ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БО ХАРҶИ $550 МЛН ДУ НИРӮГОҲ МЕСОЗАНД

Вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов дар мусоҳиба бо нашрияи Kun.uz  бархе тафсилоти созишномаи имзошуда дар мавриди бунёди ду нирӯгоҳ дар рӯди Зарафшон дар шимоли Тоҷикистонро шарҳ дод.  Ин то имрӯз бузургтарин  тарҳи иқтисодиву энергетикиест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон  муштаракан барои сохтанаш иқдом мекунанд.

Созишномае, ки аз номи ҳукуматҳои ду кишвар президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, рӯзи 10 август дар Душанбе имзо карданд, шарту шурути таъсиси ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омода кардани арзёбии фаннию иқтисодии тарҳи сохтмон ва шароити истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшонро муайян мекунад.

Алишер Султонов гуфт, барои бунёди ин ду нирӯгоҳ дар ҳавзаи Зарафшон беш аз 550 миллион доллар харҷ хоҳад шуд. Иқтидори давлатии нирӯгоҳҳои Ёвон ва Фондарё, ба гуфтаи вазири энергетикаи Ӯзбекистон, 1,4 миллиард киловатт-соатро ташкил хоҳад дод.

Алишер Султонов гуфт, ин барнома бояд дар ду марҳала иҷро шавад. Дар марҳалаи аввал бояд нирӯгоҳи Ёвон бо 140 мегаватт иқтидор ва тавони тавлиди 800 миллион киловатт-соат нирӯи барқ бояд сохта шавад. Хароҷоти бунёди нирӯгоҳи Ёвон 282 миллион доллар баровард шудааст.

Дар марҳалаи дуюм Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд нирӯгоҳи Фондарёро бо 135 мегаватт иқтидор ва тавони истеҳсоли 600 миллион киловатт-соат нирӯи барқ бисозанд. Хароҷоти бунёди нирӯгоҳи Фондарёро ҳудуди 270 миллион доллар рақам мезананд.

Алишер Султонов гуфт, сохтмони ин ду нирӯгоҳро ба корхонаи муштараке, ки ду кишвар таъсис хоҳанд дод,  хоҳанд супурд. Тошканду Душанбе умедворанд, ки барои бунёди нирӯгоҳҳо дар дарёи Зарафшон грантҳо ва қарзҳои созмонҳои байналмилалиро ҷалб карда, ҳамчунин сармояеро, ки худ барои таъсиси ҷамъияти саҳҳомии муштарак ихтисос хоҳанд дод, истифода баранд.

Алишер Султонов гуфт, нирӯи барқе, ки нирӯгоҳҳои Ёвон ва Фондарё истеҳсол хоҳанд кард, ду кишвар муштаракан истифода хоҳанд бурд. Вазири энергетикаи Ӯзбекистон гуфт, Ӯзбекистон се сол боз ба сурати мавсимӣ аз Тоҷикистон алакай барқ мегирад, вале на ба қадри дилхоҳ. Барои мисол, аз моҳи май то сентябри соли 2020 Тоҷикистон мебоист тибқи қарордоди имзошуда ба Ӯзбекистон 1,2 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ медод, вале ҳамагӣ 566,7 миллион киловатт-соат барқ дода тавонистааст. Моҳи майи соли 2021 Тоҷикистон барои содироти 270 миллион киловатт-соат нирӯи барқ бо Ӯзбекистон тавофуқ баста буд, вале аз ин миқдор танҳо 197,4 миллион киловатт-соат нирӯи барқ дода тавонистаасту халос. Алишер Султонов иҷро нашудани ин қарордодҳоро ба кам шудани сатҳи об дар дарёи Вахш рабт дод ва иллати табиӣ номид.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард. Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид ва Эмомалӣ Раҳмон Мирзиёевро барои саҳми шоистааш дар рушди равобити ду кишвар ордени Зарринтоҷ, дараҷаи 1 сарфароз гардонд.

Дар даврони Ислом Каримов, Ӯзбекистон шадидан мухолифи бунёди нирӯгоҳҳо дар кишварҳои болооби минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон буд ва чандин сол ба шурӯи сохтмони нирӯгоҳи Роғун сарсахтона мухолифат нишон медод.

Узбекистан и Таджикистан построят две ГЭС на реке Зарафшан. Алишер Султанов сообщил подробности

Kun.uz

В ходе визита Шавката Мирзиёева в Душанбе подписан ряд документов, в частности соглашения о сотрудничестве в сфере энергетики. Корреспондент Kun.uz, освещавший визит, побеседовал с министром энергетики Алишером Султановым.

– Алишер Саидаббосович, какие договоры в сфере энергетики с участием Таджикистана были подписаны главами государства?

– Все мы прекрасно знаем, что значимость энергетического сотрудничества с Таджикистаном очень велика. Велики и наши проекты сотрудничества. В частности, подписано соглашение между правительствами Республики Таджикистан и Республики Узбекистан по строительству гидроэлектростанций в бассейне реки Зарафшан.

На основании этого соглашения, в бассейне реки Зарафшан Республики Таджикистан будет осуществлено строительство гидроэлектростанций в две стадии.

На первой стадии будут выполнены работы по строительству гидроэлектростанции «Яван», мощностью 140 мВт и прогнозируемой стоимостью 282 млн долларов США, которая будет производить в среднем 800 млн кВт/час электроэнергии в год.

На второй стадии будет изучена возможность строительства гидроэлектростанции «Фандарё», мощностью 135 мВт и прогнозируемой стоимостью 270 млн долларов США, которая будет производить в среднем 600 млн кВт/час электроэнергии в год.

Заказчиком проекта будет назначено акционерное общество, созданное с участием сторон. Проект будет финансироваться за счёт займов и грантов международных финансовых организаций, а также собственных средств сторон, внесённых в уставный фонд учреждаемого совместного предприятия.

– К каким изменениям в энергоснабжении Узбекистана приведёт реализация этого соглашения?

– Подписанное соглашение определит стадии и механизм создания совместного предприятия для изучения инвестиционных проектов и подготовки осуществления данных мероприятий.

По поводу вопроса, что это даст энергоснабжению Узбекистана, следует отметить, что строящиеся гидроэлектростанции будут производить 1 млрд 400 млн кВт/час экологически чистой электроэнергии для потребностей Республики Узбекистан.

Кроме того, в период строительства и эксплуатации гидроэлектростанций будут созданы дополнительные рабочие места, будет обеспечен поток электроэнергии на основе паритета для других регионов Узбекистана и Таджикистана.

– Как повлияла засуха на намеченные планы, и будут ли пересмотрены последующие проекты за счёт этого фактора?

– Известно, что Узбекистан в течение трёх лет импортирует сезонную электроэнергию в Республике Таджикистан. Однако, этот показатель импорта сокращается. В том числе, на основании взаимных договоренностей, в мае-сентябре 2020 года был намечен импорт 1,2 млрд кВт/час электроэнергии, но фактически было импортировано меньше – 566,7 млн кВт/час электроэнергии.

Но в этом нельзя никого обвинять. На то есть объективные причины. В реке Вахш резко понизился уровень воды, а после этого снизился уровень в водохранилище Нурек. Согласно договору, подписанному в мае 2021 года, установлен импорт электроэнергии в размере 270,0 млн кВт/час, а фактически импортировано 197,4 млн кВт/час.

Эти природные факторы, конечно, будут учтены во взаимных договорах и расчётах.

Беседовал Аброр Зохидов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button