Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҚАРЗДОР БУД… ОДАМКУШӢ ДАР БОЗОРИ КӮЛОБ

Як сокини 32-солаи  шаҳри Кӯлоб бо гумони одамкушӣ дастгир  шудааст. ВКД гуфт, рӯзи 7 июн, соати 15:30, дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб як ҷавони  25-солаи сокини Кӯлоб, ки гумонбаршаванда аз ӯ қарздор будааст, аз вай баргардондани пулашро талаб кардааст. Дар заминаи пули қарз байни онҳо ҷанҷол сар мезанад ва гумонбаршаванда ба қафаси синаи ҷабрдида як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Ба зидди марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххх

Асри 7 июн, тахминан соати 19:00, як ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод, бо ҳамдеҳаи 23-солааш ҷанҷол карда, ӯро як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Инчунин, сокини 30-солаи ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки соати якуними шаби 6 июн, дар назди пули кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт дар ҳолати мастӣ марди 35-солаи сокини ҷамоати Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро  латту кӯб карда, бо санг ба сараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдидаро бо осеби вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

ххххххххххх

Як ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ шаби 3 июн, тахминан соати 22:00, дар  хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё сохта, хонаро ба як ҷуфти 20-сола, ҳарду сокинони пойтахт иҷора дода, аз онҳо 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ  шоми 4 июн, тахминан соати 20:00, ба ҷавони 22 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони ноҳияҳои Темурмалик ва Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё намуда, аз онҳо низ 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Ӯ бо айни шева асри 7 июн, тахминан соати 18:00, аз ҷавони 23 ва ҷавонзани 23-солаи ҳарду сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ дар манзилаш 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ба ин ҷавон барои ташкили фоҳишахона ҷарима ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ҷавони 25-сола дар натиҷаи захми корд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 15:20-дақиқа, дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур бинобар сабабе, ки гумонбаршаванда аз ҷабрдида маблағи пулӣ қарздор будааст, аз номбурда баргардонидани маблағи пулиашро талаб кардааст. Сипас, онҳо байни ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷавони 25-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

Рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 19:00, ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод, бо ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 1-маротиба ба бадани ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Кӯлоб, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми июни соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, ҳангоми дар назди пули мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо санг ба сараш задааст.
Дар натиҷа, номбурда зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 25-сола бо ҷурми ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми июни соли 2021, тахминан соати 22:00, хонаи истиқоматиашро ба ҷавони 20 ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ 4-уми июни соли 2021, тахминан соати 20:00, ба ҷавони 22 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони ноҳияҳои Темурмалик ва Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамзамон, номбурда бо ҳамин роҳ рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 18:00, ба ҷавони 23 ва ҷавонзани 23-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 220 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Эълон!

Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо аз 5 то 15 июни соли 2021 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад.
Муҳтарам ронандагон, падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ!
Талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар poҳpo риоя намоед!
Бa кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракатро фаҳмонида, риояи ҳатмии онҳоро талаб намоед.
Шаҳрвандони азиз!
Ҳаёти худ ва фарзандонатонро дар роҳ зери хатар нагузоред!

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button