ба одам зинда аст» ба табъ расидааст.

Ашъори ба русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Жажда» (Маскав, 1977), «Зелёные ветры» (Маскав, 1982), «Берег сердца» (Маскав, 1987), «Середина лета» (Душанбе, 1987), «Сейсмограф сердца» (Маскав, 1990), «Четыре времени любви» (Душанбе, 1992), «Газель сердца» (Маскав, 1994) ба табъ расидаанд.

Китобҳои Т. Зумакулова «Ширмаҳтоб». А.Орифов «Ихлос», А. Оғобоев «Акси садо», Р.Бородулин «Ситораи дидор», Л. Шипахина «Ёдгори шаб», А. Атабоев «Як шоха гул», баёзи шеъри «Сози муғул», «Созҳои бародарӣ» ва намунаҳое аз ашъори Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

 Шеърҳояш ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаҳои алоҳидааш «Турналар» (1991), «Қуёш фарзанди» (2009) ва «Лаҳзаҳои ҷовид» (2009) ба забонҳои ӯзбекӣ ва забонҳои белорусӣ чоп шудаанд. Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон борҳо мунташир гардидаанд.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button